Сиёсат

Далели адами ҳузури нахуствазири Покистон дар нишасти Куоло-ломпур аз забони Ардуғон

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар ҷараёни гуфтугӯ бо намояндагони расонаҳо гуфт, ки Покистон ба далели фишорҳои саудӣ ва эҳтимоли таҳримҳои иқтисодии ин кишвар, маҷбур ба ақибнишинӣ аз Иҷлоси сарони Куоло-ломпур шудааст.

Ба гузориши Daily Sabah, Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ кишварҳое ҳамчун Покистон ва Андунезиро таҳдид карданд, ки агар дар Нишасти сарони кишварҳои исломӣ дар Молезӣ ширкат кунанд, паёмадҳое барои онҳо ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Ардуғон афзуд: “Ин нахустин боре нест, ки Арабистон ва Аморот ба як кишвар барои анҷоми коре ва ё анҷом надодани он, фишор меоваранд.”

Раисиҷумҳури Туркия изҳор кард: “Мутаассифона фишорҳои Арабистон алайҳи Покистон машҳуд аст. Онон (саудиҳо) қавлҳое низ барои пуштибонӣ аз Бонки марказии Покистон додаанд. Аз ҳама муҳимтар, наздик ба чаҳор милюн покистонӣ дар Арабистон машғул ба коранд ва мақомоти саудӣ таҳдид кардаанд банглодешиҳоро ҷойгузини нерӯҳои кории Покистон мекунанд.”

Ардуғон афзуд: “Саудиҳо илова бар ин, таҳдид карданд пулеро, ки ба ҳисоби Бонки марказии Покистон барои кӯмак ба тақвияти захоири арзӣ вориз карда буданд, пас хоҳанд гирифт, ва ба ҳамин далел, Покистон низ бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти иқтисодӣ, маҷбур ба таслим шудан дар баробари хостаҳои Арабистон шуд.”

Дар ҳамин робита, рӯзномаи Yeni Şafak дар гузорише ба ин масъала пардохта ва навишт: “Ба назар мерасад онҳо аз иқтисод ба унвони абзоре барои боҷгирӣ истифода мекунанд.”

Дар идомаи ин матлаб омадааст, мо аз мушкилот, муъзалот ва чолишҳои пеши рӯи Покистон огоҳ ҳастем. Бо ин ҳол, ҳанӯз ҳам шигифтовар ва ба ҳамон андоза ғамангез аст, ки Покистон таслими кишваре монанди Аморот шуд.

Гузориш афзуда, ҳар ду кишвари Арабистон ва Аморот таҳдиде мушобеҳ алайҳи Андунезӣ эҷод карданд, бинобар ин, Ҷокорто низ аз ҳузур дар ин иҷлос худдорӣ кард. Арабистон ва Аморот имрӯз ба намояндагӣ аз Иёлоти Муттаҳида, Исроил ва Англистон алайҳи мусулмонон меҷанганд.

Дар идомаи гузориш омада, Иҷлоси Куоло-ломпур, ки бо ҳадафи тамаркуз бар мушкилоти ҷаҳони ислом ва пешниҳодҳо барои ҳалли ин мушкилот барномарезӣ шуда буд, тавассути Аморот, Арабистони Саудӣ ва Миср бо ихлол мувоҷеҳ шуд.

Баёнияи расмии Покистон дар бораи адами ҳузур дар Нишасти Куоло-ломпур

Вазорати умури хориҷаи Покистон пас аз чанд рӯз сукут дар қиболи пурсишҳои мутаъаддиди расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ мабнӣ бар далоили инсирофи Имронхон аз ҳузур дар Иҷлоси сарони Куоло-ломпур, эълом кард, ки Исломобод хоҳони “иншиқоқ миёни миллатҳои исломӣ” нест.

Дар ин баёния ба нақл аз сухангӯи Вазорати хориҷаи Покистон омадааст: “Акнун замони анҷоми талошҳо барои рафъи нигарониҳои аслии кишварҳои бузурги мусалмон дар иртибот бо тақсими эҳтимолии ҷаҳони ислом аст ва Покистон ба ҳамин далел дар Нишасти Куоло-ломпур ширкат накард.”

Дар ин баёния омадааст: “Покистон ба нақши худ барои таҳкими ҳамбастагӣ миёни миллати исломӣ ва муқобила бо чолишҳои пеши рӯи ҷаҳони ислом идома медиҳад.”

Рӯзномаи Yeni Şafak дар идомаи гузориши худ менависад: ин дар ҳолест, ки Арабистони Саудӣ ва кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс онҳое буданд, ки ҳамла ба Ироқро раҳбарӣ карданд. Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳастанд, ки имрӯз Яман дар ин вазъият қарор дорад. Онҳо кишварҳое ҳастанд, ки кудеторо дар Судон тартиб доданд. Онҳо касоне ҳастанд, ки Сурияро ба чунин фоҷеае кашондаанд ва ҳамчунин бахше аз сенориюи тақсими Либӣ ҳастанд.

Дар идомаи ин матлаб омадааст, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистон дар ҳоли эҷоди як шикофи бузург дар ҷаҳони ислом бо меҳварияти муқобила бо Эрон ва Туркия ҳастанд, аммо онҳо бояд бидонанд, ки сарват ва шукӯҳи пӯшолиашон бо як мушак аз байн хоҳад рафт.

Моҷаро чист?

Иҷлоси исломии Куоло-ломпур рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар пойтахти Молезӣ бо ҳузури сарон ва намояндагони 6 кишвари исломӣ: Андонезӣ, Покистон, Туркия, Эрон, Молезӣ ва Қатар оғоз шуд.

Молезӣ аз ҳеч як аз кишварҳои ҷаҳони араб ва дар раъси онҳо Арабистон барои ҳузур ва ширкат дар ин иҷлос даъват накард ва ҳамин амр хашму норизояитии онҳоро барангехтааст.

Бисёре аз коршиносон ва таҳлилгарони ҷаҳони ислом, ин иҷлосро “ҳастаи созмони ҷадиди исломӣ” ва “ҷойгузини эҳтимолии Созмони ҳамкории исломӣ” тавсиф карданд, ки албатта бо интиқоди дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ ва бархе аз мақомоти саудӣ ва аморотӣ ва баҳрайнӣ ҳамроҳ шудааст.

Юсуф Алусаймин, дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ, дар вокуниш ба ин иҷлос гуфт: “Созмони ҳамкории исломӣ ниҳоде барои гирди ҳам омадани ҳамаи мусулмонон аст ва ҳар иқдоми исломии муштарак бояд дар чаҳорчӯби ин созмон анҷом шавад.”

Вай, зимни маҳкум кардани Иҷлоси Куоло-ломпур тасреҳ кард: “Ҳар иқдоми хориҷ аз Созмони ҳамкории исломӣ тазъифи ислом ва уммати исломӣ аст. Баргузории чунин нишастҳое хориҷ аз ин созмон, қудрати раъйдиҳии ҷаҳони ислом дар баробари ҷомеаи ҷаҳониро тазъиф хоҳад кард ва ин масъала ба маънои заиф шудани ислом ва ҷомеаи мусалмон аст.”

Алусаймин идома дод: “Ин ки як узв иқдом ба баргузории нишасти хосси ҷаҳони ислом хориҷ аз чорчӯби созмон бикунад, ба маънои зарба задан ба ҳамбастагии исломӣ, эҷоди тафриқа ва сози мухолиф задан аст. Баргузории чунин иҷлосҳо ва дидорҳое хориҷ аз созмон, ба нафъи уммати исломӣ нест, бавежа дар замоне, ки дунё шоҳиди низоъҳои мутаъаддид аст.”

Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ гуфт: “Даъват барои ширкат дар чунин дидорҳо ва иҷлосҳое хориҷ аз созмон, иттифоқе бесобиқа аст. Ин созмон, садои ҷомеъ ва бузурге аст, ки олами исломӣ аз шарқ то ғарбро зери ливои худ дорад.”

Алусаймин дар ҳоле ба баргузории ин иҷлос интиқод карда, ки бисёре аз коршиносон ва мақомҳои арабӣ борҳо бар нокоромадии Созмони ҳамкории исломӣ дар ҳалли мушкилот ва масоили ҷаҳони ислом таъкид карданд.

Ҳамчунин дар бораи амалкарди Созмони ҳамкории исломӣ, ки пас аз Созмони Милали Муттаҳид дуввумин ниҳоди бузурги байналмилалӣ аст, суолҳои мутаъаддиде вуҷуд дорад.

Ба ақидаи коршиносон, кишварҳои нафтхез ва сармоядоре чун Арабистон ва Аморот солҳост бо дулорҳои нафтии худ, орои шумори зиёде аз аъзои Созмони ҳамкории исломиро ба нафъи сиёсатҳои минтақаии худ харидорӣ мекунанд.

Сарони арабии ҳавзаи халиҷи Форс дар сафаҳоти шахсии худ дар Твиттер аз ин иҷлос бо ҳаштаги “Иҷлоси Зирор”, ки манзур иҷлоси мунофиқона аст, ёд карданд ва муддаӣ шуданд ин иҷлос ба сабаби ғиёби саудӣ, шикаст хӯрдааст.

Вокуниши намояндагони Маҷлиси Покистон

Рӯзи панҷшанбеи гузашта намояндагони Маҷлиси Покистон ва ҳамчунин шахсиятҳои саршиноси сиёсии ин кишвар, ки адами ҳузур дар Нишасти исломии Куоло-ломпурро маънодор медонанд, хостори огоҳ шудан аз иллати ғайбати Имронхон, нахуствазири Покистон дар ин конфронси байналмилалӣ шуданд.

Бархе сиёсатмадорон ва манобеи огоҳ дар Покистон, адами ҳузури нахуствазири ин кишвар дар Нишасти Куоло-ломпурро натиҷаи фишорҳои хориҷӣ бавежа мулоҳизоти бархе муттаҳидони арабии давлати Исломобод медонанд, аммо Имронхон “манофеи миллӣ”-ро далели инсирофи худ аз сафар ба Куоло-ломпур эълом кард.

Сенотур Сайид Мушоҳид Ҳусайн, аз Ҳизби Муслимлиги Навоз ва раиси Кумитаи доимии равобити хориҷии Маҷлиси сенои Покистон, гуфт: “Тасмими давлат барои инсироф аз ширкат дар Нишасти сарони исломӣ, бисёр паёмадҳои хатарноке ба ҳамроҳ дорад.”

Вай афзуд: “Адами ҳузур дар нишасти муҳимми Куоло-ломпур ва он ҳам замоне, ки кишварҳои муҳимми минтақа шомили Ҷумҳурии Исломии Эрон, Молезӣ ва Туркия аз мавозеи Покистон дар хусуси масоили минтақаӣ ҳимоят мекунанд, ба зарари кишвар тамом мешавад.”

Ба гуфтаи манобеи хабарии Покистон, Имронхон дар канори сарони Молезӣ ва Туркия, ҷузъи афроде буд, ки дар ҳошияи иҷлоси ахири Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-йорк, тасмим гирифтанд, ки барномаи навине барои муқобила бо исломҳаросӣ ба иҷро гузошта ва дар ин хусус нишасти муҳимме бо ҳузури сарони ҷаҳони ислом баргузор кунанд, аммо ғайбат дар Нишасти Куоло-ломпур, суолҳои бисёреро ба дунбол дорад, ки чаро Имронхон дар ин марҳилаи ҳассос, тасмим ба адами ҳузур дар Нишасти Куоло-ломпур гирифт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.