Сиёсат

Моҳотир Муҳаммад: “Эрон дар мудирияти фишорҳои хориҷӣ бисёр муваффақ будааст, ки мо бояд аз ӯ ёд бигирем”

Моҳотир Муҳаммад, нахуствазири Молезӣ, дар дидор бо раисиҷумҳури Эрон, бо баёни ин ки мо мӯътақидем Эрон ба рағми фишорҳои Омрико ва Урупо масири худро тай мекунад, изҳор дошт: “Эрон дар мудирияти фишорҳои хориҷӣ бисёр муваффақ будааст, ки мо бояд аз ӯ ёд бигирем.”

Ба гузориши хабаргузории Isna, дуктур Ҳасани Руҳонӣ, ки барои ширкат дар Нишасти исломии Куоло-ломпур ба Молезӣ сафар кардааст, имрӯз (чаҳоршанбе, 18 декабр) дар дидор бо Моҳотир Муҳаммад, нахуствазири ин кишвар, таъкид кард: “Ҳамкории кишварҳои мусалмон барои муқобила бо фишори қудратҳои бузург зарурӣ аст.”

Вай афзуд: “Бисёре аз мушкилоти мусалмонон ба далели дахолатҳои Омрико мисли таҳрим алайҳи Эрон, аст.”

Руҳонӣ бо баёни ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ду соли гузашта зери фишори таҳримҳои якҷониба ва золимона будааст, гуфт: “Таҳрими Омрико алайҳи Эрон бо вуҷуди қатъномаи 2231-и Созмони Милали Муттаҳид иҷро шудааст ва Омрико бидуни далел ва баҳона, аз тавофуқи Барҷом хориҷ шуд.”

Раисиҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки Омрико дар таҳрим алайҳи Эрон ба далели муқовимати мардум, номувафақ будааст, гуфт: “Дар 5 моҳи гузашта ба рағми фишорҳои ҳаддиаксарии Омрико, мо тавонистаем вазъи иқтисодии худро беҳтар кунем.”

Руҳонӣ бо ишора ба аҳаммияти равобит бо Молезӣ барои Ҷумҳурии Исломии Эрон, бар тавсиъа ва таъмиқи равобит бо ин кишвар дар ҳамаи заминаҳо таъкид кард ва афзуд: “Ду кишвар бояд ҳамкориҳои илмӣ ва фанноварии худро густариш диҳанд ва ҳавзаҳои энержӣ, санъат ва гардишгарӣ, ҳамкориҳои дарёӣ, ҳавзаи фанноварии иттилоот, метавонад арсаҳои хубе барои ҳамкорӣ миёни ду кишвар бошад.”

Раисиҷумҳури Эрон бо баёни ин ки таҳрим наметавонад иродаи моро барои тавсиъаи ҳамкориҳо таҳти таъсир қарор диҳад, афзуд: “Теҳрон ва Куоло-ломпур метавонанд дар арсаҳои пизишкӣ, ки аз таҷрибаи болое бархӯрдор ҳастанд, бо якдигар мушорикат кунанд.”

Руҳонӣ бо тарҳи пешниҳоди ҳамкории санъатии ду кишвар барои доштани як бренди муштарак, тасреҳ кард: “Минтақаи озоди Ҷоск дар ҷануби Эрон барои ҳамкорӣ ва сармоягузории муштарак омода аст.”

Раисиҷумҳури Эрон бо ибрози умедворӣ ба ин ки Нишасти исломии Куоло-ломпур барои ҳалли мушкилот ва масоили кишварҳои исломӣ муфид бошад, афзуд: “Ингуна иҷлосҳо метавонад дар ҳаллу фасли мушкилоти мусалмонон бавежа дар Ховари Миёна муассир бошад.”

Нахуствазири Молезӣ низ дар ин дидор бо таъкид бар тавсиъаи ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо, гуфт: “Эрониҳо мавриди ҳимояти мо ҳастанд ва барои густариши тиҷорат ва ҳамкорӣ миёни ду тараф иродаи ҷиддӣ дорем.”

Моҳотир Муҳаммад бо ишора ба таъсири таҳримҳои Омрико бар ҳамкориҳои тиҷории ду кишвар, гуфт: “Барои афзоиши дубораи ҳамкориҳои тиҷории ду кишвар талош мекунем ва барои ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои улум ва фанноварӣ омодаи ҳамкорӣ ҳастем.”

Нахуствазири Молезӣ бо баёни ин ки мо ҳамвора таҳти фишори қудратҳои бузург будаем , гуфт: “Таҳрими ғайриқонунии Эрон, ки бар хилофи қавонини Созмони Милал астро маҳкум мекунем.”

Моҳотир Муҳаммад бо баёни ин ки мӯътақидем Эрон ба рағми фишорҳои Омрико ва Урупо масири худро тай мекунад, изҳор дошт: “Эрон дар мудирияти фишорҳои хориҷӣ бисёр муваффақ будааст, ки мо бояд аз ӯ ёд бигирем.”

Нахуствазири Молезӣ дар идома Нишасти исломии Куоло-ломпурро фурсате барои табодули таҷриба миёни кишварҳои исломӣ донист ва афзуд: “Мо равобити тиҷорӣ ва иқтисодии худро бо Эрон идома хоҳем дод.”

Моҳотир Муҳаммад таъкид кард: “Шиори Молезӣ иттиҳод ва қудрати исломӣ аст, то мӯҷиби пойдорӣ дар баробари душманон бошад ва мо бояд табодули иттилооти таҷрибаи худро дар заминаҳои мухталиф дунбол кунем.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.