Дидгоҳ

Бетафовутии ҳукумат нисбат ба саҳлангории коргузорони фосид

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Аз манзари фалсафаи таърих ва бо нигоҳ ба зуҳуру суқути давлатҳо дар тӯли таърихи башар, дида мешавад, давлатҳое, ки умре нисбатан тӯлонӣ доштаанд, давлатҳое будаанд, ки дар онҳо, фурсат ва маҷоле барои коргузорони фосид дода намешуда, ба ин маъно, ки вақте маълум мегардид як коргузори давлатӣ муртакиби иштибоҳу хатое шуда, ки зарару зиёни он ба кулли систем бармегардад, дастгоҳи ҳокима лаҳзае диранг намекарда ва он коргузорро муҷозот ва аз “дарбор” меронда.

Ва баръакс, давлатҳое, ки умри чандоне надоштаанд, давлатҳое будаанд, ки нисбат ба саҳлангорӣ ва фасоди коргузоронаш бетафовут буда ва ҷойгоҳ ва мақоми иҷтимоии он коргузорро, барои бақои давлат, муҳимтар аз барканорӣ ва муҷозоти ӯ медониста. Вил Дуронт дар “Таърихи тамаддун” намунаҳое аз таърих бар ин муддао овардааст, ки ин ёддошт гунҷоиши зикри онҳоро надорад.

Асосан, ин вежагӣ махсуси инсон ва иҷтимои инсонӣ ҳам нест, балки ҳатто дар миёни ҳашароте, ки аз зиндагии иҷтимоӣ бархӯрдор ҳастанд – мисли занбӯри асал ва мӯрча — низ дида мешавад. Ба унвони мисол, шояд хонандаи азиз огоҳ аст, ки ҳеч занбӯре ҳақ надорад дар макони касифу олуда биншинад. Ва чунончи занбӯре бо дасту пойи касифу олуда вориди канду шавад, билофосила тавассути нигаҳбонон ва бидуни мулоҳиза эъдом ва ба берун андохта мешавад, то дарси ибрат барои дигар занбӯрҳо бошад.

* * *

Яке аз бузургтарин маъойиби ҳукумати кунунии Тоҷикистон, ки қатъан боиси кӯтоҳии умри ӯ хоҳад гардид, саҳлангорӣ ва мулоҳизаи ӯ нисбат ба коргузорони фосид аст. Дар муддати 27 соле, ки ин ҳукуматро мешиносем, бисёр дидаем вақте як коргузор муртакиби хато ва иштибоҳе мешавад, дастгоҳи ҳокима ба ҷойи ин ки ӯро сари ҷояш нишонад, саъй дар тавҷеҳи хатои ӯ мекунад. Ва аҷиб он, ки вақте фасод ва касофаткории як коргузор тавассути мухолифони ҳукумат ошкор бишавад, ҳукумат бештар исрор меварзад, то ин коргузорро дар ҷойи худ боқӣ гузорад, шояд барканорӣ ва ё муҷозоти он коргузорро навъе “кӯтоҳ” омадан дар баробари интиқоди мухолифонаш шуморад.

Беш аз як ҳафта аз моҷарои Нилуфар Раҷабова ва бархӯрди ғайриинсонӣ ва бисёр хашини як мақоми интизомӣ яъне Истамзода Машраф бо ин бону мегузарад ва имрӯзҳо ин моҷаро ба яке аз доғтарин масъала дар ҷомеа ва бахусус дар фазои маҷозӣ миёни корбарони тоҷик таблил гардида ва ҳамагон алайҳи ин мақоми интизомӣ мавзеъ гирифтаанд, вале ҳукумат на танҳо дар баробари ин ҷинояти ошкор чашмпӯшӣ мекунад, балки тамоми расонаҳо ва фермаҳояшро басиҷ карда, то кори ин ҷинояткорро тавҷеҳ намоянд, ва бадтар аз он, ба сарзанишу маломати қурбонӣ ва ҳатто ҷарима кардани ӯ пардохтанд.

Ғофил аз ин ки: ҳамин сиёсат ва ҳамин равиш, бегумон ва қатъан, мӯҷиби беэътибор шудани ин ҳукумат дар назади мардум ва дар натиҷа боиси коста шудан аз умраш хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.