Сиёсат

Интизорот аз интихоботи порлумонӣ дар Ӯзбакистон

Ба қалами Бахтиёр Олимҷонов дар “Евразия Эксперт”

Рӯзи 22 декабр дар Ӯзбакистон интихоботи порлумонӣ баргузор ва 150 намояндаи Маҷлиси Олӣ интихоб мешаванд. Рӯзи 20 сентябри соли 2019 дар саросари ин ҷумҳурӣ фаъолияти интихоботӣ оғоз шуд. Пешбинӣ мешавад, беш аз 20 милюн нафар аз ҷумла беш аз 2 милюн барои нахустин бор дар интихобот ширкат кунанд.

Дар баргаҳои раъй 5 ҳизби сиёсӣ аз ҷумла Ҳизби демукротик-халқи Ӯзбакистон, Ҳизби либерол-демукротики Ӯзбакистон, Ҳизби демукротик-миллии Ӯзбакистон “Миллий тикланиш” (Растохези миллӣ), Ҳизби сусиёл-демукротики Ӯзбакистон “Адолат” ва Ҳизби экологии Ӯзбакистон сабт шуданд.

Ин интихобот бо интихоботи қаблӣ чӣ тафовуте дорад?

Арсаи сиёсии Ӯзбакистон

Порлумони Ӯзбакистон решаҳои таърихӣ дорад. Дар соли 1994 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Ӯзбакистон ба порлумони ҷумҳурии ҷавон тағйири шакл кард.

То соли 2004 порлумон якмаҷлисӣ буд ва ағлаб аз кумунистҳои собиқ ташкил мешуд.

Аз соли 2005 порлумон думаҷлисӣ шуд ва аҳзоби Корофаринон (соли 2003) ва Экология (соли 2018) ба вуҷуд омаданд.

Дар Ӯзбакистон аҳзоби сиёсӣ то чанде пеш фаъолияти декурӣ доштанд, ки ин бо ҳукумати қавии риёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар иртибот дошт.

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон, дар таърихи 7 феврали соли 2017, бо судури фармоне истротежии “иқдомот дар бораи 5 буъди тавсиъаи кишвар барои солҳои 2017 ва 2021”-ро ба тасвиб расонд.

Авлавияти аввали он, такомули сохтори давлатӣ ва иҷтимоӣ мабнӣ бар ташдиди нақши порлумон ва аҳзоби сиёсӣ дар таъмиқи ислоҳоти демукротик ва мудернизаи кишвар мебошад.

Аз соли 2019 аҳзоби сиёсии кишвар барои беҳбуди шароити кишвар бештар талош мекунанд.

Бо вуҷуди афзоиши нақши аҳзоб дар зиндагии сиёсӣ, мардум дар фаъолиятҳои онҳо камтар ширкат мекунанд. Ба таври мисол, дар саффи Наҳзати Корофаринон ва Бозаргонон — Ҳизби либерол-демукротики Ӯзбакистон, беш аз 730 ҳазор узв, Ҳизби демукротик-халқи Ӯзбакистон беш аз 490 ҳазор нафар узв, Ҳизби сусиёл-демукротики Ӯзбакистон “Адолат” беш аз 380 ҳазор нафар, Ҳизби демукротик-миллии Ӯзбакистон “Миллий тикланиш” (Растохези миллӣ) ҳудуди 300 ҳазор нафар, Ҳизби экологияи Ӯзбакистон беш аз 245 ҳазор нафар ҳузур доранд.

Вежагиҳои интихоботи соли 2019

Бояд таъкид кард, ки ин нахустин интихобот дар даврони риёсати ҷумҳурии Мирзиёев аст. Давлати ҷадид заминаи интихоботро бо ҷиддият ислоҳ карда махсусан барои ин интихобот қонуни интихоботии дарбардорандаи 103 модда танзим шуд.

Таҳиякунандагон унвон карданд, ки ин қонун дар кишвар рақобати солимро байни аҳзоб эҷод мекунад.

Тибқи моддаи 70-и қонуни интихоботӣ, теъдоди занон бояд 30 дарсад аз кулли теъдоди номзадҳои муаррифишуда тавассути аҳзоби сиёсиро ташкил диҳанд.

Вежагии аслии ин интихобот ин аст, ки бар асоси моддаи 37-и қонуни интихоботӣ, фақат аҳзоби сиёсӣ метавонанд барои интихобот номзад муаррифӣ кунанд.

Тибқи моддаи 68-и қонуни интихоботӣ, ҳизбе, ки 40 ҳазор имзо ҷамъоварӣ мекунад, аз ҳаққи муаррифии номзад ба порлумони кишвар бархӯрдор мешавад.

Дар ин қонун як нуктаи ҷолиб ҳам вуҷуд дорад мабнӣ бар ин ки аҳзоб метавонанд номзадҳои ғайриҳизбиро ҳам муаррифӣ кунанд.

Аҳзоби сиёсӣ 750 номзадро ба унвони намоянда муаррифӣ карданд.

Бар асоси таҳлилҳо, як севвуми номзадҳо (ҳудуди 30 дарсад) муаллимон ва 19 дарсад иқтисоддонон ҳастанд.

Дар феҳристи аҳзоб ҳамчунин 12 дарсад пизишкон, 9 дарсад муҳандисон, 7 дарсад ҳуқуқдонон, беш аз 2 дарсад корофаринон қарор доранд.

Идеулужии аҳзоби Ӯзбакистон

Аҳзоби сиёсии Ӯзбакистон идеулужии гуногуне доранд. Ба таври мисол, қадимитарин ҳизби Ӯзбакистон — Ҳизби демукротик-халқи Ӯзбакистон (ҳизби кумунисти собиқ) ба таври суннатӣ як ҳизби “чапгаро” маҳсуб мешавад ва бештар дағдағаи ҳаллу фасли масоили иҷтимоиро дорад.

Наҳзати Корофаринон ва Бозаргонон — Ҳизби либерал-демукротики Ӯзбакистон як ҳизби “ростгаро” маҳсуб мешавад. Ҳизби сусиёл-демукротики Ӯзбакистон “Адолат” ҳизби чапгаро ва Ҳизби демукротик-миллии Ӯзбакистон “Миллий тикланиш” як ҳизби “ростгаро” аст.

Мӯътақидам, ки тамоми аҳзоби Ӯзбакистон аз лиҳози идеулужӣ муҳофизакор ҳастанд. Чун ҳамаи аҳзоб ба давлат такя ва барои “тавсиъаи миллӣ” талош мекунанд.

Мушкилоти аслии интихоботи пеши рӯ

Дар моҳи апрел хабаргузории Kun.uz аз тариқи Telegram назарсанҷие таҳти унвони “Назари шумо” баргузор ва аз мухотабон суол карданд, ки оё номзадҳои худро интихоб кардед? 2 ҳазору 968 нафар ба ин суол посух доданд. Мутаассифона, 95 дарсади посухгӯён изҳор доштанд, ки номзади худро ҳанӯз интихоб накарданд.

Далели аслии адами шинохти кофӣ аз номзадҳо ин аст, ки Ӯзбакистон бо меҳварияти риёсати ҷамҳурӣ идора мешавад ва то кунун дар ин кишвар ҳеч муфассири сиёсӣ ва рӯзноманигори озоде вуҷуд надорад.

Давлат ва мардум дар мавриди ислоҳоти демукротик ва мудерниза ҳеч тасаввуре надоранд.

Илова бар ин, бар асоси моддаи 98-и қонуни интихоботӣ, интихобот тавассути будҷаи давлатӣ таъмини молӣ мешавад ва вобастагӣ ба будҷаи давлатӣ имкони контроли интихобот ва шаклгирии порлумони “ҳарфшунав”-ро фароҳам мекунад.

Ба навбаи худ, аҳзоб низ вобаста ба ирода ва тасмимоти ҳукумат мебошанд.

Ба назар мерасад, порлумон пас аз интихоботи соли 2019 дар дасти давлат ҳамчунон “ҳарфшунав” боқӣ хоҳад монд.

Ҳамчунин гуфтаниаст, ҳеч сиёсатмадор ё номзади барҷастае барои порлумони кишвар номзад нашуда ва раъйдиҳанда намедонад ба чӣ касе раъй диҳад.

Дар пайи интихобот мо порлумонеро ба даст меоварем, ки бояд масоили ҳаётӣ монанди пайвастан Ӯзбакистон ба Иттиҳодияи иқтисодии Уруосиё ва Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ беш аз пеш кишварро ҳаллу фасл кунад.

Eurasia.expert

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.