Достон ва ҳикоёт

Як танз ва як достони воқеӣ

Сад нафрин бар Анӯшервон?!

Овардаанд, ки Анӯшервони одилро дар биҳишт андӯҳгин бидиданд. Фариштагон рӯ ба ӯ карданду пурсиданд:

— Шаҳриёри додгарро чӣ шуда, ки андӯҳгинаш мебинем? Биҳишт ҷойи шодмонӣ бошад ва ҳасаби қоиъда, биҳиштиён шодмон бошанд, на ғамгин.

Шаҳриёр фармуд:

— Андӯҳи ман на бад-ин сабаб бошад, ки дар биҳишт ва дар ҷивори раҳмати Ҳаққам, балки гуфтору рафтори шуморе аз заминиён аст, ки озорам медиҳад.

Пурсиданд:

— Он заминиён кӣ бошанд ва ҳазрати Шаҳриёр дар рафтори онҳо чӣ дидааст, ки хотири ӯро озурда карда?

Анӯшервон гуфт:

— Шуморе аз дарбориёни як ҳокими ситампеша, аз барои мондан бар мақоме ночизи дунявӣ ва аз рӯйи чоплусӣ ва тамаллуқ ба ин ҳоким, номи маро ба забон биёварданд ва ин ҳокими ситамгарро ба ман ташбеҳ ва рафтору кирдорҳои нораво ва золимонаи ӯро адлу дод биномиданд. Вонгаҳе бисёре аз мардумони ин диёр, ки Анӯшервонро намешиносанд, пеши худ бигӯянд, агар Анӯшервон шабеҳи ҳокими мо бошад, пас сад нафрин бар ӯ ва бар ҳафт пушти ӯ, ки золим ва ситамгар ва хуношом будааст!

* * *

Носируддиншоҳ ва Анӯшервон

(Достони воқеӣ)

Рӯзе Носируддиншоҳи Қочор (яке аз подшоҳони Эрон) дар тобистон дар иморати мулуконаи Салтанадобод дароз кашида буд, дар ҳоле ки дарбориён дар пойин нишаста, бо подшоҳ ба таври маҳрамона сӯҳбат мекарданд.

Шоҳ дар аснои сухан гуфт:

— Чаро Анӯшервонро одил мегуфтанд ва маро намегӯянд? Магар ман одил нестам?

Аҳаде ҷасорат накард, ки посух диҳад. Шоҳ дубора пурсид:

— Оё байни шумо ҳеч кас нест, ки ҷавоб бидиҳад?

Боз касе ҷавоб надод. Идомаи сукут ҳамаро дар маърази хатар қарор медод. Саранҷом Ҳакимул-мамолик маргро пеши назар овард ва бо тардид гуфт:

— Қурбонат шавам! Анӯшервонро одил мегуфтанд барои ин ки одил буд.

Шоҳ абрӯи худро дарҳам кашид ва гуфт:

— Оё Носируддиншоҳ одил нест?

Боз сукут ҷаласаро фаро гирифт. Пас аз муддате, ногузир Ҳакимул-мамолик марги худро дар назар овард ва ҳарфи аввали худро боз такрор кард. Шоҳ абрӯ дарҳам кашид ва суоли нахустини худро боз бар забон овард. Муҷаддадан сукути маргбор бар дарбор ҳоким шуд. Ногузир Ҳакимул-мамолик шонаҳои худро ҳаракат дод ва дасти худро боз кард, он гоҳ шоҳ бо камоли таҳқир гуфт:

— Эй фулон фулоншудаҳо! Ман яқин дорам, ки агар Анӯшервон ҳам мисли шумо алвоти ришвахору нодуруст дар давру бари худ дошт, ҳеч вақт мумкин набуд ӯро одил бигӯянд.
Ҳама ҷавоб доданд:

— Қурбонат гардем! Қиблаи олам ҳақиқатро фармуданд.

(Латоиф ва зароиф)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.