Барномаи зиндагӣ

Суханоне аз Паёмбари Хотам (с)

* Некхӯйӣ ва хушҳамсоягӣ хонаҳоро обод ва умрҳоро дароз мекунанд.

* Ду чашм аз осеби оташ дар амонанд: яке он ки нимаҳои шаб аз тарси Худо бигиряд, ва дигар он ки дар роҳи Худо шаб нигаҳбонӣ кунад.

* Чун фарзанди Одам пир шавад, ду сифат дар ӯ ҷавон гардад: ишқи мол ва ҳирси бақо…

* Ахлоқи хуш гуноҳро об мекунад чунон ки офтоб яхро.

* Ҳар ки мехоҳад бидонад, ки назди Худо чӣ мақоме дорад, бибинад, ки Худо дар назари ӯ чӣ манзилате дорад. Агар чун кори дунё ва охират пеш ояд ва ӯ кори охиратро баргузинад Худоро дӯст дорад, ва агар ба кори дунё пардозад, барои Худо мақоме нашносад.

* Инсон мудом миёни ду рӯз аст: рӯзи гузашта, ки амалаш сабт гардида ва мӯҳр шуда ва рӯзи оянда, ки шояд ба он нарасад.

* Уламои ин уммат (уммати исломӣ) ду табақаанд: яке онҳое, ки илми Худоро бе тамаъ нашр кунанд, дониши хеш ба нону об нафурӯшанд. Бар ин тоифа моҳии дарё ва ҷонвари замин ва парандаи ҳаво истиғфор кунанд, бузургвор ва шарофатманд бар Худо ворид шаванд ва бо паёмбарон ҳамнишин бошанд. Дуввум онҳое, ки илм эҳтикор намоянд ва бо мол мубодила кунанд. Инон дар қиёмат бо лаҷоми оташин маҳор шаванд ва касе фарёд занад: инҳо ҳастанд, ки Худои Мутаъол илмашон дода буд ва дар нашри он бухл меварзиданд ва онро ба баҳо мефурӯхтанд. Ин сухан то мавқеи фароғати мардум аз ҳисоб такрор шавад.

* Илм ду навъ аст: яке он ки дар қалб ҷо гирад, ин илми судманд аст. Дигар он ки танҳо бар забон аст ва барои соҳибаш итмоми ҳуҷҷат аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.