Барномаи зиндагӣ

Аз суханони ҳазрати Паёмбари Акрам (с)

* Ҳар ки тавозӯъ кунад, Худо ӯро то осмони ҳафтум боло барад, ва ҳар ки кибр варзад, Худояш то замини ҳафтум фурӯ барад.

* Дар баробари фурӯтанон тавозӯъ кунед, вале дар муқобили мутакаббирон такаббур намоед.

* Бо аҳли тавозӯъ фурӯтан бошед, ки ин фурӯтанӣ садақа аст, ва бо гарданкашон бузургӣ кунед, ки ин такаббур ибодат аст.

* Болотарин тавозӯъ он аст, ки ба ҳар мусалмон салом кунед ва ба пойини маҷлис тан диҳед.

* Ҳар неъмате мавриди ҳасад аст ҷуз соҳиби тавозӯъ. Уфтодагӣ аз ахлоқи паёмбарон аст ва кибр аз сифоти кофирон ва фиръавнманишон.

* Мабодо барои тавонгарон хузӯъ кунед, ки ҳар кас дар баробари сарватманде (барои сарваташ) курниш кунад, баҳраи биҳишташ аз каф биравад.

* Рӯзи қиёмат амале беҳтар аз хушхулқӣ дар мизони кас наниҳанд. Парҳезкорӣ ва хӯйи хуш, беш аз ҳар чиз маро ба биҳишт мебарад.

* Додрасии мазлум ва рафъи ғуссаи андӯҳгин, аз каффораҳои гуноҳони бузург аст.

* Анҷомдиҳандаи хайр аз худи хайр беҳтар аст, ва анҷомдиҳандаи шарр аз худи шарр бадтар.

* Аз рафоқати аҳмақ бипарҳез, ки чун хоҳад суд бахшад, зиён мерасонад. Ва бо дурӯғгӯ дамсоз машав, ки чун сароб дурро дар назар наздик ва наздикро дур менумояд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.