Машоҳир

Ибни Рушд ва кӯшиши ӯ барои исботи ҳамоҳангӣ миёни ақл ва имон

Ба баҳонаи солрӯзи даргузашти Ибни Рушд

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Абулвалид Муҳаммад ибни Аҳмад Ибни Рушди Андалусӣ машҳур ба Ибни Рушд, ҳамачиздон ва файласуфи номдори араби Андалус (Испониё), ки дар Урупо ба Averroes маъруф аст, дар соли 1126 дар Қуртуба (Кордова) мутаваллид ва дар соли 1198 дар Марокаш чашм аз дунё пӯшидааст.

Нахустин омӯзишҳои Ибни Рушд, дар заминаи фиқҳи моликӣ аст. Ӯ назди падараш “Ал-муваттаъ”-и Моликро омӯхт. Сипас таҳсилоташро дар риштаҳои калом, ҳуқуқ ва пизишкӣ идома дод ва муддатҳо низ дар шаҳрҳои Ишбилия (Севиляи кунунӣ) ва Қуртуба ба кори қазоват иштиғол дошт. Вай дар ҷавонӣ бо кӯмаки нахустин фармонравои муваҳҳидон, Абдулмӯъмин Алӣ, муддате ба ситорашиносӣ пардохт ва бино ба гуфтаи худаш, қасд дошт, то дониши ситорашиносиро, ки бар ҳайати батламюсӣ ва риёзиёти марбут ба он такя дошт мутаҳаввил созад ва бар асоси “усули табиӣ” назму насақаш диҳад.

* * *

Яке аз дастовардҳои муҳимми Ибни Рушд – ки дар мақолаи ҳозир, ба баҳс дар ин бора мепардозем — кӯшиши вай барои нишон додани ҳамоҳангӣ миёни ҷаҳонбинии динӣ ва фалсафӣ, ва ба дигар сухан, оштӣ миёни ақл ва имон аст. Вай дар навиштаҳои муҳимме, ки ба риштаи таҳрир даровардааст, ба пайванд миёни ақлу имон ва дину фалсафа пардохтааст.

Ҳастаи марказии назариёти Ибни Рушд дар ин замина он аст, ки фалсафа вежаи нухбагон ва шариат барои ҷумҳури мардум аст. Ҳадафи дин ё шариат, саодати оммаи мардум ва ҳадафи фалсафа, баъзе аз онҳост. Ва натиҷаи поёние, ки Ибни Рушд аз пажӯҳишҳои худ дар бораи ҳамоҳангӣ миёни дин ва фалсафа мегирад ин аст, ки фалсафа дӯсти шариат, ва ҳар ду дар ҷавҳар ва сиришти худашон, дӯстдори якдигаранд.

Лозим ба ёдоварист, эҷоди вифоқ миёни “илм ва дин” ва низ “ҳикмат ва шариат”, масъалае будааст, ки аз дербоз андешамандони зиёде бад-он таваҷҷӯҳ доштаанд, махсусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки фалосифа гоҳе аз сӯи уламои мазҳабӣ мавриди сарзаниш қарор мегирифтанд. Фалосифа бо ин кори худ мехостанд нишон бидиҳанд додаҳои динӣ ҳеч таъорузе бо додаҳои ақлӣ надорад.

Барои нахустин бор, Мӯътазила ба фикри эҷоди вифоқ миёни дин ва фалсафа афтоданд. Онҳо гуфтанд: ақл ва ваҳй ҳар ду аз ҷониби Худованданд ва яке мукаммили дигаре, ва миёнашон ҳеч гуна таъорузе нест. Ваҳй маъқул аст; зеро аз ҷониби Худои ҳаким аст, ва чун маъқул аст, бо ақл таноқузе надорад ва агар миёни ваҳй ва ақл ихтилофе дида шуд, бояд ба таъвил пардохт.

Кендӣ, файласуфи араб, аз фалосифае аст, ки ба чунин кӯшише бархост. Ӯ дар рисолае, ки барои Аҳмад ибни Алмуътасим навиштааст, мехоҳад миёни фалсафа ва дин вифқ диҳад. Ӯ мегӯяд: “Ба ҷони худам савганд, ки гуфтори Пайғамбари ростгӯ, Муҳаммад (с) ва ҳар чиро, ки аз ҷониби Борӣ азза ва ҷалла оварда, чун ба миқёси ақл санҷида шаванд, дар хӯри пазиришанд  ва ҷуз касоне, ки аз неъмати ақл бебаҳра бошанд, ба дафъу инкори онҳо барнахезанд. (Расоилу Кендӣ ал-фалсафия, с.244)

Дигар фалосифа низ чунин буданд. Аммо Ибни Рушд мехост ҳарфи охирро бизанад ва мавзӯъро ба наҳви хоссе ба тафсил баён кунад. Бахусус дар асри ӯ, фуқаҳо комилан дар муқобили фалсафа ҷабҳа гирифта буданд. Дар ин замина, тамоюли онҳо ба дидгоҳҳои Имом Ғазззолӣ соҳиби китоби “Таҳофутул-фалосифа”, худ аз омилҳои муҳим ба шумор мерафт.

Имом Ғаззолӣ шадидан фалосифаро мавриди ҳамла қарор дод ва гуфт: “Таноқузашон далели заъфи бароҳин ва истидлолоташон дар қазоёи илоҳӣ аст…” То он ҷо, ки навишт: “Бояд дониста шавад, ки нақли ихтилофоти фалосифа ба тӯл меанҷомад; зеро хабту хатояшон бузург ва низоъашон бисёр ва ороашон пароканда ва роҳу равишашон гуногун ва мунҳариф аст, ва мо ба баёни таноқузе, ки дар гуфтори пешвои эшон, файласуфи мутлақ ва муаллими аввал, Аристотолис, дида мешавад, мепардозем… Ва ман ба ин мавзӯъ ишора кардам, то бидонӣ, ки худ ба мазҳаби худ яқин надоранд ва бештари аҳкомашон бар мабнои занну тахмин аст, на таҳқиқу яқин. Илми ҳисобу мантиқро далели сиҳҳати эътиқодашон дар улуми илоҳӣ қаламдод мекунанд ва уқули заифаро мефиребанд. Агар улумашон дар илоҳиёт низ аз бурҳони саҳеҳ бархӯрдор ва аз тахмин ба дур мебуд, ҳамчунон ки дар илми ҳисоб ихтилофе надоранд, дар он илм низ ихтилофе намедоштанд…” (Таҳофутул-фалосифа, с.76-77)

Ибни Рушд бо қотеъияти тамом, ба баҳс дар ин мавзӯъ пардохт, зеро худ сахт мавриди ҳуҷуми мухолифони фалсафа буд. Ӯ нахуст зарбаи муҳкамашро бар Имом Ғаззолӣ фуруд овард, чунонки иддаоҳои ӯро мутазалзил сохт ва ба мардум фаҳмонд, ки фалсафа бо дин мухолиф нест, балки мӯҷиби устувории мабонии дин ва тафсири румузу асрори он аст.

Ибни Рушд китоби “Таҳофут ут-таҳофут” ва низ рисолаи “Фаслул-мақол ва тақриру мо байн ал-ҳикмати ваш-шариаити мин ал-иттисол” ва рисолаи “Алкашфу ъан маноҳиҷ ил-адилла фи ақоид ил-милла ва таърифу мо вақаъа фиҳо биҳасабит-таъвил мин аш-шубаҳил музайяффа вал-ақоид ал-музилла”-ро дар ин боб таълиф кард.

* * *

Лозим аст пеш аз он, ки дидгоҳи Ибни Рушд дар ин замина мавриди баррасӣ қарор гирад, ба чанд матлаб таваҷҷӯҳ шавад:

а) Мурод аз илм ва дин чист? Баъд аз равшан шудани матлаб сипас аз иртибот байни онҳо сухан ба миён оварем. Дар баҳси “таъорузи илму дин”, мурод аз “илм” маҷмӯаи донишҳоест, ки аз роҳҳои оддӣ (ҳисс, таҷриба, таъаққул, истидлол, нақл, кашф ва шуҳуд) ба даст меояд. Бинобар ин, метавон баҳсро ин гуна тарҳ кард:

Агар аз роҳи оддӣ собит шуд, ки “А” “В” аст, ва аз роҳи ғайриоддӣ, яъне ваҳй ва илҳом, гуфта шуд “А” “В” нест, чӣ бояд кард?

б) Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ, тафкик миёни таъорузи зоҳирӣ ва воқеӣ аст. Агар мурод, таъорузи зоҳирӣ бошад, дар вуҷуди ин таъоруз миёни илму дин ҳеч шакке нест, мисли ин ки дин қоил ба ҳафт осмон (сабъа самовот) буда ва илм қоил ба як осмон аст. Ин таъоруз, ба иттифоқи назари уламои динӣ қобили рафъ аст.

Пас аз ин ки таъорузи зоҳирӣ мусаллам шуд, иддае мегӯянд: ин таъоруз фақат зоҳирӣ аст. Иддаи дигаре онро воқеӣ дониста ва пас аз таъаммул низ онро боқӣ медонанд. Гурӯҳи аввал, дар ҳақиқат, дар садади рафъи таъорузанд ва роҳҳои рафъи таъоруз дар садади нишон додани ин мавзӯъ аст, ки таъоруз фақат зоҳирӣ аст. Аммо агар таъоруз воқеӣ бошад, роҳе барои рафъи он вуҷуд надорад.

Агар битавонем собит кунем, ки таъоруз зоҳирӣ аст, мушкил рафъ шудааст. Аммо агар таъоруз воқеӣ бошад, чун ҷамъ байни мутаъоризайн маҳол аст, пас ё бояд даст аз дин бардорем, то олим бимонем ва ё бояд даст аз илм бардорем, то мутадайин бимонем.

в) Зикри ин нукта зарурӣ аст, ки мутуни муқаддаси диниро бояд аз тафсир ва фаҳми олимони дин тафкик кард. Ин кор дар рафъи таъоруз муассир аст. Масалан, дар Қуръон таъбири “сабъа самовот” (ҳафт осмон) омада ва муфассирон чун дар он замон бо ҳайати батламюсӣ ошно буданд, онро ба “ҳафт фалак” маъно мекарданд. Аз ин рӯ, агар акнун пас аз асри Коперник ва Голиле ва Нютон, гуфта шавад, ки ин гузора бо воқеияти илмӣ муъориз аст, бояд дар мақоми ҷавоб ибтидо мулоҳиза кард, ки оё Қуръон мегӯяд, “ҳафт фалак” ё “ҳафт осмон”? Маълум аст, ки дар Қуръон таъбир ба афлок нашуда ва ин муфассирон будаанд, ки ба далели унс бо ҳайати батламюсӣ, ҳафт фалакро аз он фаҳмидаанд. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки бисёре аз муфассирон “сабъа самовот”-ро ҳафт фалак маъно накардаанд.

Ҳосили сухан он ки тафсири муфассиронро метавон канор гузошт, аммо худи гузораи диниро на. Ҳол бояд дид чӣ роҳҳое барои рафъи таъоруз ироа шудааст.

Назарияи Ибни Рушд

Чунонки дар боло гуфта омадем, яке аз дастовардҳои муҳимми Ибни Рушд кӯшиши вай барои нишон додани ҳамоҳангӣ миёни ҷаҳонбинии динӣ ва фалсафӣ, ва ба дигар сухан, оштӣ додани ақлу имон аст. Вай барои аз миён бардоштани даргириҳои сохтагӣ миёни ҷаҳонбинии фалсафӣ ва динӣ, ки Ғаззолӣ беш аз ҳама ба оташи он доман зада буд, навиштаҳои муҳимме падид овард, ки ба пайванд миёни ақлу имон ва дину фалсафа пардохтааст.

Ибни Рушд мӯътақид аст, фалсафа вежаи нухбагон ва шариат барои ҳамагон ё оммаи мардумон ва ба таъбири худи вай, барои “ҷумҳур” аст. Ҳадафи дин ё шариат, саодати оммаи мардум, ва ҳадафи фалсафа баъзе аз онҳост. Ё чунонки худи вай мегӯяд: “Фалсафа ҳадафаш таърифи саодати ақлии баъзе аз инсонҳост ва инонанд, ки бояд ҳикматро биёмӯзанд. Аммо шариатҳо қасдашон омӯзондани ҳамаи мардумон аст.” (Таҳофут ут-таҳофут, с.572)

Ҳол, роҳи ҳалле, ки Ибни Рушд ироа кардааст:

Ибни Рушд барои равише, ки баргузидааст, ба Қуръон истидлол кардааст, зеро Қуръон назари ақлиро воҷиб дониста ва ин ба фаро гирифтани фалсафа мунҷар мешавад. Ибни Рушд мегӯяд, “амали фалсафа беш аз ин нест, ки одамӣ, дар мавҷудот, аз он ҳайс, ки далолат бар вуҷуди сонеъ ва офаридгори худ доранд, бингарад.” (Фаслул-мақол, с.27) Сипас меафзояд, дин низ мардумро ба ин назар амр карда ва онро воҷиб донистааст. Ин нигаристан дар мавҷудот, аз зоҳири оёти зиёде дониста мешавад; чунонки ояти:

اَوَلَم یَنظُروا فی مَلكوتِ السَّمواتِ و الارضِ و مَا خَلقَ اللَّهُ مِن شییء

(Сураи Аъроф, ояти 184) ва ояти:

فَاعتبِرُوا یَا اُولیِ الابصارِ

(Сураи Ҳашр, ояти 2) мардумро ба вуҷуби истеъмоли қиёси ақлӣ, ё қиёси ақлӣ ва шаръӣ бо ҳам амр мекунад. Назару эътибор ҷуз бо қиёси ақлӣ муяссар намешавад; зеро “эътибор чизе ҷуз ҳамон истинботи маҷҳул аз маълум ва истихроҷи он нест, ва ин амр ё худ қиёс аст ва ё ба қиёс муяссар мешавад.” (Фаслул-мақол, с.28)

Пас, назар кардан дар мавҷудот ба василаи қиёси ақлӣ воҷиб аст ва аз ин рӯ, назари фалсафӣ воҷиб аст. Агар фақеҳ аз ояти:

فَاعتبِرُوا یَا اُولیِ الابصارِ

— истинботи вуҷуби маърифати қиёси фиқҳӣ мекунад, шоиста аст, ки ориф аз ҳамин оят истинботи вуҷуби маърифати қиёси ақлӣ намояд. Аз ин гузашта, оё ҳикмат дар Қуръон чизе ғайр аз фалсафа аст?

Бинобар ин, равшан шуд, ки шаръ мардумро ба қиёси ақлӣ водор мекунад ва онро воҷиб мешуморад ва аз ба кор бурдани он чорае нест. Пас, мутафаккир бояд қоъидаҳои ин қиёс ва бурҳонро бишносад ва ба таълими мантиқ таваҷҷӯҳ кунад ва ба таҳсили фалсафа машғул шавад.

Ибни Рушд мегӯяд: “Ҳарчанд пеш аз мо касоне ба таҳқиқ дар қиёсҳои ақлӣ ва анвои он напардохта бошанд, бар мо воҷиб аст, ки ин таҳқиқу тафаҳҳусро оғоз кунем… Мусаллам аст, ки бояд аз он чи пешиниён овардаанд истифода кунем, хоҳ дар дин бо мо шарик бошанд ё набошанд, масалан, василае, ки бад-он ҳайвонеро зибҳ мекунем муҳим нест, ки оё маснуи касоне аст, ки бо мо дар дин мухолиф ҳастанд ё хайр, зеро истифода аз чоқуи сохташуда тавассути мушрикон ва амсоли он, ишколе надорад ва ҳеч кас нагуфтааст, ки забиҳаро бояд бо чоқуи маснуи мусалмон забҳ кард Мақсуди ман аз касоне, ки дар дин бо мо шарик нестанд, касонеанд, ки пеш аз ислом будаанд…” (Фаслул-мақол, с.35)

Ӯ сипас изофа мекунад: “Агар касоне дар мактаби ҳикмат хавз карда ва гумроҳ шудаанд, гумроҳии эшон монеи таъаммуқи мо дар ин китобҳо намегардад, зеро он гумроҳӣ ё ба далели нақси фитрати эшон буда ё он ки муаллиме наёфтаанд, ки онҳоро ба тариқи савоб яъне фаҳми маъонии онҳо иршод кунад, чунонки агар об баъзеро гулӯгир шуда ва куштааст, ин монеъ аз он нест, ки ташна оби сарду гуворо бинӯшад, чаро ки марг дар асари гулӯгир шудани об оризӣ аст ва марг аз ташнагӣ ҳатмӣ ва зарурӣ…” (Фаслул-мақол, с.39) Бинобар ин, агар чизе нафъи зотӣ дошт, ҳаргиз ба далели зарари оризӣ аз он даст барнамедорем, ва агар шариати ислом ҳақ аст ва мардумро ба нигаристан амр мекунад, то ба ҳақ бирасанд, пас назари бурҳонӣ ҳаргиз ба мухолифат бо он чи дар шаръ омадааст мунҷар намегардад.

Рубрики:Машоҳир, Фалсафа

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.