Сиёсат

Эрон, Туркия ва Молезӣ; оё блоки ҷадиде дар ҷаҳони ислом дар ҳоли тулӯъ аст?

Иҷлоси Куоло-ломпур бо ҳузури сарони кишварҳое ҳамчун Эрон, Туркия ва Молезӣ нишондиҳандаи ташкили блоки ҷадиде аз кишварҳои мусалмон аст, ки сайтараи бархе кишварҳои ҷануби халиҷи Форс бар ташаккулҳои исломии байналмилалиро хоҳад шикаст.

Созмони ҳамкориҳои исломиро метавон қадимитарин ниҳод ва ташаккули байналмилалӣ донист, ки кишварҳои мухталифи мусалмонро гирди ҳам меоварад. Ниҳоде, ки муҳаррики аслии ташкили он, ба оташ кашида шудани Масҷидулақсо тавассути саҳюнистҳо дар соли 1969 буд ва ҳамакнун наздик ба 57 кишвари мусалмон узви он ҳастанд.

Ин созмон аз ҳамон нуқтаи оғози шаклгирӣ ба шиддат мутаассир аз мавозеи кишварҳои арабӣ аз ҷумла Миср, Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Либӣ буд. Албатта ин масъала бо таваҷҷӯҳ ба ин ки кишварҳои фавқ дар нӯки пайкони мубориза бо режими саҳюнистӣ қарор доштанд, чандон ғайримунтазира набуд. Бимонад, ки коризмотиктарин шахсиятҳои сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ низ ағлаб араб буданд. Бо ин ҳол, бо гузашти наздик ба ним қарн аз ташкили ин ниҳоди байналмилалӣ, ба назар мерасад, ки Созмони ҳамкориҳои исломӣ аз аҳдофи худ ба шиддат фосила гирифтааст.

Илова бар ин ки кишварҳое ҳамчун Ироқ, Сурия, Либӣ ва Миср, ки солҳои қабл нақши меҳварӣ дар ин созмон ифо мекарданд, ҳамакнун даргири мушкилоти дохилии худ ҳастанд ва Арабистони Саудӣ ба ҳамроҳи бархе аз кишварҳои арабӣ бо сиёсатҳои якҷонибаи худ дар хусуси бархе аз масоил амалан ин созмонро табдил ба як бошгоҳи ихтисосӣ кардаанд.

Вақте Созмон кишварҳои исломӣ ба зидди худ табдил мешавад

Шурӯи ин мушкил ба оғози мавҷи баҳори арабӣ дар минтақа бозмегардад. Замоне, ки Арабистони Саудӣ бо дарки таҳаввулоте, ки метавонист моҳияти истибдодии ҳукуматҳои шайхнишини ҳошияи минтақаи халиҷи Форсро ба хатар андозад, дахолатҳои густурда барои саркӯби онро оғоз кард.

Дар ин миён, ҳукумати Арабистон ҳамроҳии кишварҳое ҳамчун Амороти Арабии Муттаҳида ва Кувайтро ҳам дар канори худ дошт. Кудетои соли 2013 дар Миср, ки сабаби бозгашти низомиён ба раҳбарии Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раиси ситоди муштараки артиши Миср ба арсаи сиёсӣ шуд ва ҳимоят аз суботи давлати низомии Қоҳира бо пардохти 25 милёрд дулор кӯмаки иқтисодӣ намунае аз сиёсати ҷадиди Арабистон ва бархе кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс дар минтақа буд.

Илова бар ин, Арабистон ба баҳонаи густариши нуфузи Эрон дар минтақа, иқдомоти таҳоҷумии густурдае дар дастури кори худ қарор дод, ки муҳимтарини он ҳимоят аз гурӯҳҳои теруристӣ дар Ироқ ва Сурия ва ҳамлаи низомӣ ба кишвари Яман буд.

Бар асоси асноди ифшошуда, Арабистони Саудӣ масъули пардохти пули хариди анвои таслеҳот аз кишварҳои ҳавзаи Болкон ва Урупои шарқӣ ҳамчун Булғористон ва Лаҳистон барои теруристҳо будааст. Умдаи ин таслеҳот баъд аз харид ба Туркия ва Ӯрдун мунтақил ва дар ихтиёри гурӯҳҳои теруристӣ ҳамчун Ҷабҳатуннусра ва баъдҳо ДОЪИШ қарор гирифтанд. Ҳамла ба Яман пас аз суқути давлати Мансур Ҳодӣ дар Яман низ аз масодиқи муҳимми сиёсати ҷадиди Арабистон дар минтақа аст.

Ин сиёсати ҷадид ба раҳбарии Муҳаммад бен Салмон, вазири дифоъ ва валиаҳди ҷадиди Арабистон, дар садад аст, то бо мушти оҳанин соири кишварҳои арабиро дар муқобили Риёз таслим кунад. Муҳосираи дарёӣ ва заминии Қатар дар соли 2017 низ талоши дигаре дар ҳамин росто буд.

Ваҷҳи дигари фоҷеаомези рӯйкарди ҷадиди саудиҳо, ки Абӯзабиро ҳам дар канори худ дошт, оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ будааст. Агарчӣ то кунун ба далели мухолифатҳои ҷиддии афкори умумии кишварҳои Арабистон давлати Арабистони Саудӣ аз ҳар гуна иқдоми амалӣ дар ин бора худдорӣ карда, аммо интишори ахбори гуногун аз дидори мақомоти саудӣ ва аморотӣ бо мақомоти саҳюнистӣ ин гумонро эҷод карда, ки ҳамакнун ин равобит ба сурати де-факто аммо махфиёна барқарор аст. Ин дар ҳолест, ки асос ва фалсафаи Созмони ҳамкории исломӣ муқобила бо режими саҳюнистӣ ва ҳимоят аз Қудси шариф будааст.

Эрон ва Туркия муҳосираро мешикананд

Табиист, ки чунин сиёсате бо мухолифати кишварҳои мустақилли исломӣ ҳатто дар байни кишварҳои арабӣ ҳамроҳ шавад. Кишварҳои арабӣ ҳамчун Сурия ва Ироқ баъд аз раҳо шудани нисбӣ аз чанголи ДОЪИШ борҳо мухолифати худро бо сиёсати якҷонибаи меҳвари Аморот-Арабистон ва Миср эълом кардаанд. Эрон ва Туркия низ ба унвони ду кишвари муҳим ва таъсиргузори исломӣ низ чунин вазъеро таҳаммулнопазир медонанд. Эрон ҳамакнун муҳимтарин ҳомии гурӯҳи Ансоруллоҳ ва мардуми Яман дар минтақа аст ва эътиқод дорад, ки муқобила бо таҷовузи нерӯҳои саудӣ ба хоки Яман, ки аз соли 2015 оғоз шуда ҳаққи мардуми ин кишвар маҳсуб мешавад.

Туркия низ дар ҷараёни муҳосираи Қатар аз сӯи Арабистон, ба ҳамроҳи Эрон нақш дар шикасти ин муҳосира ифо карданд ва ҳатто барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаи эҳтимолии Арабистон ба хоки Қатар, иқдом ба эъзоми нерӯҳои низомии худ дар ин кишвар кард. Сиёсате, ки бо ифшои қатли Ҷамол Хошқучӣ дар консулгарии Арабистон ба Истонбул мӯҷиби гирифториҳои ҷиддӣ барои давлати Риёзро фароҳам кардааст.

Ҳоло низ ба назар мерасад ҷабҳабандии ҷадиде дар байни кишварҳои исломӣ дар ҳоли шаклгирӣ аст, ки нуқтаи шурӯи он Иҷлоси Куоло-ломпур дар Молезӣ аст.

Вақте сармоягузории Риёз дар ҷануби шарқи Осиё бар бод меравад

Минтақаи ҷануби шарқи Осиёро метавон яке аз ҳавзаҳои ҷуғрофиёие донист, ки алорағми зарфиятҳои фавқулъода иқтисодӣ ва сиёсӣ камтар мавриди таваҷҷӯҳи кишварҳои исломӣ қарор дорад. Андунезӣ ва Молезӣ ба унвони ду кишвари муҳимми исломии ин минтақа, нақши муҳимме дар тавсиъаи иқтисодии ҳавзаи иқтисодии Иттиҳодияи кишварҳои ҷануби шарқи Осиё ифо мекунанд. Андунезӣ ҳамакнун пурҷамъияттарин кишвари осиёӣ маҳсуб мешавад, ки то соли 2030 ба 10-умин қудрати иқтисодии дунё бо 4 трилюн дулор тавлиди нохолиси дохилӣ табдил хоҳад шуд.

Бо дарки ҳамин мавқеият буд, ки Малик Салмон дар соли 2016 сафаре пур сару садо ба ин минтақа ба роҳ андохт, ки яке аз натоиҷи он судури як баёнияи зидди эронӣ аз сӯи давлати Молезӣ дар замони нахуствазирии Наҷиб Раззоқ шуд.

Бо ин ҳол таҳаввулоти як соли ахир сабаб шуда, то Арабистон сармоягузориҳои худро бар бод рафта бибинад. Дар Молезӣ Моҳотир Муҳаммад, ки 93-солагиро низ гузаронда ба ҷойи Наҷиб Раззоқ ба қудрат расид. Раззоқ билофосила баъд аз барканорӣ ба иттиҳоми дарёфти ришва аз Арабистони Саудӣ додгоҳӣ шуд ва Моҳотир Муҳаммад Молезиро аз ҳузур дар эътилофи саудӣ барои ҳамла ба Яман берун кашид. Иттифоқе, ки агарчӣ намодин маҳсуб мешуд, аммо зарбаи бузурге ба машрӯияти ин иътилоф ворид кард.

Дар канори ин, Андунезӣ низ ба тадриҷ бо дарки хатароти ҷунбишҳои салафии мавриди ҳимояти Арабистон, ба тадриҷ шурӯъ ба вазъи маҳдудиятҳои ҷиддӣ дар хусуси доманаи нуфузи Риёз дар кишвари худ кард. Кор ба он ҷо расид, ки Андунезӣ ва Молезӣ дар зимистони соли 2019 аз Муҳаммад бен Салмон мӯҳтарамона тақозо карданд, ки сафари худро ба ин ду кишварро лағв кунад. Ҳоло ҳам Иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ ваъдаи шаклгирии блоки ҷадиде дар муқобили Арабистонро медиҳад.

Тарси Арабистон аз ташкили блоки ҷадиди кишварҳои исломӣ

Замоне, ки хабари лағви ҳузури Имронхон, нахуствазири Покистон бо фишори Арабистон дар ин иҷлос мунташир шуд, мизони тарси Риёз аз шаклгирии ин эътилофи ҷадид мушаххас шуд.

Нишастани сарони кишварҳои Эрон, Молезӣ, Туркия ва Андунезӣ бар сари як миз, бадтарин рӯйдоде аст, ки метавонад дар арсаи диплумотик бар сари Арабистон биёяд. Баёнияи тунди Созмони кишварҳои исломӣ нишон дод, ки ин шикоф то чӣ ҳадд барои Риёз дардовар аст.

Ҷолиб ин ҷост, ки дар ин иҷлос интиқод аз заъф ва нокоромадии Созмони ҳамкории исломӣ меҳвари аслии суханони Моҳотир Муҳаммад, нахуствазири Молезӣ ва Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия буд.

Аз сӯи дигар зарфияти кишварҳои гирдомада дар ин иҷлос на танҳо аз тамоми кишварҳои арабӣ бештар аст, балки метавонад ба роҳатӣ онро ба ҳошия бурда ва ба як вазнаи таъсиргузор табдил шавад. Иттифоқе, ки бидуни шак ҳеч гоҳ матлуби Ғарб, ки ба дунболи тақвияти блоки кишварҳои арабӣ дар муқобили Эрон аст, нахоҳад буд.

Farsnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.