Ҷаҳон

Баргузории ҷашни Крисмас дар Арабистони Саудӣ барои нахустин бор

Давлати Саудӣ эълон кард, дар идомаи тағйироти иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар ин кишвар, барои аввалин бор дар таърихи Арабистон, ҷашни соли нави мелодӣ баргузор мекунад.

Сафҳаи твиттерии “Колиндар ас-Саудия” (Тақвими Саудӣ), ки ба муносибатҳо ва маросимҳо дар Арабистон мепардозад, бо эъломи ин хабар навиштааст, ки ин маросим дар 31 декабр дар шаҳри Мулҳам дар шимоли пойтахти Арабистон баргузор хоҳад шуд.

Дар ин ҷашн ҳамчунин қарор аст оташбозӣ ва баргузории мусиқии DJ ва маросими иҷрои таҳвили соли нави мелодӣ дар канори дигар фаъолиятҳо баргузор шавад.

Баргузории ин маросим аз замони эъломи он, интиқодоти бисёре аз корбаронро барангехтааст. Солеҳ ал-Фавзон, узви ҳайати уламои саудӣ, пеш аз ин гуфта буд, ки ҳузур дар маросимҳои оғози соли мелодӣ ҳаром ва бидъати шаръӣ аст.

Ингуна маросимҳо дар чорчӯби иқдомоте аст, ки Муҳаммад бен Салмон аз замони валиаҳдии худ оғоз карда, ки аз онҳо ба унвони “ислоҳот” ёд мешавад. Созмони “Саргармӣ”-и Саудӣ ба риёсати Туркӣ Оли Шайх, ки дар соли 2016 таъсис шудааст, мутаваллии баргузории чунин маросимҳост.

Баргузории ин маросим дар ҳолест, ки бузургтарин консерти DJ-и Ховари Миёна низ 19 то 21 декабр дар Арабистон баргузор шуд ва ҳаҷми обрӯрезии ахлоқӣ ба ҳадде буд, ки занон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хостори тафкики мардону занон дар ин гуна маросимҳо шуданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.