Перейти к содержимому

Гузинаҳои Абдуллоҳ дар баробари эъломи пирӯзии Ғанӣ

Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистон рӯзи гузашта билохира пас аз таъхири зиёд натоиҷи ибтидоии интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистонро эълом кард, ки бар асоси он, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ тавониста бо касби 50/64 дарсади оро ба унвони пирӯзи интихобот муаррифӣ шавад.

Билофосила пас аз эъломи натоиҷи ибтидоии интихобот, Абдуллоҳ Абдуллоҳ — рақиби аслии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ки бо касби 39/52 дарсади оро дар ҷойгоҳи дуввум қарор гирифтааст, эълом кард, ки натоиҷи эъломшударо нахоҳад пазируфт ва аз роҳҳои қонунӣ барои эҳқоқи ҳуқуқаш иқдом хоҳад кард.

Ҷолиб ин ҷост, ки Кумисиюни интихоботи Афғонистон дар ибтидо мизони мушорикатро ҳудуди 2 милюну 700 ҳазор нафар эълом карда буд. Баъд аз баррасӣ, Кумисиюни интихобот ҳудуди 1 милюн раъйро ботил эълом кард, ки сатҳи орои мӯътабар дар ин интихоботи риёсати ҷумҳурӣ 1 милюну 843 ҳазор раъй аст. Дар воқеъ бо вуҷуди он ки беш аз 9 милюн дорандаи шароити раъй додан дар Афғонистон буданд, танҳо ҳудуди 20 дарсад мардум дар чаҳорумин интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон ширкат карданд.

Ҳоло иттифоқе, ки акнун ва дар даври чаҳоруми интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон барои Абдуллоҳ афтода дақиқан шабеҳи он чизе аст, ки пеш аз ин дар давраҳои дуввум ва севвуми интихобот ва дар рақобати вай бо Ҳомид Карзай ва ҳамин Муҳаммад Ашраф Ғанӣ рух дода буд, ки ҳар бор бо вокуниши мутафовит аз сӯи Абдуллоҳ ва ҳомиёнаш ҳамроҳ буд. Акнун низ Абдуллоҳ то замони эъломи натоиҷи ниҳоии интихобот фурсат дорад, то ба шакле майдони эътирозотро дар даст бигирад ва дар ин фосила битавонад то ҳадде худро дар қудрати оянда шарик кунад.

Ӯ ба хубӣ медонад, ки эъломи натоиҷи ибтидоӣ пас аз наздик ба се моҳ таъхир маънояш ин аст, ки дастҳои пушти пардаи интихоботи Афғонистон тасмими ниҳоии худ барои расондани Ашраф Ғанӣ ба курсии қудратро гирифтаанд ва ӯ роҳе ҷуз пазириши ин мавзӯъ надорад ва бояд барои мондан дар арсаи сиёсӣ ва такя задан бар бахше аз арикаи қудрат талош кунад.

Акнун ду сенорию барои рафтори эҳтимолии Абдуллоҳ дар баробари эъломи натоиҷи ибтидоии интихобот то расидан ба марҳилаи ниҳоии ин раванд мутасаввар аст:

1) Сенориюи аввал ин аст, ки Абдуллоҳ пеш аз ин ҳеч муомилае бо тарафи муқобил ва ҳомиёнаш барои ба даст гирифтани бахше аз қудрат дар ҳукумати ояндаи Афғонистон накарда ва акнун худро бозанда мебинад.

Дар ин ҳолат бояд мунтазири вокуниши тунди вай ва талош барои бархе иқдомоти тунду хашин аз сӯи ҳомиёнаш бошем. Абдуллоҳ дар ин ҳолат медонад тамоми зиндагии сиёсиашро хоҳад бохт, бинобар ин худ вориди майдон мешавад ва раҳбарии тазоҳуроти хиёбониро бар ӯҳда мегирад ва ба навъе даст ба интиҳори сиёсӣ мезанад. Аммо дар ин байн ӯ бо як монеи ҷиддӣ рӯ ба рӯст; бархе аз ҳомиёни ҷиддӣ ва қудратманди ӯ аз ҷумла Ато Муҳаммад Нур ва женерол Дӯстум дар ҳафтаҳои гузашта аз ӯ фосила гирифтаанд ва дар эътирозот ӯро ёрӣ нахоҳанд кард, ки ҳамин мавзӯъ боис мешавад қаду қавораи эътирозоти Абдуллоҳ кӯтоҳтар аз қабл шавад.

2) Сенориюи дуввум, ки мӯҳтамалтар низ ба назар мерасад ин аст, ки ҳомиёни дохилӣ ва хориҷии Ашраф Ғанӣ дар тӯли ҳудуди се моҳи гузашта ройзаниҳои худро бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ анҷом дода ва ӯро нисбат ба пазириши эъломи натоиҷи ниҳоии интихобот розӣ кардаанд, аммо Абдуллоҳ дар тӯли ин се моҳ маворидеро ба унвони пешшарти ризояташ эълом карда, ки ҳеч кадом муҳаққақ нашудааст, ки аз он ҷумла метавон ба ботил кардани 300 ҳазор раъйи мадди назараш ишора кард.

Акнун Абдуллоҳ дар зоҳир чорае ҷуз эътироз надорад, аммо ҷинси ин эътирозот бо ҷинси эътирозоти сенориюи аввал мутафовит аст. Дар ин сенорию Абудуллоҳ чеҳрае демукротик ва маданӣ ба худ мегирад ва масири эътирозотро ба самту сӯи эътирозоти қонунӣ ва ғайри хиёбонӣ мебарад. Аз сӯи дигар дар фосилаи миёни эъломи натоиҷи ибтидоӣ ва ниҳоӣ низ бархе хостаҳои ӯ аз ҷумла ибтоли бахше аз оро ва эъломи ҷурм алайҳи бархе аз раҳбарони Кумисиюни интихоботи Афғонистон ва ҳатто муҳокимаи онҳо аз сӯи ҳомиёни дохилӣ ва хориҷии Ашраф Ғанӣ дар дастури кор қарор мегирад ва Абдуллоҳ бар асоси тавофуқе, ки аз пеш анҷом шуда дар бахше аз қудрат шарик мешавад.

Дар ин сурат ҳам хостаи ҳомиёни хориҷии Ғанӣ аз ҷумла Омрико мабнӣ бар адами бурузи эътирозоти хиёбонӣ бароварда мешавад, ҳам ҳомиёни Абдуллоҳ эҳсос мекунанд ба хостаҳои қонуниашон дар раванди интихобот расидаанд ва ҳам Абдуллоҳ ва тарафдоронаш дар бахше аз қудрат дар ҳукумати оянда шарик мешаванд. Он чи аз раванди тамоми интихоботҳои Афғонистон аз замони ҳузури Омрико дар ин кишвар бармеояд ин аст, ки сенориюи дуввум ба воқеият наздиктар аст, бо ин ҳол бояд мунтазир монд ва дид дар саҳнаи амал чӣ иттифоқе рақам мехӯрад.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: