Сиёсат

Дар дидори дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо ҳамтои эрониаш чӣ гузашт? (Тасовир)

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, дар дидор бо ҳамтои тоҷикаш, беҳтарин ва муассиртарин роҳи муқобила бо тафаккуроти ифротӣ ва такфириро “табйин ва тарвиҷи саҳеҳи ислом” хонд ва хотирнишон кард: “Тарвиҷи исломи доъишӣ аз роҳбурдҳои Омрико ва режими саҳюнистӣ барои густариши исломҳаросӣ ва эҷоди ихтилоф, ҷанг ва бӯҳрон дар кишварҳои исломии минтақа аст.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Муҳаммадалӣ Ватанзода, дабири (котиби) амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ширкат дар 2-умин нишасти амнияти минтақаӣ дар садри як ҳайати баландпояи амниятӣ ба Эрон сафар кардааст, баъд аз зуҳри дирӯз (сешанбе, 17 декабр), бо дарёбон Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дидор ва перомуни масоили дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ кард.

Шамхонӣ дар ин дидор, бо ишора ба иштирокоти фаровони фарҳангӣ, қавмӣ, динӣ ва забонии Эрон ва Тоҷикистон тасреҳ кард: “Ҳеч маҳдудияте дар тавсиъаи равобит ва ҳамкориҳои дуҷониба надорем.”

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо истиқбол аз ҳузури ҳамтои тоҷикаш дар 2-умин нишасти гуфтугӯи амнияти минтақаӣ дар Теҳрон, бар ҳамкории ду кишвар дар муқобила бо хатари эҳёи муҷаддади ДОЪИШ ва густариши он таъкид кард.

Шамхонӣ, беҳтарин ва муассиртарин роҳи муқобила бо тафаккуроти ифротӣ ва такфириро “табйин ва тарвиҷи саҳеҳи ислом” хонд ва хотирнишон кард: “Тарвиҷи исломи доъишӣ аз роҳбурдҳои Омрико ва режими саҳюнистӣ барои густариши исломҳаросӣ ва эҷоди ихтилоф, ҷанг ва бӯҳрон дар кишварҳои исломии минтақа аст.”

Дабири (котиби) Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин мулоқот, нишасти гуфтугӯи амнияти минтақаиро, ки бо мавзӯи Афғонистон баргузор мешавад, рухдоде муҳим барои кӯшишҳои муштарак дар хусуси яке аз муҳимтарин чолишҳои амниятии минтақа унвон кард.

Ватанзода бо ишора ба марзҳои муштараки тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон, ноамнӣ дар ин кишварро бар амнияти миллии Тоҷикистон таъсиргузор унвон кард ва изҳор дошт: “Набояд гузошт, ки як гурӯҳи теруристии ифротӣ ба номи ислом, кишвари Афғонистонро ноамну бесубот кунанд ва минтақаро бо чолишҳои амниятии фазоянда рӯ ба рӯ созанд.”

Вай бо таъкид бар зарурати ҳамкории муштараки ду кишвар дар заминаҳои мухталиф, хостори ҷилавгирӣ аз таъсиргузории тарафҳои севвум бар равобити Эрон ва Тоҷикистон шуд.

* * *

Ватанзода: “Эҳтимоли шаклгирии ҳукумати мустақил аз сӯи гурӯҳҳои теруристӣ дар шимоли Афғонистон ҷиддӣ аст”

Муҳаммадалӣ Ватанзода, дабири Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз (чаҳоршанбе, 18 декабр) дар суханоне дар 2-умин нишасти гуфтугӯи амнияти минтақаӣ дар Теҳрон, амнияти Афғонистонро бо амнияти кишварҳои минтақа бавежа ҳамсоягони ин кишвар дарҳам танида донист ва гуфт: “Бояд бо ҳамкории ҷамъӣ ба беш аз 40 сол ҷангу ноамнӣ дар Афғонистон поён дода шавад.”

Вай, бо ибрози нигаронӣ аз густариши фаъолияти гурӯҳҳои теруристӣ дар шимоли Афғонистон, ин рухдодро таҳдиде рӯ ба афзоиш барои амнияти Осиёи Марказӣ зикр кард ва изҳор дошт: “Бо таваҷҷӯҳ ба густариш ва тасбити ҳузури ин гурӯҳҳо дар шимоли ин кишвар, эҳтимоли шаклгирии ҳукумати мустақил аз сӯи гурӯҳҳои теруристӣ дар ин минтақа ҷиддӣ аст.”

Дабири Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дод: “Фақр ва тавсиъанаёфтагӣ яке аз далоили аслии муваффақияти гурӯҳҳои теруристӣ дар сарбозгирӣ аз мардуми минтақа ва афзоиши нуфузи онҳо дар вилоятҳои шимолии Афғонистон аст.”

Лозим ба ёдоварист, 2-умин нишасти гуфтугӯи амнияти минтақаӣ субҳи имрӯз (чаҳоршанбе, 18 декабр) бо ҳузури дабирон ва мушовирони амнияти миллӣ ва мақомоти олии амниятии кишварҳои Эрон, Русия, Чин, Ҳинд, Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оғоз ба кор кард.

Тасовире аз мулоқоти дабири Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамтои эрониаш:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.