Перейти к содержимому

Вокуниши пажӯҳишгари тоҷик ба иддаои ахири Абдуҷаббор Раҳмонзода

Умед Ҷайҳонӣ, пажӯҳишгари тоҷик, дар вокуниш ба иддаои ахири Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон, ёдовар шуд: “Раҳмонзода худ намедонад чӣ мегӯяд. Шириншоҳ Шоҳтемурро муттаҳам ба панэронистӣ кардаву кушта буданд.”

Ба гузориши хабаргузории “Спутник” ба нақл аз дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, Раҳмонзода зимни сӯҳбат дар бораи қаҳрамониҳои Шириншоҳ Шоҳтемур гуфтааст: “Зуҳури пантуркизму панисломизм ва паниронизм дар муҳити Бухорои онвақта ба авҷи аълои худ расида буд ва гурӯҳҳои зиёди ин ҷараёнҳо ҳамақидаҳояшонро дар атрофи худ ҷамъ менамуданду ба муқобили миллати тоҷик мубориза мебурданд.”

Ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳатто баъзе аз ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ мавҷудияти миллати тоҷикро инкор мекарданд.

Раҳмонзода афзуда: “Дар чунин айёми мураккаби сиёсӣ абармардони миллати тоҷик, ба мисли Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик Садриддини Айни гирди ҳам омада, дар бораи мавҷудияти миллати тоҷик, таъриху фарҳанги бою пурғановати он садо баланд менамуданд.”

Умед Ҷайҳонӣ, пажӯҳишгари тоҷики муқими Русия, дар ёддоште кӯтоҳ дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, дар вокуниш ба ин иддаои Раҳмонзода, навиштааст:

Раҳмонзода худ намедонад чӣ мегӯяд. Шириншоҳ Шоҳтемурро муттаҳам ба панэронистӣ кардаву кушта буданд. Аммо дар он замон панэронисм на вуҷуд дошт ва на бо тоҷикҳо душманӣ мекард. Балки тоҷикҳо худ мехостанд Ҷумҳурии Тоҷикистонро Эрон биноманд. Бале, чунин пешниҳоде дар солҳои 1920-ум шуда буд ва мехостанд Ҷумҳурии мухтори шӯравии Тоҷикистонро «Ҷумҳурии Шуроии Эрон» биноманд. Дар ин бора санаде дар рӯзномаи «Бухорои шариф» ё «Овози тоҷик» ҳам чоп шуда буд, ки аксашро чанде пеш Марямбонуи Фарғонӣ нашр карда буд. Ҳаройина, дар замоне ки Тоҷикистон бунёд мешуд, ҳечгуна панэронисме вуҷуд надошт. Он замон ҳам тоҷиконро бедалел муттаҳам ба панэронистӣ мекарданд ва ин замон низ мекунанд. Аммо душмани тоҷикҳо он замон пантуркистҳо буданд, ки сипас панузбак шуданд ва имрӯз ҳам бо мо душманӣ доранд. Яке дигар аз душманҳои берунии мо қирғизҳо ҳастанд, ки ҳеч аз дастандозӣ ба кишварамонро бас намекунанд. Душманро бояд шинохт ва нест кард.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: