Перейти к содержимому

Беш аз 14 ҷинояти Рамазон Раҳимзода дар қазияи Нилуфар Раҷабова

Амруллоҳи Низом

Рисолати аслии як вазорати корҳои дохилӣ дар тамоми дунё таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд аст. Ва вазифаҳои вазирони умури дохилаи ҳар кишвар ҳам раҳбарии афроди вофодор ба мардум ва Ватан ба хотири ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандон мебошад.

Амруллоҳи Низом, рӯзноманигор

Аммо, мутаассифона, дар кишвари мо Тоҷикистон ин ниҳоди ба ном ҳифзи ҳуқуқ, дар ин чанд соли охир ба ниҳоде табдил ёфтааст, ки баъзе гурӯҳҳое аз ҷинояткоронро гирдоварӣ, раҳбарӣ, ва ҳар вақте бихоҳанд, ин гурӯҳҳоро гоҳ дар бозорҳо, гоҳҳое дигар дар кӯчаву хиёбонҳои кишвар бар алайҳи мардум, бахусус хоҳарону модарон ва дар умум алайҳи афроди огоҳ, озода ва озодандеш мешӯронад.

Ҳамзамон вазири корҳои дохилӣ ҷаноби Рамазон Раҳимзода низ тағйири вазифа ва рисолаташ карда, ба ҷои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу инсон ва шаҳрванд, баъзе гурӯҳҳои ҷиноятпешаро дар ин вазорат гирдоварӣ карда, онҳоробар алайҳи бархе инсонҳои бегуноҳ ва шаҳрвандон раҳбарӣ, раҳнамоӣ, ва сафарбар мекунад.

Кори ин вазири мӯҳлати масрафаш ба поён расида, бо раҳбарӣ, раҳнамоӣ ва содир кардани ҷиноятҳои муташаккилона алайҳи мардум тамом намешавад, балки вазифаи адвокат будан дар ҳимоят аз ин афроди зӯргӯ ва ҷиноятпешаро низ бар уҳда дорад. Ба иборати возеҳтар, баъзе кормандони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо фармони вазир мардумро ғайриқонунӣ таъқибу боздошт ва сипас озору шиканҷа мекунанд, ва вақте ҷурми онҳо фош ва ҷиноятҳояшон расонаӣ шавад, фавран вазир ҳамчун адвокат дар ҳимояти онҳо ба по мехезад, судяҳои фурӯхта шударо мехарад, ва бешармона дар малаи омм худро кабӯтари сафед муаррифӣ карда, ҷабрдидаҳоро зоғи сияҳу гунаҳкор эълом мекунанд.

Барои мисол, қазияи боздошти хоҳар Нилуфар Раҷабова инро исбот кард, ки вазиру иддае аз зердастони ҷинояткораш бар асоси қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон дасти кам дар 7 маврид ҳуқуқи шаҳрвандро дағалона поймол карданд. Ин тӯдаи авбош ба шакли гурӯҳӣ, бо маслиҳати пешакӣ, 11 ҷиноят содир карданд:

1) Рейде, ки мақомоти корҳои дохилӣ ва иҷроия гузарониданд, ғайриқонунӣ ва дар навбати худ як навъ ҷинояти муташаккилонаи ошкоро буд. Зеро, то кунун ягон амру фармони расмие аз ҷониби президент ва ё ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора содир нашудааст.

2) Ин рейди мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар маъмурони мақомоти иҷроияи ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва Кумитаи дину Кумитаи занон дар зоти худ маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои конститутсиониашон шаҳрвандон буд. Бар илова, тамоми амру фармонҳои шифоҳӣ то замони расман дар расонаҳо чоп шуданшон қувваи қонунӣ намегиранд.

3) Бозпурсиҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар маъмурони мақомоти иҷроия ғайриахлоқӣ ва дар рӯзи равшан тавҳини оммавии як иддае аз сокинони Тоҷикистон тавассути мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дониста мешавад.

4) Боздоштҳои занон ва духтарони ҳиҷобпӯш маҳз ба хотири пӯшишҳои мазҳаби ғайриқонунӣ аст, мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар маъмурони мақомоти иҷроия дар пойтахт ҷинояти сангине назири «маҳрум сохтан аз озодӣ»-ро дар ҳаққи онҳо муртакиб шудаанд.

5) Таҳқир ва таҳдидҳои таҷовуз ба номуси хоҳар Нилуфар Раҷабова ва ҳамроҳонаш тавассути кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе ҳам бар асоси кодексҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят аст, вақте ин корро онҳо гурӯҳӣ анҷом додаанд, ин ҷинояти онҳо муташаккилона аст.

6) Дурӯғ гуфтан ва фиреб додани хоҳар Нилуфар Раҷабова тавассути кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва интиқоли вай на прокуратура, балки мустақиман ба суд, ин ҷо ҳам ду навъ ҷиноят содир шудааст.

7) Маҳрум кардани хоҳар Нилуфар Раҷабова аз адвокат дар вақти баррасии парвандаи сохтаи мақомот ва говсуд кардани вай ҳам дар зоти худаш ҷиноят аст.

8) Дар вақти баррасии парванда нодида гирифтани далелҳои «айбдоршаванда», шаҳодати шоҳиди сохта ва харидории судя тавассути мақомоти корҳои дохилӣ ҳам дар зоти худаш се намуди ҷиноят ва қонуншиканиро доро мебошад.

9) Пеш аз дастрас кардани ҳалномаи судӣ маҷбур кардани хоҳар Нилуфар Раҷабова ба пардохти ҷарима ҳам ҷиноят аст, зеро дар ин ҳолат мақомот дониста ӯро аз ҳаққи даъво ба судҳои болоӣ барои ҳимояти худ бо таҳдид маҳрум кардаанд.

10) Вазири корҳои дохилӣ ба сифати адвокат ба ҳеч ваҷҳ ҳақ надорад аз зердастони ҷинояткораш дар мисоли сарҳангёр Машраб Истамзода ҳимоят кунад, ин сӯиистифода аз мақоми давлатӣ аст.

11) Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҷаноби Рамазон Раҳимзода бар замми ин ҳама ҷиноятҳо аз тариқи расонаҳо мансуб ба ин вазорат чунин ҷиноятҳои худ ва зердастонашро тавҷеҳ карда, ба онҳо ҷомае қонунӣ пӯшонидааст…

Акс аз Хабаргузории Спутник аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: