Барномаи зиндагӣ

Гуфтори Паёмбари Акрам (с)

* Ин илм ва ҳидояте, ки Худо маро ба он фиристода, чун боронест, ки бар заминҳои мухталиф меборад. Қисмате, ки ҳосилхез аст, обро мегирад ва гиёҳи фаровон мерӯёнад, ва зимнан, обро ҷазб мекунад ва дар манобеи зеризаминӣ захира менамояд, ба ин васила Худо мардумро нафъ мерасонад, ки оби захирашуда сарфи хӯрок ва зироат мешавад. Қисмате ҳам биёбонҳои бойир ва харобест, ки на ҳосил медиҳад ва на об нигаҳ медорад. Мардум низ иддае илми дин меомӯзанд ва амал мекунанд ва нашр медиҳанд, иддае на амал мекунанд ва на таълим медиҳанд.

* Ҷуз ба ду кас набояд ҳасрат хӯрд: яке марде, ки Худо ба ӯ мол дода, дар роҳи Ҳақ харҷ мекунад. Дигар, касе ки Худояш ҳикмат ато фармуда, бо он қазоват мекунад ва ба мардум меомӯзад.

* Ҳар ки мардумро ба роҳи росте даъват кунад, ба қадре ки аз ӯ пайравӣ кунанд, аҷр дорад бидуни ин ки аз аҷри онҳо коста шавад. Ва ҳар ки ба роҳи залолате даъват намояд, ба андозаи ҳамаи тобеъонаш гуноҳ дорад бидуни ин ки аз гуноҳи онон каср шавад.

* Ман бар умматам аз шарри мӯъмин ва мушрик бим надорам; зеро мӯъминро имон монеъи фасод аст ва мушрикро ҳамон ширк нобуд мекунад. Танҳо аз олими мунофиқ метарсам, ки гуфторе зебо ва кирдоре зишт дорад.

* Ҳар ки илм зиёд кунад ва зуҳд наяфзояд, нисбат ба Худо ҷуз дурӣ наяфзудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.