Перейти к содержимому

Чанд ҷумла ба баҳонаи зодрӯз

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Аввалан, бар худ воҷиб медонам, аз так-таки дӯстон ба хотири табрикоташон ва он ҳама лутфу муҳаббатҳое, ки нисбат ба ин банда иброз фармуданд, тақдиру ташаккур намоям.

Ва сониян, мисли солҳои пешин, ба муносибати зодрӯз, мехоҳам чанд ҷумла бинависам:

1) Инсон, ҳар аз гоҳе, бояд худашро дар маърази баррасии худ қарор бидиҳад, ба ин маъно, ки масалан, афкору андешаҳоеро, ки ба онҳо боварманд аст, як бор зеру рӯ кунад ва бибинад, оё воқеан ба онҳо эътиқод дорад (яъне эътиқодаш аз пояҳои муҳками ақлӣ ва мантиқӣ бархӯрдор аст) ё ба тақлид аз падарон ва гузаштаҳо қабулашон карда ва ба онҳо гароида? Ва ё масалан, ҳадафҳоеро, ки дар зиндагӣ пеши рӯи худ гузошта ва барои расидан ба онҳо талош мекунад, оё ин ҳадафҳо ҳадафҳои инсонӣ ва бархоста аз инсонияти инсон аст, ё ношӣ аз ҷанбаи ҳайвонии инсон?

Хулоса, инсон ниёз дорад ҳар аз гоҳе худашро ғарбел кунад, ва чӣ рӯзе беҳтар аз рӯзи таваллуд барои ин кор!

2) Ин кор — яъне кори бознигарӣ ва таҷдиди назар — бахусус дар эътиқодот воҷибтар аст. Масалан, агар шумо худро мӯътақид ба вуҷуди Худо медонед, пас, ба дунболи ёфтани посух ба ин пурсиш шавед, ки чаро ва ба кадом далел шумо Худобоваред на атеист? Шояд он чи як атеист мегӯяд рост бошад!

Дуруст аст, ки инҳо навъе шакканд, аммо ҳамин шакку шубаҳот аст, ки саранҷом шуморо ба манзилгоҳи яқин мерасонад. Ба сухани дигар, шакк вақте шуморо водор ба кандуков ва таҳқиқ кунад, ин навъ шакк на танҳо нописанд нест, балки матлуб аст. Он шакке, ки нописанд аст ва дар ислом ба шиддат аз он наҳй шуда, шаккест, ки соҳибашро водор ба таҳқиқ накунад ва ӯ тарҷеҳ диҳад, ки дар ҳолати шакк боқӣ бимонад. Ин навъ шакк, бисёр нописанд аст, на он шакку тардиде, ки шуморо ба манзилгоҳи яқин бирасонад.

На танҳо дар маҷоли вуҷуди Худо, балки дар соири эътиқодот низ мисли нубувват (паёмбарӣ), бояд ҳамин корро кунем. Аз таҷрибаи худам бароятон бигӯям. Банда, ҳар замон Қуръони Карим ба даст мегирам ва шурӯъ ба хондан мекунам, фарзро бар ин мегирам, ки ин китоб, ки дорам мехонам, сохта ва пардохтаи шахсе ба номи Муҳаммад (с) аст, на ваҳйи илоҳӣ. Сипас, ва дар аснои хондан, ҳазрати Паёмбар (с) ва муҳите, ки дар он бузург шудаастро пеши назар қарор медиҳам. Баъд, вақте дар так-таки оятҳо тааммул ва дар маънои онҳо меандешам, пешам яқин ҳосил мешавад, ки маҳол аст ин суханон ва ин мазомин ва ин маъонӣ тавассути як инсон гуфта шуда бошанд, ва тоза, инсоне, ки на саводи хондан медонист ва на саводи навиштан ва ҳеч устоде ҳам надида ва дар муҳите бузург шуда, ки аз ҳеч навъ тамаддуне бархӯрдор набуд, ва ҷуз шутуру шири шутуру малаху саҳро чизе намешинохт, ва ба қавли Ҳофиз:

Нигори ман, ки ба мактаб нарафту хат нанавишт,

Ба ғамза масъалаомӯзи сад мударрис шуд.

Ин ҷоҳост, ки пеши инсон, дигар кучактарин шакку тардиде дар осмонӣ будан ва ваҳйи илоҳӣ будани ин китоб боқӣ намемонад, ва барояш яқин пайдо мешавад, ки ҳазрати Муҳаммад (с) фиристодаи Худост ба сӯи башарият барои ҳидояти онҳо.

3) Мо, гоҳе “ҷумуд” (шахшудагӣ)-ро бо яқин иштибоҳ мегирем. Хелеҳо фикр мекунанд нисбат ба ақоидашон яқин доранд, аммо вақте андаке таваҷҷӯҳ шавад, мебинед ин ҷумуд аст, на яқин. Зеро яқин — ки маротибе дорад; аз поинтарин мартиба то болотарин мартибаи он – ҳаргиз соҳибашро “истода” нигаҳ намедорад, балки ҳамеша ӯро ба ҷилав ҳаракат медиҳад. Масалан, агар дорои як мартиба аз маротиби яқин аст, ӯро водор мекунад ба мартибаи болотари яқин ҳаракат кунад ва дар якҷо ва як нуқта наистад.

Ҳазрати Иброҳим (а), ки паёмбари Худост, магар ба зинда шудани пас аз марг имон надошт?! Қатъан дошт. Аммо боз мехоҳад бар яқину бовараш ба зинда шудани мурдагон афзуда шавад:

وَإِذْ قَالَ إِبْرَاهِيمُ رَبِّ أَرِنِي كَيْفَ تُحْيِي الْمَوْتَىٰ ۖ قَالَ أَوَلَمْ تُؤْمِن

Ва (ба ёд овар) он ҳангомеро, ки Иброҳим гуфт: парвардигоро! Бароям нишон бидеҳ чӣ гуна мурдагонро зинда мекунӣ? (Худо) гуфт: оё имон надорӣ?..” Яъне оё ту эътиқод надорӣ ба ин, ки Худо дар рӯзи растохез мурдагонро зинда мекунад?

Ҳоло бибинед, ҳазрати Иброҳим чӣ ҷавобе медиҳад:

قَالَ بَلَىٰ وَلَٰكِن لِّيَطْمَئِنَّ قَلْبِي

(Иброҳим) гуфт: бале, (имон дорам), ва лекин мехоҳам итминони қалбиам (бар ин амр) бештар гардад…” (Сураи Бақара, ояти 260)

Хулоса, яқину имон ҳамеша дар ҳаракат ҳастанд; ҳаракат аз нуқтае поинтар ба сӯи нуқтаи болотар.

4) Ҳамон тавр ки лозим аст инсон дар ақоиду боварҳояш таҷдиди назар ва бознигарӣ кунад, дар рафторҳо ва мавзеъгириҳо ва бахусус мавзеъгириҳои сиёсиаш низ бознигарӣ ва онҳоро мавриди баррасии худ қарор бидиҳад. Дар ин бора дар як фурсати дигар бо азизон баҳс хоҳам кард, феълан ҳамин миқдор, ки арз кардам, кофист.

Боз дар поён, тақдиру ташаккури худро ба яко-яки дӯстон иброз медорам, саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: