Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (396)

Муттаҳам кардани ғуломону хоҷатошон мар Луқмонро, ки он меваҳои тарванда, ки меовардем, ӯ хӯрдааст (1)

* * *

Хулосаи достон

Луқмон, дар миёни соири ғуломон дар хидмати хоҷае қарор дошт. Хоҷа ғуломони худро барои чидани мева ба боғ мефиристад. Луқмон низ дар миёни онон буд ва бо ранги сиёҳаш шохис буд. Ғуломон аз меваҳои чидашуда миқдореро худ мехӯрданд. Ва ҳангоме ки хоҷа ба ин мавзӯъ пай бурд, гуфтанд: Луқмон меваҳоро хӯрдааст.

Хоҷа бар Луқмон хашмгин шуд. Ва вақте Луқмон сабаби хашму парешонии хоҷаро дарёфт, назди ӯ рафт ва гуфт: эй хоҷаи ман! Бандаи хиёнатпеша умеде дар даргоҳи Худованд надоранд. Бар ту хиёнате рафтааст ва барои кашфи ин хиёнат ҳамаи моро имтиҳон кун. Бифармой, то обе нимгарм биёваранд ва ҳамаи мо аз он бинӯшем. Сипас моро дар ҳомуне фарох бидавон. Дар ин вақт аст, ки хоинро аз ходим бозхоҳӣ шинохт.

Ин пешниҳоди Луқмон мавриди қабули хоҷа қарор гирифт ва ҳамин пешниҳодро иҷро кард. Вақте ҳар кадом аз ғуломон миқдоре оби нимгарм хӯрданд ва ба давидан афтоданд, ҳолати таҳаввуъ бар онҳо чира шуд ва ночор қай карданд. Ғуломоне, ки меваҳои боғро хӯрда буданд, ҳамаи меваҳоро ҳамроҳ бо қай берун оварданд. Вале ҳар чи ки аз даҳони Луқмон берун меомад, чизе ҷуз оби соф набуд.

* * *

Манбаи ин достон ривояте аст, ки дар “Қасасул-анбиё”-и Саълабӣ (с.295) ва дар тафсири Абулфутуҳи Розӣ (ҷ.4, с.271) нақл шуда бад-ин қарор:

Луқмон ғуломе буд аз они деҳқоне ва ӯро ҷуз ӯ ғуломони дигар буданд. Эшонро ба боғ фиристодӣ, то мевае оранд. Эшон меваи некӯтар бихӯрдандӣ ва Луқмон ҳеч нахӯрдӣ. Ӯ гуфт: чаро меваи бад оред? Ҳамоно он чи нек аст, аз он мехӯред ва он чи радӣ аст, пеши ман меоред? Гуфтанд: Луқмон мехӯрад. Луқмон гуфт: бифармой, то порае оби гарм оранд ва моро деҳ, то бозхӯрем, ҳар кас он чи хӯрда бошад, қай кунад. Ҳамчунин карданд. Аз гулӯи Луқмон ҷуз оби тиҳӣ барнаёмад ва аз гулӯи эшон он чи хӯрда буданд баромад. (Қасас ва тамсиолти Маснавӣ, с.36)

* * *

Буд Луқмон пеши хоҷай хештан,

Дар миёни бандагонаш хортан.

Луқмони ҳаким пеши хоҷааш ва дар миёни ғуломони ӯ, ба зоҳир, ҳақиру хор буд.

Хортан: касе, ки дорои ҷисме заъифу нотавон бошад.

Мефиристод ӯ ғуломонро ба боғ,

То ки мева оядаш баҳри фароғ.

Он хоҷа ғуломони хешро ба боғ мефиристод, ки барояш мева биёваранд, то ӯ меваҳоро бихӯрад ва хотираш осуда шавад.

Буд Луқмон дар ғуломон чун туфайл,

Пурмаъонӣ, тирасурат, ҳамчу лайл.

Луқмон дар миёни соири ғуломони он хоҷа туфайлӣ ва зиёдӣ ба назар мерасид. Ва монанди шаб чеҳрае сиёҳ дошт, вале дар айни ҳол пуррозу рамз буд ва ҳомили камолот.

Туфайл: касе, ки даъват нашуда ба меҳмонӣ равад, зиёдӣ, ангал. Лайл: шаб.

Он ғуломон меваҳои ҷамъро

Хуш бихӯрданд аз наҳиби тамъро.

Он ғуломон меваҳоро мечиданд, вале аз он ҷо, ки ҳирсу тамаъ бар онон чира буд, он меваҳоро бо валаъи тамом мехӯрданд.

Наҳиб: тарсу бим, ҳайбат, азамат.

Нукта: Никелсун калимаи “наҳиб”-ро дар ин байт ба маънои савқдодашуда, рондашуда, водоршуда гирифтааст. (Фарҳанги луғоту таъбироти Маснавӣ, ҷ.9, с.191)

Хоҷаро гуфтанд: Луқмон хӯрд он,

Хоҷа бар Луқмон туруш гашту гарон.

Ба хоҷа гуфтанд: он меваҳоро Луқмон хӯрда. Хоҷа низ нисбат ба Луқмон туршрӯӣ кард ва ӯро мавриди сарзаниш қарор дод.

Чун тафаҳҳус кард Луқмон аз сабаб,

Дар ъитоби хоҷааш, бигшод лаб:

Гуфт Луқмон: саййидо, пеши Худо

Бандаи хоин набошад муртазо.

Вақте Луқмон сабаб ва иллати таршрӯӣ ва сарзаниши хоҷаро ҷӯё шуд, дар хусуси ъитоби хоҷааш гуфт: эй сарвари ман! Бандаи хоин дар назди Худованд мақбул намешавад ва Худо аз ӯ розӣ намегардад.

Саййидо: эй саййид, эй сарвар. Ъитоб: сарзаниш, маломат. Муртазо: писандида, мавриди писанд.

Имтиҳон кун ҷумламонро, эй карим!

Серамон дардеҳ ту аз оби ҳамим.

Эй хоҷа! Моро имтиҳон кун ва ба ҳамаи мо оби гарм ба миқдори хеле зиёд бинӯшон ба ҳадде, ки сер шавем.

Ҳамим: оби доғ.

Баъд аз он моро ба саҳрое калон,

Ту савора, мо пиёда медавон.

Пас аз он, моро ба ҳомуне паҳновар бибар ва ту савора бош ва мо низ пиёда бидавем.

Онгаҳон бингар ту бадкирдорро,

Сунъҳои кошифуласрорро.

Он гоҳ ту одами табаҳкору хоинро бишнос ва ба корҳои худовандӣ, ки розҳоро ошкор мекунад нигоҳ кун ва мутаваҷҷеҳ бош!

Кошифуласрор: ошкоркунандаи розҳо. Аз асмои илоҳӣ.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.