Иқтисод

Таъсиси ситоди “Ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон” (видео)

“Ҷунбиши Мардумии Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон” ва “Анҷумани Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо” аз таъсиси ситоде таҳти унвони “Ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон” парда бардоштанд.

Шарофиддин Гадоев, раҳбари “Ҷунбиши Мардумии Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон”, дар суханоне, бо эълони таъсиси ин ситод, ёдовар шуд, ки таъсиси “Маркази миллии протсессингӣ” аз тарафи Бонки Миллии Тоҷикистон, на ба суди муҳоҷирон аст ва на ба суди миллат, балки танҳо ба манфиати хонавода аст.

Машрӯҳи суханони Шарофиддин Гадоев:

Гуфтанист, Бонки Миллии Тоҷикистон ахиран аз шаҳрвандон хост, аз хадамоти шабакаҳои интиқоли пул мисли “Золотая корона” даст кашанд. Ва ин дар ҳоле аст, ки беш аз 80 дарсади пули муҳоҷирон ба воситаи “Золотая корона” ба Тоҷикистон интиқол меёфт.

Ва бо ин, ки мақомоти Бонки Миллӣ ҳадаф аз ин тасмимро “пешгирӣ аз пулшӯӣ” ва “беосеб расондани пули муҳоҷирон ба наздиконашон” қаламдод карданд, аммо бино бар назари коршиносон, ҳадафи асосӣ, дар инҳисори худ даровардани интиқоли пул будааст. Ба гуфтаи онҳо, танҳо дар 9 моҳи ахир аз Русия ба Тоҷикистон, ҳудуди 2,5 милёрд дулор фиристода шудааст.

#муҳоҷири_меҳнатӣ #золотая_корона #на_ба_тасмими_БМТ #на_ба_инҳисори_интиқоли_пул #на_ба_поймол_шудани_ҳуқуқи_муҳоҷирон #на_ба_монополияи_даромади_молии_муҳоҷирин

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.