Сиёсат

Дифои Имронхон аз Парвиз Мушарраф ва интиқоди шадиди ӯ аз ҳукми эъдом

Нахуствазири Покистон саранҷом сукути худро шикаста ва ҳукми эъдоми Мушаррафро “ғайриқонунӣ” ва “ғайришаръӣ” донист.

Ба гузориши Daily Jang, Имронхон, нахуствазири Покистон саранҷом нисбат ба судури ҳукми эъдом барои раисиҷумҳури собиқи ин кишвар вокуниш нишон дод.

Вай тасреҳ кард: “Ин ҳукм на ваҷоҳати қонунӣ дорад ва на ваҷоҳати шаръӣ, балки сирфан аз рӯи ъиноди шахсӣ содир шудааст.”

Имронхон гуфт: “Мо алайҳи қозиҳое, ки чунин ҳукмеро содир кардаанд шикоят хоҳем кард ва аз Додгоҳи олии Покистон мехоҳем, ки афроди шоистатареро дар мақоми қазоват қарор диҳанд.”

Нахуствазири Покистон афзуд: “Судури ин ҳукм нақзи ошкори ҳуқуқи башар аст ва дастгоҳи қазоии кишвар бояд ин муҳимро дар назар дошта бошад.”

Вай тасреҳ кард: “Қозии додгоҳ эълом кардааст, ки бадани беҷони Мушарраф бояд се рӯз дар минтақаи идории Исломобод ба дор овехта боқӣ бимонад. Ин ҳарф тавҳин ба инсоният аст.”

Имронхон гуфт: “Иҷоза намедиҳем, ки дар кишвар чанддастагӣ ҳоким шуда ва ба ҳуқуқи афрод таҷовуз шавад.”

Имронхон ба вазири қонун дастур дод, алайҳи ҳукми содиршуда иқдом кунад ва ҳар кори қонунӣ, ки лозим аст анҷом диҳад, то ин ҳукм иҷро нашавад.

Гуфтанист, ахиран Додгоҳи Покистон барои Парвиз Мушарраф ҳукми эъдом содир кард, вале қозии парванда поро фаротар гузошта ва хостори ба намоиш даромадани бадани беҷони Мушарраф дар анзори умумӣ шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.