Машоҳир

Ба баҳонаи зодрӯзи шодравон Файзинисо Воҳидова

Ёддошти Илҳомҷон Ёқубов

Инак як сол мешавад, ки шаҳида Файзиннисо Воҳидова, вакили шинохтаи тоҷик дар байни мо нестанд.

Як сол пеш дар ҳамин шабу рӯз дар бемористони шаҳри Хуҷанд муолиҷа мегирифтанд. Ба хотири табрики зодрӯзашон занг задам, хеле сӯҳбат доштем, бештар аз фишорҳои равоние, ки аз ҷониби КДАМ ба сарашон меовард ва ҳатто дар кати беморӣ ҳам даст накашида буд, ҳарф мезаданд. Дар охири сӯҳбат гуфтанд, ки саломатиашон хуб аст ва имрӯз аз беморхона ҷавоб ва ба хонаашон мераванд, то дар халқаи оила зодрӯзашонро ҷашн гиранд.

Қарор кардем, ки пагоҳ (пагоҳи он ҳамрӯз) ба яке аз созмонҳои ҳуқуқӣ, ки қароргоҳаш дар шаҳри зисти ман буд ва ману муаллима бо он созмон ҳамкорӣ доштем меравам ва аз он ҷо дар тамос мешавам, то бо кормандони созмони ҳукуқӣ, ки чанд маслиҳату машваратҳо буд, ба охир расонем.

Рӯзи дигар ба маҳзи расидан ба бинои он созмон, ба муаллима занг задам. Ман бештар бо хатти хидматрасонии «ИМО» бо муаллима дар тамос будам ва ҳамин тавр он рӯз бо ҳар роҳе, ки имконият дошт занг мезадам, вале зангҳои ман бе ҷавоб мемонд. Хеле дар тааҷҷуб афтодам ва ҳайрону лол мондам, зеро то он замон боре ҳам чунин нашуда буд.

Ҳамин тавр як ҳафта давом кард ва рӯзи 2-юми январ яке аз дӯстонам хабар дод, ки муаллима дар «ком», яъне дар ҳолати беҳушӣ афтодааст ва ҳоло дар беморхона дар шӯъбаи реанимация бистарӣ аст. Бо шунидани ин хабар, ба ҳолати шок афтодам ва каме баъди он ки ба худ омадам, ба таҳқиқи ин хабар шурӯъ кардам ва ахиран маълум шуд, ки дар ҳақиқат муаллима дар як ҳолати хеле вазнин пас аз зуҳри 24-уми декабр, ки бояд хамон рӯз аз бемористон ҷавоб мешуданд ва саломатиашон ҳам хуб буд, баръакс пизишкон аз шӯъбаи терапевтӣ ба шӯъбаи реанимация гузарониданд.

Рӯзи дигар хабари аз ин хам мудҳиштар ва аслан боварнокарданӣ, хабари вафоту марги муаллимаи азизу гиромӣ, шаҳиди роҳи озодӣ, дар матбуот ба нашр расид.

Нафаре, ки бо бемории сармохӯрдагӣ ва ё пневмания ва бо пойи худ барои муолиҷа ба бемористон омаданд ва пас аз муолиҷа ҳолати хуби равонӣ ва ҷисмонӣ доштанд, дар як лаҳза ба «ком» рафтанд.

Худованд онҳое, ки дар марги муаллимаи азизу гиромӣ даст дорад бахусус он нафарҳое, ки дар кати беморӣ ҳам нагузоштанд, ки ором муолиҷа гиранд ва пай дар пай фишор оварданд, ба ҷазои аъмолашон бирасонад.

Худованд руҳу равони муаллимаро шод ва ҷояшонро ҷаннатулфирдавс гардонида бошад. Омин!

Фейсбук, сафҳаи корбарии Илҳомҷон Ёқубов

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.