Перейти к содержимому

Ҳамаи он чи ки бояд дар мавриди эътирозоти Ҳиндустон бидонем

Эътирозоти ахир дар Ҳинд нақшаҳои Мудӣ барои тағйири сохтор ва бофти ҷамъияти иёлатҳои мусалмоннишинро мушаххас кард ва нишон дод, ҳизби Бҳоротиё Ҷоното, ки замоне дар корномаи худ қатли Гондӣ ва низ тахриби масҷиди Бобуриро доштааст ва дар замони интихобот баён мекард, ки мавозеи мӯътадилтареро иттихоз хоҳад кард, ҳанӯз ҳам мавозеи зиддиисломии шадиде дорад, ки мумкин аст дар рӯзҳои оянда бештар аз пеш ошкор шавад.

Аз рӯзи 4 декабр, ки лоиҳаи ислоҳи қонуни шаҳрвандии Ҳиндустон ба порлумони ин кишвар рафтааст, эътирозоти густурдае дар иёлатҳои мухталифи ин кишвар ва бахусус иёлатҳои шимоли шарқии он, ки маҳалли зиндагии ҷамъияти мусалмони ин кишвар аст баргузор шудааст. Бар асоси ин лоиҳа, ки дар воқеъ ислоҳияе бар қонуни шаҳрвандии ин кишвар (тасвибшуда дар соли 1955) аст, баён шудааст, ки ба далели озору азиятҳои равошуда бар теъдоде аз ақаллиятҳои мазҳабӣ дар кишварҳои Покистон, Афғонистон ва Банглодеш, шаҳрвандони ин кишварҳо, ки барои гирифтани тобеият ба Ҳинд меоянд, дар сурате ки дорои мазоҳиби ҳинду, сик, будоӣ ва масеҳӣ бошанд, дорои авлавият ҳастанд ва метавонанд тобеияти Ҳиндро ба даст оваранд. Ин аввалин қонун дар таърихи Ҳиндустон аст, ки афрод бар асоси мазҳаби худ тобеияти ин кишварро ба даст меоваранд ва табъизи ошкор алайҳи ақаллияти мусалмони ин кишвар аст. Нуктаи ҷанҷолбарангез дар ин лоиҳа ин аст, ки ин афрод қарор аст баъд аз тобеият, дар ҳамон иёлатҳои шимоли шарқӣ, ки аксаран мусалмоннишин ҳастанд сукунат пайдо кунанд ва ин талоши ошкори давлати Ҳиндустон барои тағйири бофти ҷамъиятии ин иёлатҳоро нишон медиҳад.

Бар асоси ин қонун, 31 ҳазору 300 шаҳрванди ҷадид ба ҷамъияти 1.3 милёрд нафарии Ҳиндустон изофа мешавад, ки аз ин мизон, 25 ҳазору 400 нафар ҳинду, 5800 нафар сик ва камтар аз сад нафарашон масеҳӣ ҳастанд. Ин қонун тавассути ҳизби миллигарои Бҳоротиё Ҷоното ба маҷлис пешниҳод шуда, ки ҳамон ҳизбе аст, ки ҳаминак давлати Ҳиндустонро низ раҳбарӣ мекунад ва аз аҳзоби ба шиддат зиддиисломӣ аст. Пеш аз ин дар тӯли интихобот, ин ҳизб ваъда дода буд, ки ақаллиятҳои мазҳабие, ки дар кишварҳои мусалмоннишини ҳамсоя ҳастандро ба унвони муҳоҷир ва паноҳҷӯ мепазирад.

Авҷгирии эътирозот

Бо вуҷуди он ки эътирозот аз рӯзи 4 декабр ва бо тарҳи ин лоиҳа ба маҷлис, оғоз шуда буд, аммо авҷгирии тазоҳуротҳо дар саросари Ҳиндустон ба рӯзи 15 декабр яъне 3 рӯз баъд аз тасвиби ин қонун дар маҷлиси ин кишвар бозмегардад. Дар ин рӯз дар чанд донишгоҳи Ҳиндустон эътирозоте ба ин қонун сурат гирифт, ки ба далели бархӯрди хушунатомези пулис бо мӯътаризон ва донишҷӯён ва истифодаи пулис аз гози ашковар, ҳудуди 200 донишҷӯ захмӣ шуда ва чандин тани дигар низ боздошт шуданд. Бо афзош ёфтани хушунатҳо, донишҷӯёни дигар донишгоҳҳои Ҳиндустон низ барои эъломи ҳимоят аз донишҷӯёне, ки бо бархӯрди хушунатомези пулис мувоҷеҳ шуда буданд, даст ба эътироз заданд ва ин эътирозот баъд аз донишгоҳҳо ба сатҳи шаҳрҳо кашида шуд. Бархӯрди хушунатомези пулис аммо боис шуд, ки то таърихи 19 декабр 9 тан кушта шаванд, ки ду тан аз онҳо кӯдак буданд ва беш аз 1200 нафар низ то ба ҳол боздошт шудаанд, ки теъдоди зиёде аз онҳоро ҳуқуқдононе ташкил медиҳанд, ки ба тазодди ин қонун бо қонуни асосии Ҳиндустон эътироз доштаанд.

Бо вуҷуди ин ки онҳо шикояти худ аз ин мусаввабаи маҷлисро ба девони олии ин кишвар ироа додаанд, аммо девони олии ин кишвар эълом кардааст, ки имкони ироаи назар то моҳи апрели соли ояндаро надорад, ва ин ба маънои талош барои фурӯ нишондани хашми мардум дар тӯли ин се моҳ аст.

Аз сӯи дигар, пулиси ин кишвар аз рӯзи 19 декабр эълом кардааст, ки тазоҳурот ғайриқонунӣ аст ва касоне, ки дар ин эътирозот ширкат кунанд, боздошт мешаванд. Дар бархе аз иёлатҳо ва шаҳрҳо қонуни манъи убуру мурур низ барқарор шуда ва дар шаҳрҳое монанди Деҳлӣ интернет телефонҳои ҳамроҳ низ қатъ шудааст. Бо ин ҳол, мардум боз ҳам ба эътирозоти худ идома медиҳанд.

Эътирозоти мусалмонон ва хотираи масъалаи Кашмир

Истротежии давлати Ҳиндустон барои бархӯрди хушунатомез бо эътирозот ва талош барои вақткушӣ дар эъломи назари девони олии ин кишвар дар хусуси ин қонун, то ҳадди зиёде ба сиёсати ин кишвар дар бархӯрд бо масъалаи Кашмир шабоҳат дорад. Дар хусуси масъалаи Кашмир низ, Норендро Мудӣ бо қатъи интернет ва телефонҳои ин минтақа, муҳосираи минтақа ва саркӯби мардум, роҳ барои пасгирифтани ҳаққи худмухтории мардум дар ин минтақаро боз кард. Ба ҳамин хотир аст, ки теъдоде аз корбарони мусалмони ҳиндӣ дар фазои маҷозӣ, иттифоқоти чанд рӯзи ахирро “такрори Кашмир» барои мардуми Ҳиндустон медонанд. Онҳо мӯътақиданд бетафовутии мардуми Ҳиндустон ба масъалаи Кашмир боис шудааст, ки ҳоло Ҳиндустон ба як Кашмири бузург табдил шавад ва Мудӣ ва аъзои ҳизбаш Ҳиндустонро ба муҳосираи худ даровардаанд.

Мудӣ; Тромпи Ҳиндустон?

Яке аз тасовире, ки дар фазои маҷозӣ бозтоби зиёде дошт, марбут ба замоне буд, ки нахуствазири Ҳиндустон бо Тромп даст медод. Ҳар ду раҳбар, ки ба даст доданҳои тӯлонимуддат ва пурфишор маъруфанд, ҳоло дар муқобили дурбин қарор гирифта буданд ва ин бор Мудӣ чунон дасти Тромпро фишор дода буд, ки хабарнигорон тавонистанд радди ангуштонашро дар дастони Тромп ба тасвир бикашанд. Ҳоло ба назар мерасад ин эҳсоси самимияти амиқи Мудӣ бо Тромп корро ба ҷойе кашонда, ки ӯ қонуни муҳоҷирати Тромпро айнан дар Ҳиндустон пиёда кардааст ва монеъ аз муҳоҷирати мусалмонон ба ин кишвар мешавад. Аз тарафе, талоши ӯ барои дурӣ ҷустан аз ҳукумати секулор дар Ҳиндустон ва табдил кардани давлат ба аркони мазҳаби ҳиндуизм, ӯро ба Натонёҳу низ шабеҳ сохтааст, ки ба дунболи ташкили давлати яҳуд дар сарзаминҳои ишғолӣ буд.

Пешбиниҳое дар бораи ояндаи эътирозот

Пешбиниҳо дар бораи ояндаи эътирозот дар ин кишвар чашмандози равшанеро барои ҷамъияти 200-милюнии мусалмонон тарсим намекунад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ — бо вуҷуди он ки бар асоси Маншури ҳуқуқи башар, ҳар гуна табъиз бар асоси нажод ва ё мазҳаб тавассути давлатҳо ғайриқонунӣ аст — на иқдомоти давлати Тромп дар бархӯрд бо муҳоҷирони мусалмонро маҳкум кард ва на дар баробари қонуни маҷлиси Ҳиндустон то ба ҳол мавзеъе доштааст. Дар хусуси хушунатҳои ба коррафта тавассути пулис низ тибқи риволи ҳамешагӣ Созмони Милал ва дабири кулли ин созмон, Гутриш ба як ибрози нигаронии содда дар ин хусус басанда кардааст ва кишварҳои дигар низ то кунун ҳеч вокунише аз худ нишон надодаанд.

Аз сӯи дигар аммо дар дохили Ҳиндустон ба далели ин ки далоили таҷаммӯъ ва эътирозоти мардум мутафовит аст ва ҷунбишҳо ва эътирозот маъмулан раҳбарии воҳиде надоранд, ба назар намерасад битавонанд ба натиҷаи хоссе бирасанд. Бархе аз мардум ба далели мухолифаташон бо муҳоҷирон ба хиёбонҳо рафтаанд, бархе ба далели табъизи нажодӣ ва мазҳабӣ ва бархе дигар низ ба хотири хушунати ба коррафта алайҳи донишҷӯён эътироз кардаанд ва мумкин аст ҳар кадом аз ин се гурӯҳ, баъд аз муддате, ба эътирозоти худ поён диҳанд. Аз сӯи дигар, ба далели ин ки ин қонун, мусаввабаи маҷлиси Ҳинд аст ва мавриди таъйиди намояндагони ин кишвар буда, дар сурате ки дар девони олии ин кишвар низ таъйид бишавад, имкони ислоҳ ва ё рад шудан надорад ва бояд иҷроӣ шавад. Ба ҳамин далел гумон намеравад эътирозот бо вуҷуди тамоми хушунатҳо ва ҳазинаҳое, ки барои мӯътаризон дарбар дошта ва теъдоди болои боздоштиҳо, битавонад тағйире дар ин қонун ба вуҷуд биёварад.

Бо ин ҳол, эътирозоти моҳи декабр нақшаҳои Мудӣ барои тағйири сохтор ва бофти ҷамъияти иёлатҳои мусалмоннишинро мушаххас кард ва нишон дод ҳизби Бҳоротиё Ҷоното, ки замоне дар корномаи худ қатли Гондӣ ва низ тахриби масҷиди Бобуриро доштааст ва дар замони интихобот баён мекард, ки мавозеи мӯътадилтареро иттихоз хоҳад кард, ҳанӯз ҳам мавозеи зиддиисломии шадиде дорад, ки мумкин аст дар рӯзҳои оянда бештар аз пеш ошкор шавад.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: