Перейти к содержимому

Уламои дарборӣ аз забони Паёмбари Акрам (с)

Дар чанд ояти қуръонӣ ва чандин ривоятҳои набавӣ уламои диние, ки ба масъулияти худ амал намекунанд ва бетафовутанд ва камар ба хидмати ҳуккоми ситампеша ва хоин бастаанд, ба унвони зишттарин афроди рӯи олам муаррифӣ шудаанд. Боризтарин намунаи онҳо, Балъам ибни Боъурост, ки зикраш дар Қуръони Карим омада.

Дар инҷо чанд ҳадис аз ҳазрати Паёмбар (с) дар ин хусус меоварам:

1) Ибни Адий аз Абӯҳурайра (р) ривоят кардааст, ки ҳазрати Паёмбар (с) фармоянд:

إن في جهنم وادياً تستعيذ منه كل يوم سبعين مرة، أعده الله للقراء المرائين في أعمالهم وإن أبغض الخلق إلى الله عالم السلطان

Дар ҷаҳаннам водие ҳаст, ки (аз ваҳшату даҳшати он) ҳамарӯза ҳафтод бор ба Худо паноҳ меоваранд. Ин водиро Худованди Мутаъол барои қориёне омода кардааст, ки дар амалҳои худ риё мекунанд. Ҳамоно, манфуртарин ва зишттарини мардумон ба Худо, олими дарборӣ аст.”

(Аз Ибни Адий дар “Алкомил” (2/468), ва низ Ибни Ҷавзӣ дар “Илал” (1/133) ва ҳамчунин Табаронӣ дар “Кабир” (12803))

2) Ибни Моҷа аз Абӯҳурайра (р) ривоят мекунад, ки ҳазрати Хатмимартибат (с) фармоянд:

إن أبغض القراء إلى الله تعالى الذين يزورون الأمراء

“Манфуртарини қориён ба Худои Мутаъол, касоне (аз эшон) ҳастанд, ки амиронро зиёрат мекунанд.”

(Ибни Моҷа (256), ҳамчунин Тирмизӣ (2383) ва дигарон.)

Мурод аз амирон, амирони ситампеша ҳастанд, ва манзур аз “зиёрати онҳо” яъне дар хидмати онҳо будан ва ё барои касби мақом ва ё ба даст овардани матъои ночизе, пеши онҳо рафтан аст.

3) Дайламӣ дар “Муснадул-Фирдавс” аз Абӯҳурайра (р) ривоят карда, ки ҳазрати Расули Акрам (с) фармояд:

إذا رأيت العالم يخالط السلطان مخالطة كثيرة فاعلم أنه لص

Ҳар гоҳ олимеро дидӣ, ки бо ҳоким (-и ситампеша) бисёр меомезад ва бо вай ихтилот дорад, пас бидон, ки ӯ як дузд аст.”

(Муснадул-Фирдавс, 1077, ва ҳамчунин “Заъифул-ҷомеъ” 599.)

4) Ибни Моҷа бо санаде (ки мегӯянд ровиёнаш ҳама сиқа ҳастанд) аз Ибни Аббос (р) ривоят мекунад, ки ҳазрати Паёмбари Акрам (с) фармоянд:

إن أناسا من أمتي سيتفقهون في الدين، ويقرؤون القرآن، ويقولون نأتي الأمراء، فنصيب من دنياهم، ونعتزلهم بديننا ولا يكون ذلك كما لا يجتني من القتاد إلا الشوك، كذلك لا يجتنى من قربهم إلا الخطايا

Мардумоне аз уммати ман хоҳанд буд, ки дар дин фақеҳ мегарданд ва Қуръон мехонанд ва мегӯянд: мо назди амирон (-и ситампеша) меойем (яъне дар хидмати онҳо хоҳем буд); пас, аз дунёи онҳо чизе ба даст меоварем, вале дар масоили динӣ, аз онҳо канорагирӣ мекунем.” (Сипас ҳазрати Паёмбар (с) дар идома мефармоянд:) Ин аслан имконпазир нест. Зеро, чунонки аз дарахти хордор наметавон ҷуз хор чид, ҳамчунин аз наздикӣ бо ҳуккоми ситампеша наметавон ҷуз гуноҳон чид.”

(Ибни Моҷа (255)

5) Тирмизӣ дар ҳадисе саҳеҳ ва низ Насоӣ (ки Ҳоким саҳеҳаш шумурда) ва ҳамчунин шуморе дигар аз муҳаддисон ривоят кардаанд, ки Паёмбари Акрам (с) фармоянд:

سيكون بعدي أمراء، فمن دخل عليهم فصدقهم بكذبهم، وأعانهم على ظلمهم، فليس مني، ولست منه، وليس بوارد علي الحوض، ومن لم يدخل عليهم، ولم يعنهم على ظلمهم، ولم يصدقهم بكذبهم، فهو مني، وأنا منه، وهو وارد علي الحوض

Дар оянда ҳокимон (-и ситампешае) пас аз ман хоҳанд омад. Пас, ҳар ки бар онҳо ворид шавад (ва дар хидмати онҳо бошад) ва дурӯғи онҳоро таъйид ва бар ситамашон онҳоро кӯмак намояд, ӯ аз ман нест ва ман ҳам аз ӯ нестам ва бар ҳавз (-и Кавсар) бар ман ворид нахоҳад шуд. Аммо касе, ки бар онҳо ворид нашавад ва онҳоро бар зулмашон ёрӣ нанамояд ва дурӯғи ононро таъйид накунад, ӯ аз ман аст ва ман ҳам аз ӯ ҳастам, ва ӯ бар ҳавз бар ман ворид шавад.”

(Аҳмад (3/321), Тирмизӣ (609), Насоӣ (7/161), Ибни Ҳаббон (1/248), Ҳоким (1/79) ва дигарон.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: