Перейти к содержимому

Исои Масеҳ (а) дар ойинаи Инҷили Барнобо

Ба баҳонаи зодрӯзи ҳазрати Исои Масеҳ алайҳиссалом

Ҳарчанд рӯз ва ҳатто соли дақиқи таваллуди ҳазрати Исо алайҳиссалом аз нигоҳи бостоншиносон мушаххас нест, аммо бархе масеҳиён бар ин боваранд, ки рӯзи таваллуди ӯ 24 декабр будааст.

Феълан, коре ба сиҳҳату суқми ин ривоят надорем, мавзӯи баҳси мо дар ин мақола ҳам ин нест, балки бо баҳона қарор додани ин муносибат, мехоҳам андаке ба тафсил дар бораи Инҷили Барнобо ва ин ки чаро масеҳиёни кунунӣ аз он меҳаросанд баҳс ба амал оварам.

* * *

Дар қарни 18-уми мелодӣ, дар Урупо, Инҷиле кашф шуд, ки гуфта мешавад, ба яке аз шахсиятҳои наздик ба ҳазрати Исо алайҳиссалом яъне Барнобо (Barnabas) нисбат дорад. Кашфи ин Инҷил ҷанҷолеро дар маҳофили мазҳабӣ ва илмӣ ба роҳ андохт.

Баҳс дар бораи асолат ва сиҳҳати нисбат доштани он ба Барнобои ҳаворӣ ва матолиби дарҷшуда дар он, то муддатҳо маҳофили масеҳӣ ва ҳатто ғайримасеҳиро ба худ машғул кард. Аз он замон то кунун суханон, мақолот ва китобҳои бисёре дар мавриди ин китоб гуфта ва навишта шуда.

Барнобо кист?

Барнобо дар асл аз сибти Ловӣ (1) ва аз аҳолии Қибрис буд, ки дар асри ҳавориён ба ойини масеҳият гаравида буд. (Ҷеймз Ҳокс (Jaymz Hāks), Қомуси китоби муқаддас, с.174.)

Барнобо

Дар китоби муқаддаси феълӣ, чандин бор номи Барнобо зикр ва ба унвони шахсе мумтоз аз ӯ ёд шудааст:

Юсуф, ки ҳавориён ба ӯ лақаби Барнобо, яъне “ибни тасаллӣ”-ро дода буданд ва ӯ аз сибти Ловӣ, аз аҳли Қибрис буд, замине дошт ва онро фурӯхт ва пулашро оварда, дар ихтиёри ҳавориён гузошт.” (Аҳди ҷадид, Аъмоли ҳавориён, боби 4: 36-37; Институи тарҷумаи Библия, Стокголм, 1992, тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев)

Зеро ки ӯ (Барнобо) марди некӯкор ва пур аз Руҳулқудс ва имон буд; ва мардуми бисёре ба Худованд имон оварданд.” (Ҳамон, боби 11: 24)

Аз матолиби Аҳди ҷадид бармеояд, ки Барнобо дар имон овардан ба Исо (а), бар бисёре аз шахсиятҳои бузурги масеҳӣ ҳамчун Пулус сибқат дошта, балки шафеъи Пулус назди ҳавориён будааст: “Он гоҳ Барнобо ӯро гирифта, назди ҳавориён овард…” (Ҳамон, боби 9: 27)

Аз китобҳои Аҳди ҷадид (Инҷилҳои чаҳоргона) ва номаҳои Пулус ба даст меояд, ки Барнобо аз бунёнгузорони сафарҳои табширӣ ва чеҳрае шохису мӯътабар дар асри ҳавориён будааст. (Ҳамон, боби 13: 4-5-46 13: 2, ҳамчунин Номаи Пулус ба Ғалотиён, боби 2: 9)

Барнобо ва Пулус маъмури даъвати уммати ғайримахтун (ғайри яҳудиҳо) ба масеҳият мешаванд ва ба шаҳрҳо ва диёрҳои мухталифе сафар мекунанд ва бо азияту озорҳои бисёре мувоҷеҳ мегарданд ва мӯъҷизоти зиёде аз худ нишон медиҳанд, то ҷое, ки бархе ононро Худо мепиндоранд. (Ҳамон, Аъмоли ҳавориён, боби 13: 50, боби 14: 1-16-19)

Онон аввалин калисоҳоро дар ҷаҳони масеҳият поярезӣ мекунанд ва дар ҳар калисо кашишеро барои идора ва ҳидояти мардумон бармегузинанд (Ҳамон, боби 14: 21-23) аммо тӯле намекашад, ки байни Барнобо ва Пулус “низое” рух медиҳад:

Чун якчанд рӯз гузашт, Пулус ба Барнобо гуфт: “Акнун гашта равем ва дар ҳар шаҳре, ки каломи Худовандро мавъиза карда будем, бародарони худро бибинем, ки аҳволашон чӣ гуна аст.” Барнобо мехост Юҳанноро, ки лақабаш Марқус буд, ҳамроҳашон бибарад. Аммо Пулус салоҳ надонист, ки шахсеро, ки дар Памфил аз онҳо ҷудо шуда, дар корашон то ба охир ҳамроҳӣ накарда буд, бо худ бибаранд. Ба ин сабаб низое ба миён омада, то ба ҳадде расид, ки онҳо аз якдигар ҷудо шуданд, ва Барнобо Марқусро ҳамроҳи худ гирифта, бо киштӣ ба Қибрис рафт.” (Ҳамон, боби 15: 36-37-38-39)

Охирин нишоне, ки аз Барнобо дар манобеи масеҳият вуҷуд дорад ҳамин аст, ки зикр шуд ва дигар асаре аз ӯ ба чашм намехӯрад ва ӯ ба гунае мармузу шигифтовар аз таърихи масеҳият нопадид шуда ва танҳо ин пурсиш ба ҷой мондааст, ки чӣ гуна ин нахустин ҳаворӣ, ё дастикам, яке аз ҳавориёни нахустин, ки шафеъ ва роҳнамо ва ҳамроҳи Пулус, ва пур аз Руҳулқудс ва имон буд, бидуни ҳеч иллате нопадид мешавад ва ба қавли Вил Дуронт ба гунаи эъҷобоваре “аз саҳнаи таърих маҳв мегардад.” (2)

Оё сирфи ҳамроҳӣ ё адами ҳамроҳии Марқус метавонад сабаби ҷудоии ду ҳаворӣ, ки бо мавъизаҳо ва андарзҳояшон ҳазорон нафарро ба Исо (а) ва ишқу муҳаббат ва бародарӣ даъват кардаанд, бошад?!

Таърихчаи Инҷили Барнобо

Як нависандаи масеҳӣ, ки мутарҷими Инҷили Барнобо ба арабӣ низ ҳаст, дар бораи таърихчаи ин Инҷил менигорад:

Тулонд (John Toland)

Нахустин касе, ки аз вуҷуди нусхаи итолиёии Инҷили Барнобо (3) огоҳ шуд, яке аз мушовирони подшоҳи Прус (4) буд. Ин мушовир, ки номаш дар ҳофизаи таърих сабт шуда Крамер (John Frederick Cramer) ва муқими Омстердом буд. Ӯ дар соли 1709 ин нусхаро аз китобхонаи яке аз машоҳир ва афроди ба зоҳир соҳибмансаби Омстердом амонат мегирад. Пас аз муддате вай онро ба шахсе ба номи Тулонд (John Toland) ва ӯ низ пас аз чаҳор сол онро ба принс Ежен Совуӣ (Eugène de Savoie) (5) эҳдо мекунад. Машҳур аст, ки ин женероли ҷангҷӯ бо вуҷуди лашкаркашиҳои фаровон ва иштиғол ба умури сиёсӣ, ба улум ва осори таърихӣ алоқае фаровон доштааст. Нусхаи мазкур баъдҳо дар соли 1738 ҳамроҳ бо дигар китобҳои шахсии вай ба китобхонаи салтанатии Вен интиқол ёфта ва то имрӯз дар ин китобхона нигаҳдорӣ мешавад.” (Муқаддимаи Халил Саода бар Инҷили Барнобо, с.16)

Илова бар нусхаи итолиёии Инҷили Барнобо, нусхаи дигаре гузориш шуда, ки испониёӣ аст:

Ин нусха, ки шомили 222 фасл ва 420 сафҳа аст, дар аввалҳои садаи 18-уми мелодӣ кашф шуда ва мутаассифона гузашти замон сабаби фарсудагӣ ва пусидагии сафаҳоти он шуда буд. Нусхаи мазкур тавассути шахсе аз аҳолии Ҳедлӣ, аз шаҳрҳои иёлати Ҳемпшири Англистон, ба сурати амонат дар ихтиёри ховаршиноси машҳур, дуктур Сойл (George Sale) қарор мегирад. Сипас аз тариқи дуктур Сойл ба дасти дуктур Мункҳус (Thomas Monkhouse), ки яке аз аъзои ҳайати илмии Донишгоҳи салтанатии Оксфорд буд, мерасад. Мункҳус пас аз муддате ин нусхаро аз забони испониёӣ ба забони англисӣ тарҷума мекунад ва дар соли 1784 матни тарҷумашударо ҳамроҳ бо нусхаи аслии испониёӣ дар ихтиёри дуктор Уойт (Joseph White), ки аз андешамандон ва асотиди барҷастаи замони худ буд қарор медиҳад.” (Муқаддимаи Халил Саода бар Инҷили Барнобо, с.16)

Аҳаммияти нусхаи испониёӣ, дар муқаддимае аст, ки тайи он мушаххас мегардад, ки роҳибе ба номи Фромрину ба маҷмӯае аз номаҳо ва ёддоштҳои қиддис Иреноус (Irenaeus) даст меёбад, ки шомили таъолиме алайҳи Пулус ва тақбеҳи аъмол ва афкори ӯст; ва Иреноус матолибашро ба Инҷиле мансуб ба Барнобо нисбат медиҳад. Аз ин ҷо иштиёқи роҳиб Фромрину барои кашфи Инҷили Барнобо шиддат меёбад ва дар ниҳоят ба он даст меёбад. (Сайри таърихии Инҷили Барнобо, Ҳусайни Тавфиқӣ, с.15)

Матолиби Инҷили Барнобо

Инҷили Барнобо нисбат ба Инҷилҳои дигар бузургтар ва дарбардорандаи матолиби густурдае дар 222 фасл аст. Ин дар ҳоле аст, ки Инҷилҳои дигар дар Аҳди ҷадид 16 то ҳаддиаксар 28 боб доранд.

Инҷили мазбур бо Инҷилҳои чаҳоргона тафовут дорад ва дар баробари ақоиди расмии калисо меистад. Дар ин Инҷил, Барнобо худро яке аз 12 ҳавориёни ҳазрати Исо (а) муаррифӣ мекунад ва мегӯяд, ки Инҷилашро ба дастури он ҳазрат навиштааст ва Пулусро таҳрифкунанда ва нобудкунандаи таъолим ва шахсияти ҳазрати Исо (а) медонад. (Инҷили Барнобо, фасли 221 ва 222). Барнобо шойеъаи марг ва қиёми пас аз марги ҳазрати Исоро хилофи воқеъ дониста ва онро иқдоми нобихрадонаи ҳавориён медонад. (Ҳамон, фасли 218)

Сафҳае аз Инҷили Барнобо

Барнобо дар шарҳи таъолиме, ки ҳавориёни гумроҳ ба дурӯғ ба номи таъолими Исо (а) мунташир сохтаанд, ба ин маворид ишора мекунад:

а) Интишори ин шойеъа, ки Исо писари Худост; исқоти суннати хатна, ва ҳалол донистани гӯштҳои нопок… (Ҳамон, фасли 2);

б) Аз асоситарин усуле, ки Инҷили Барнобо шадидан бар он исрор меварзад, “нафйи таслис” аст. Дар ин Инҷил, Исо паёмбари Худо муаррифӣ гардида ва ба такрор “улуҳият” аз вай нафй шудааст. (Ҳамон, фасли 19, 47, 53, 212 ва ғайра…) Ба унвони намуна дар фасли 47 (банди 5 то 10) омадааст:

Пас чун Ясуъ расид, мардум донистанд касе, ки омада, ҳамоно ӯ Ясуъ, пайғамбари Ҷалил аст. Пас аз он… ба ӯ зорӣ карданд аз барои он мурда, ки хостор шуданд, то ӯро бархезонад; зеро ӯ пайғамбар аст. Шогирдонаш низ чунин карданд. Пас Ясуъ бисёр тарсид. Он гоҳ бо равони худ, рӯй ба Худой намуд ва гуфт: “Бигир маро аз ҷаҳон, эй Парвардигор, зеро ҷаҳониён девонаанд ва наздик аст маро Худой бихонанд.” (Инҷили Барнобо, фасли 47)

в) Ҳамчунин аз забони ҳазрати Исо (а) омадааст, ки пас аз вай шайтон Худо ё писари Худо будани вайро бар сари забонҳо хоҳад андохт ва ҳамин эътиқоди хато ойини вайро ба инҳироф хоҳад кашонд, ба тавре, ки 30 нафар мӯъмини ҳақиқӣ боқӣ нахоҳанд монд:

“… Лекин вақте ки Худой маро аз ҷаҳон мегирад, бори дигар шайтон ин фитнаи малъунаро барпо хоҳад кард; ба ин ки водор кунад нопокро бар эътиқод варзидан ба ин ки ман Худой ва писари Худоям. Пас, ба сабаби ин сухан, таълими ман нопок мешавад, то ба ин ҷо, ки наздик мешавад 30 нафар мӯъмин боқӣ намонад.” (Ҳамон, фасли 96)

г) Дар ин Инҷил, ҳазрати Исо (а) пайваста ба омадани расули гиромии ислом башорат медиҳад. Ҳазрати Исо (а) худро омодакунандаи роҳи паёмбари ислом медонад. Вай дар посух ба пурсиши Ондриос (яке аз ҳавориён) мегӯяд:

Ясуъ ҷавоб дод: “Ба дурустӣ, ки ӯ дар замони шумо намеояд, балки баъд аз шумо ба чандин сол меояд; вақте ки Инҷили ман ботил мешавад ва наздик аст, ки 30 нафар мӯъмин пайдо нашавад. Дар он вақт Худой бар ҷаҳон раҳм мекунад; пас, мефиристад расули худро, ки қарор мегирад бар сари ӯ абри сафеде то ӯро яке аз баргузидагони Худой бишносад ва ҳамоно зуд аст, ки ӯро зоҳир созад барои ҷаҳон. Зуд аст биёяд бо қуввати азиме бар фоҷирон ва барандозад бутпарастиро аз ҷаҳон.” (Ҳамон, фасли 72)

д) Дар ин Инҷил, Исо (а) паёмбари исломро аз насли Исмоил (а) муаррифӣ мекунад:

Ясуъ дар ҷавоб фармуд: “Эй Худой!.. Рост мегӯям, ки писари Иброҳим ҳамон Исмоил буд, ки воҷиб аст аз насли ӯ биёяд Мисиё, ки Иброҳим ба ӯ ваъда шуда буд, то ҳамаи қабоили замин ба вуҷуди ӯ баракат ёбанд.” Пас, ҳамин ки раиси коҳинон ин бишнид, ба хашм даромада, фарёд баровард: “Мо бояд ин фоҷирро сангсор кунем, зеро ӯ исмоилӣ аст ва ҳамоно бар Мӯсо ва бар шариати Худой куфр карда.” Пас, ҳар як аз нависандагон ва фарисиён бо бузургони қавм сангҳо баргирифтанд, то Ясуъро сангсор намоянд; пас, ӯ аз чашмҳои эшон пинҳон шуд ва аз ҳайкал берун омад.” (Ҳамон, фасли 208)

е) Исо (а) шарти вуруд ба биҳиштро имон ба паёмбари ислом дониста (Ҳамон, фасли 137) ва дар мавориде ба зикри шафоати он ҳазрат дар рӯзи қиёмат пардохта (Ҳамон, фасли 54, 55, 56 ва 137) ва зимни такриму бузургдошти вуҷуди гиромии паёмбари ислом (с), аз кайфияти хилқат ва пайдоиши нури муҳаммадӣ сухан ба миён оварда (Ҳамон, фасли 43 ва 44) ва аз дидори хеш бо паёмбари ислом (с) дар олами малакут сухан гуфтааст:

Чӣ босаодат аст замоне, ки зуд аст биёяд дар он замон ба сӯи ҷаҳон. Маро тасдиқ кунед, ки дидам ӯро ва тақдим кардам барои ӯ эҳтиромро, чунонки дидааст ӯро ҳар пайғамбаре. Зеро Худой ато мекунад ба эшон руҳи ӯро ба нубувват. Чун дидам ӯро аз тасаллӣ пур шуда, гуфтам: эй Муҳаммад! Худой бо ту бод ва маро лоиқи он намоёд, ки даволи наъли туро боз кунам.” (Ҳамон, фасли 44)

ё) Дар ин китоб, бар хилофи Инҷилҳои чаҳоргона, касе, ки ба салиб кашида шуда Яҳудои Исхарютӣ (Yehuda Iskariot) аст, на ҳазрати Исо (а), ва он ҳазрат пеш аз суъуд ба осмон дар кӯҳи Зайтун касонеро, ки пиндоштаанд вай мурда ва ҳол аз қабр бархостааст, сарзаниш мекунад. (Ҳамон, фасли 217)

* * *

Инҷили Барнобо

Бетардид Барнобо яке аз бузургони ҳавориён буда, низ Инҷиле дошта, ки муддатҳо аз он истифода мешудааст. Аснод нишон медиҳад, ки дар садри масеҳият Инҷилҳои бисёре нигошта шуда, ки калисо саъй дар инҳисори онҳо ба чаҳор Инҷили маъруф (Мато, Марқус, Луқо, Юҳанно) доштааст. Қиддис Иреноус дар охирҳои қарни дуввуми мелодӣ гуфтааст:

Чунонки бодҳои аслӣ чаҳоранд ва каррубин низ чаҳор сурат доранд, ва Худованд чаҳор аҳд бо инсон баст ва… пас Инҷилҳо низ чаҳоранд.” (Таърихи калисои қадим, Милер с.74 (Church History, Miller)

Инҷилҳо рӯз ба рӯз дар ҷомеаҳои масеҳӣ интишори бештаре меёфт, то ин ки дар соли 364 мелодӣ шӯрое дар Лозиқия, яке аз шаҳрҳои Сурия ташкил шуд ва дар он, чаҳор Инҷили маъруф қонунӣ ва соири Инҷилҳо маҷъул шинохта шуданд. (Сайри таърихии Инҷили Барнобо, Ҳусайни Тавфиқӣ, с.16)

Доиратуламаорифҳо теъдоди зиёде аз китобҳои муқаддаси садри масеҳиятро, ки акнун матрук мондаанд ном мебаранд, ки аз ҷумлаи онҳо Инҷили Барнобо аст. Инҷили Ондриу, Барнобо, Бартумо, Ҷеймз (Яъқуб) ва Тидоюс, аз тарафи поп Глосиуси аввал мамнӯъ эълом шуда ва попи мазкур дастури махсус дар ин бора содир кардааст. (Encyclopedia American, Encyclopedia Britanica, 2/179-180)

* * *

Поварақӣ:

(1) Фарзандони ҳар як аз авлоди Исроил (Яъқуб)-ро “сибт” номидаанд. Бад-ин тартиб қавми Банӣ Исроил аз 12 сибт, ба теъдоди фарзандони Яъқуб, ташкил шудаанд. Сибти Ловӣ дар миёни сибтҳо, аз шаъни волое бархӯрдор будааст.

(2) Вил Дуронт, Таърихи тамаддун, ҷ.3, с.684. Вай ба муаллифони Аҳди ҷадид ин эътирозро низ дорад, ки чаро нақшу саҳми Барнобо дар сафарҳои таблиғӣ нодида гирифта шуда ва ин сафарҳои табшириро танҳо ба Пулус мансуб менамоянд?!

(3) Нахустин Инҷили Барнобои кашфшуда нусхае итолиёӣ ва пас аз он нусхае испониёӣ аст.

(4) Prussia, бузургтарин ва муҳимтарин кишвари сарзамини Олмон, ки дар гузашта шомили қисмати аъзами Олмони шимолӣ буда ва ҳудуди ду севвуми ҷамъияти Олмонро дарбар мегирифтааст.

(5) Eugène de Savoie машҳур ба принс Ежен (1663-1736) женероли фаронсавӣ, ки дар асл фарзанди яке аз шоҳзодагон буд. Дар тӯли умри худ ҷангҳо ва футуҳоти бисёр дошт. Аз ҷумла дар ду навбат туркони усмониро шикаст дод.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: