Перейти к содержимому

Вазири хориҷаи Аморот: “Дар муқобили Эрон, мо Исроилро шарики амниятии худ медонем”

Абдуллоҳ бен Зоид, вазири умури хориҷаи Амороти Арабӣ, рӯзи шанбе дар ҳисоби корбариаш дар Твиттер, матлабе мунташир карда, ки таъйид мекунад шайхнишинҳои араби ҳошияи халиҷи Форс дар ҳоли оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ ҳастанд.

Матлабе, ки Бен Зоид мунташир карда, ёддоште аст, ки бо титри “Як эътилофи арабӣ-исроилӣ дар ҳоли шаклгирӣ дар Ховари Миёна аст” дар пойгоҳи Spectator мунташир шудааст.

Дар бахше аз ин ёддошт омадааст: “Ривояти ҷадиде дар Ховари Миёна дар ҳоли зуҳур аст. Нақшаҳои ҷадид дар зеҳни мусалмон дар ҳоли тарсим буда ва нафратҳои қадимӣ дар ҳоли аз байн рафтан аст.”

Ин пойгоҳ дар идома ба сафари соли 2018 Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ба Уммон ва истиқболи гарми мақомоти уммонӣ аз вай ишора кард ва навишт: “Юсуф бен Алавӣ, вазири хориҷаи Уммон, дар посух ба шабакаи хабарии Алҷазира дар бораи чароии иҷозаи Уммон ба вазири хориҷаи Исроил барои сафар ба Масқат гуфт: “Исроил миллате дар миёни миллатҳои Ховари Миёна аст ва мо бояд барои оянда сафари ҷадидеро шурӯъ кунем.”

Дар ин ёддошт иддао шуда, ки насли ҷадиди ҷаҳони араб аз сарони кишварҳои худ хостори афзоиши рифоҳи иқтисодӣ ва коҳиши даргириҳои сиёсӣ буда ва эҷоди эътилоф аз ҷумла бо Исроил ҳастанд.

Spectator дар идома ба равобити Амороти Арабии Муттаҳида ва Баҳрайн бо режими саҳюнистӣ пардохта ва навиштааст: “Хохомҳои исроилӣ озодона метавонанд ба канисаҳое, ки дар Дубай вуҷуд дорад тараддуд кунанд ва подшоҳи Баҳрайн низ ҳамин масирро дар пеш гирифтааст.”

Дар ин ёддошт омадааст: “Кишварҳои арабӣ се далел барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ доранд, ки далели аввал, хатари исломгароҳои ифротӣ, далели дуввум зарурати иттиҳод дар муқобили Эрон, ва далели севвум ин аст, ки давлатҳои арабӣ Исроилро шарики амниятӣ ва тиҷорӣ мебинанд.”

Якчунин нишонаҳое дар Арабистони Саудӣ низ дида шудааст. Чандин веблогнависи саудӣ ва шахсиятҳои сиёсӣ дар Твиттер ба забони арабӣ аз Исроил ситоиш мекунанд. Онҳо навиштаанд, Исроил тавассути давлатҳои араб ба унвони як шарики тиҷорӣ ва амниятӣ дида мешавад. Дар ин ёддошт омадааст, ки ҳатто як шоҳзодаи араб ахиран суол кардааст, ки чӣ каси дигаре ғайр аз Исроил дар маъмуриятҳои муштарак алайҳи аҳдофи эронӣ бо мо ҳамроҳ хоҳад шуд?

Гуфтанист, раванди оддисозии равобит миёни ҳукуматҳои арабӣ ва режими саҳюнистӣ, ки дар гузашта махфиёна ва ғайриаланӣ ҷараён дошт, тайи ду соли гузашта шакли аланӣ ва фазояндае ба худ гирифтааст.

Ба рағми ин ки байни Исроил ва кишварҳои арабӣ ба ҷуз Миср ва Урдун равобити расмӣ ва диплумотик вуҷуд надорад, оддисозии равобит байни Телавив ва кишварҳои арабӣ дар заминаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва ҳатто варзишӣ дар соли гузашта ба болотарин сатҳи худ расидааст. Ба назар мерасад, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ гоми ҷиддӣ ва расмитаре барои эҳёи равобит бо Исроил бардоштаанд ва дур аз интизор нест, ки ба зудӣ шоҳиди барқарори равобити диплумотик миёни онҳо бошем.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: