Сиёсат

Чаро Нишасти исломии Молезӣ боиси хашми Арабистони Саудӣ ва ҳароси Исроил гардид?

Баргузории Нишасти исломӣ дар Куоло-ломпури Молезӣ (Малайзия) илова бар ин ки хашми шайхнишинон бавежа саудиҳоро ба дунбол дошт, мӯҷиби ҳароси саҳюнистҳо аз натоиҷи он шудааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Аларабӣ Алҷадид, раҳбарон ва намояндагони чандин кишвари исломӣ, ба пойтахти Молезӣ барои ширкат дар як нишасти исломӣ омаданд. Дар ин нишаст, сарони Молезӣ, Эрон, Туркия ва Қатар ҳузур доранд ва ин нишаст ҳароси саҳюнистҳоро ба дунбол доштааст. То кунун ҷузъиёте дар бораи ин нишаст мунташир нашудааст, аммо мавзӯи Кашмир, авзои Ховари Миёна бавежа Сурия ва Яман ва низ мусалмонони Руҳингиё дар Миёнмор ва уйғурҳо ва низ падидаи исломҳаросӣ дар дунё, меҳвари ин нишаст хоҳад буд.

Он гуна ки Reuters гузориш додааст, Моҳотир Муҳаммад, нахуствазири Молезӣ ва Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар ин нишаст, ки аз имрӯз (чаҳоршанбе, 18 декабр) шурӯъ ва чаҳор рӯз идома хоҳад дошт, ба баёни дидгоҳҳои худ хоҳанд пардохт.

Чаро Имронхон аз ширкат инсироф дод?

Имронхон, нахуствазири Покистон, ки аз ҳомиёни аслии баргузории ин нишаст буд, баногоҳ дар охирин лаҳза тасмим ба адами ҳузур гирифт, ки гуфта мешавад ин тасмими Имронхон ба далели фишорҳои шайхнишинон бавежа Арабистони Саудӣ будааст бахусус ки вай рӯзи якшанбе ба Арабистон рафт ва бо Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ дидор карда буд.

Дар нишасти Куоло-ломпур Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ва Шайх Тамим бен Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар ҳам мушорикат доранд.

Ҳароси саҳюнистҳо

Ин дар ҳолест, ки саҳюнистҳо эҳтимол додаанд, ки ин нишаст мавозеи тунде алайҳи режими “Исроил” иттихоз кунад ва далели онро мавозеи Моҳотир Муҳаммад дар ҳимоят аз фаластиниҳо донистаанд.

Маркази мутолеотии саҳюнистӣ, ки риёсати онро Дурӣ Гулъид, муовини асбақи вазири хориҷаи “Исроил” бар ӯҳда дорад, эълом кардааст, ки ҳайате аз Ҳамос ба риёсати Исмоил Ҳаниа дар ин нишаст мушорикат хоҳад кард.

Ин маркази саҳюнистӣ таъкид кардааст: “Кишварҳои ширкаткунанда намояндаи садҳо милюн мусалмон ҳастанд ва ҳамкории ин кишварҳо вазнаи сиёсии қобили таваҷҷӯҳе эҷод мекунад. Ин нишаст бояд аз сӯи Телавив ба диққат зери назар гирифта шавад бавежа, ки раисиҷумҳури Эрон ҳам дар он ширкат дорад.”

Ин нишаст роҳҳои ҳамкорӣ миёни кишварҳои исломӣ ва роҳҳои муқобила бо исломситезиро низ мавриди ройзанӣ қарор хоҳад дод.

Аҷиб он ки саудиҳо ба маҳзи эъломи ин нишаст, аз тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамлаи шадидеро ба он шурӯъ карданд. Риёз аз он ҳарос дорад, ки ин нишаст ҷойгоҳи саудиҳоро дар маърази хатар қарор диҳад ва ба унвони ҷойгузине барои Созмони ҳамкории исломӣ, ки мақарри он дар Арабистон аст, матраҳ шавад, ҳарчанд ки Моҳотир Муҳаммад онро ба шиддат рад ва эълом кардааст, ки ин нишаст ҷойгузини нишасти Созмони ҳамкории исломӣ нест.

Абдулборӣ Атвон, рӯзноманигори машҳур, дар матлабе дар Раъюл-явм дар ин бора овардааст: “Аҳаммияти Нишасти исломии Куоло-ломпур, ки имрӯз бо ҳузури сарон ва намояндагони 6 кишвари исломӣ дар пойтахти Молезӣ оғоз ба кор мекунад, фақат дар ин нест, ки ба манзилаи ҳастаи эътилофи ҷадиди исломӣ аст, ки аъзои он мехоҳанд ҷойгузини Созмони ҳамкории исломӣ шавад, балки аз ин назар, ки бо ба ҳошия бурдани кишварҳои кучаку бузурги арабӣ, раҳбарии ҷаҳони исломро аз онҳо мегирад ва онро ба раҳбарии ҷадид эъто мекунад. Мақсуди мо, бархе кишварҳо монанди Арабистон, Миср, Мағриб, Судон ва Алҷазоир ва ҳамчунин Сурия ва Ироқ аст. Ҳамаи ин кишварҳо ба таври комил аз ин арса дур шудаанд ва аз раҳбарони онҳо барои ҳузур дар ин нишаст даъват ба амал наомадааст.”

Вай менависад: “Ба ин мавзӯъ намепардозем, ки Имронхон, нахуствазири Покистон пас аз сафари ғофилгиркунанда ба Риёз ва ба иллатҳое, ки ҳанӯз мушаххас нест, дар ин нишаст ҳузур намеёбад. Он ҳам дар ҳоле, ки вай аз муҳимтарин муассисони ин эътилоф буд. Ин эътиқод вуҷуд дорад, ки шояд мавзӯъҳои пулӣ ва молӣ, яке аз муҳимтарин иллатҳои поин будани сатҳи намояндагии Покистон дар ин нишаст бошад ба тавре, ки эътилофи ҷадидро аз яке аз қудратҳои атомӣ маҳрум кард, аммо ҳузури Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон дар ин нишаст, ҷанбаи мазҳабиро аз он гирифт ва мӯҷиб шуд ин нишаст дар сатҳи амиқтаре ба манзилаи намояндагии ваҳдати исломии аҳли ташайюъ ва суннат бошад.”

Атвон таъкид кард: “Дар ин нишаст 6 кишвар ҳузур доранд, ки 5 кишвар аз онҳо бештарин ҷамъияти мусалмони ғайриараб (яъне Андунезӣ, Покистон, Туркия, Эрон ва Молезӣ)-ро дар худ доранд, ба тавре, ки ҷамъияти ин кишварҳо шомили 600 миллюн нафар ва масоҳати ҷуғрофиёии онҳо беш аз 6 милюн километри мураббаъ мешавад. Ба гуфтаи Ёсин Уктой, мушовири Раҷаб Тайиб Ардуғон, ваҷҳи муштараки кишварҳои нишаст ин аст, ки иқтисоди онҳо муттакӣ бар манобеи табиӣ нест, балки бар тавлидот ва манобеи инсонии худ такя мекунанд. Шояд ба ҳамин сабаб бошад, ки ин нишаст бо унвони “Нақши тавсиъа дар дастёбӣ ба ҳокимияти миллӣ” баргузор мешавад.”

Ин таҳлилгар меафзояд: “Он чи бартарии ин эътилоф бар раҳбарии кишварҳои арабӣ дар ҷаҳони исломро тақвият мекунад, суханони Ёсин Уктой — ки ба унвони назарияпардози идеулужки ин нишаст аз вай ёд мешавад — дар бораи мустасно шудани сарони араб дар нишасти Куоло-ломпур аст. Вай гуфт: “Ин афрод куҷо ҳастанд? Дар ҳоле, ки ислом ва мусалмонон дар ҷаҳон бо хатари густариши танаффур ва душманӣ бо ислом мувоҷеҳ аст, онҳо дар арса ҳузур надоранд. Вақте, ки ин хатар ба манзилаи мушкилест, ки ба дунболи роҳи ҳалле барои он ҳастем, шоҳиди ҳузури онҳо нестем ва мебинем, ки иқдомоти онҳо ба ташдиди душманӣ бо ислом мунҷар мешавад.”

Атвон менависад: “Ба рағми ин ки суханони Уктой сахту сангин буд, мутаассифона воқеиятро баён мекунад. Меҳвари исломи арабӣ дар ториктарин рӯзҳои худ ба сар мебарад. Тафриқа, ҷанг, даргириҳои марбут ба фасод, диктотурӣ, саркӯбгарӣ, пайравии комил аз Омрико, уфтодани шумори зиёде аз раҳбарони онҳо зери пойи “Исроил”, оддисозии алании равобит бо “Исроил” ва ҳатто ташкили эътилоф бо он, аз ҷумлаи масоили меҳвари исломи арабӣ аст.”

Атвон таъкид кард: “Моҳотир Муҳаммад, ки кишварашро ба яке аз қудратмандтарин кишварҳои осиёӣ табдил кард, ба дурустӣ гуфт: “Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки мусалмонон дар манотиқи мухталифи ҷаҳон дар маърази саркӯбгарӣ ҳастанд. Мусалмонон терурист тавсиф мешаванд. Навъе тарс аз ислом вуҷуд дорад ва барои ҳамагон возеҳу мушаххас аст, ки ин вазъият дар ҳоли бадтар шудан аст.” Вокуниш ба Нишасти исломии Куоло-ломпур набояд аз тариқи таҳрики артишҳои сойберӣ ба шиллики “мушакҳои” дашном ба раҳбарони ширкаткунанда дар ин нишаст ва сухан гуфтан аз маҷду бузургии гузашта анҷом шавад; зеро ин иқдом, равиши инсонҳои дармонда ва нотавон аст. Барои огоҳӣ аз иллатҳое, ки заминаро барои ба ҳошия рондани беш аз 20 кишвари арабӣ ва дар раъси онҳо Арабистон фароҳам кард, бояд ба бознигариҳои ҷадид пардохт.”

Атвон дар идома менависад: “Арабистон барои ҳифзи раҳбарии ҷаҳони ислом бояд бештари сиёсатҳои кунунии худ аз ҷумла ҷангҳояш дар Яман ва пайравии мутлақ аз Омрикоро тағйир диҳад ва ба мавзеъгирии қудратмандона дар меҳвари масоили исломӣ ва аз ҳама муҳимтар Фаластин ва муқаддасоти ислом дар Фаластин рӯй оварад. Созмони ҳамкории исломӣ сирфан ба номе бидуни муҳтаво табдил шудааст ва ҳеч иртиботе бо ҳамкории исломӣ надорад, зеро аз кишваре, ки мақарри он аст, яъне Саудӣ ҷонибдорӣ карда ва ба ҳеч ваҷҳ бетараф набудааст ва ба яке аз идораҳои вазорати хориҷаи саудӣ табдил ва нақши он ба интишори бархе баёнияҳо маҳдуд шуд ва фақат нависандагони баёнияҳо, онҳоро мехонанд. Ҳатто дар бораи ин ки чӣ касоне ин баёнияҳоро менависанд, шак дорем.

Кишваре, ки мехоҳад раҳбарии ҷаҳони исломро дар даст бигирад, бояд дар ҳамаи заминаҳо улгу бошад; заминаҳое монанди тавсиъа, демукросӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи башар, адолати иҷтимоӣ, напазируфтани ҳеч навъ мазҳабгароӣ, тасбити ҳокимияти миллӣ, тасбити пояҳои ҳукумати қудратмандона, решакан кардани ҳар навъ фасод ва талош барои наздик кардани мусалмонон ба якдигар ва пуштибонии ҳамаҷониба аз масоили баҳаққи мусалмонон он ҳам бидуни ҳар навъ тардид.”

Ин таҳлилгари маъруф меафзояд: “Ин нишаст ба манзилаи занги ҳушдоре барои ҳамаи “раҳбарон”-и арабӣ ва исломӣ бавежа Арабистон аст. Шояд аз хоб бедор шаванд ва дар сиёсатҳои худ бознигарӣ кунанд. Акнун убур аз Созмони ҳамкории исломӣ анҷом мешавад. Шояд фардо аз ин мавзӯъ ғофилгир шавем, ки бархе кишварҳо хостори назорати “исломӣ” бар Ҳарамайни шарифайн бошанд. Бархе аҳдофи воқеӣ дар ин замина вуҷуд дорад ва шояд Нишасти Куоло-ломпур ба манзилаи оғозе барои ин иқдом бошад. Ба хубӣ медонем, ки шояд ин ҳушдорҳои мо хашми бисёреро барангезад ва бояд ҳам ин гуна бошад.

Қадри мусаллам он аст, ки ин нишаст фориғ аз мухолифати густурдаи саудиҳо бо он дар ин мақтаъи ҳассоси ҷаҳони исломӣ, метавонад нақши муассир ва таъйинкунандае дошта бошад. Саҳюнистҳо рӯз ба рӯз бар доманаи ҷиноёти худ алайҳи фаластиниҳо меафзоянд ва ба шаҳраксозӣ идома медиҳанд ва бояд ҳам аз ин нишаст ва тасмимоти он, эҳсоси ҳарос кунанд. Ин нишаст дар шароите, ки исломҳаросӣ бо шиддат дунбол мешавад, метавонад паёми муҳимме ба дунё дошта бошад. Аз сӯи дигар, баҳси рушду тавсиъа дар кишварҳои исломӣ, ки яке аз меҳварҳои ин нишаст аст, бисёр аҳаммият дорад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.