Перейти к содержимому

Дар Тоҷикистон аз занон чӣ мехоҳанд?

Ба қалами Зеварбону Рауфӣ

Дуруд, ҳаммеҳани азиз!

Шояд таваҷҷуҳи туро низ матолибе, ки чанд рӯзи ахир дар бораи Нилуфар Раҷабова мунташир мешаванд, ҷалб карда бошанд. Ин бонуи тоҷик ба хотири тарзи либоспӯшӣ ба Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бурда шуд. Вале чун аз амали ғайриқонунии кормандони милиса бо расонаҳо суҳбат кард, ба ҷойи милисаҳо ӯро муҷозот карданд ва аз тарафи додгоҳ ба иттиҳоми “майдаавбошӣ” ҷарима шуд. Ман зиёд рӯи ин масъала тамаркуз карданӣ нестам. Аммо маҳз иттифоқоте, ки бо ин бону рух дод, боис шуд андешаҳоеро, ки чандин вақт дар зеҳнам чарх мехӯрданд, рӯи коғаз биёварам.

Имрӯз мехоҳам аз занон бигӯям. Шояд шумо ҳам аҳамият додаед, ки занону духтарон дар кишвари мо хеле мутафовитанд ва новобаста ба ин ки чӣ бовар, ақоид, дидгоҳ ва хостаҳое доранд, ҳамеша зери заррабини танқид қарор мегиранд. Гӯӣ ҷомеае мо ҳамзамон ба ҷонибҳои мухталиф кашида мешавад ва дар натиҷаи ин вазъ пора шудани иҷтимоиро имконпазир менамояд, ки он воқеан нигаронкунанда аст.

Вақте наздик ба 99% аҳолии як кишварро мусалмонон ташкил медиҳанд, пайравӣ кардан аз талаботи он дин тавассути иддае аз он иҷтимоъ бояд амре табиӣ талаққӣ гардад. Вале таассуфовар аст, ки дар кишвари мо акси он амалӣ мешавад. Агар дар оғоз ҳукумат зид буданаш бо ҳиҷобро, ки тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон ва қонунҳои байналмилал “нақзи озодии ақидаву бовар” мебошад, бо баҳонаи “мубориза бо фарҳанги бегона” рад менамуд, ҳоло бисёре аз кормандони он ошкоро дар бораи ин мухолифат суҳбат мекунанд.

То ба имрӯз чандин навор ба нашр расиданд, ки дар онҳо аз занони ҳиҷобпӯш таҳқиромез хоста мешуд, агар ҳиҷоб пӯшиданиянд, ба кишварҳои исломӣ бираванд. Ҳамзамон бо ин, бархе афрод ба бонувоне, ки домани кӯтоҳ ва либосҳои ба ном “аврупоӣ” ба тан мекунанд, мегӯянд, ки бираванд ба кишварҳои ғарбӣ. Яъне, дар кишвари мо бонувоне, ки пайрави ақоиди суннатӣ ҳастанд ва ҳамчунин онҳое, ки аз ақоиди суннатӣ пайравӣ намекунанд, набояд иқомат дошта бошанд?

Дарди мо, афсӯс, яке дуто нест. Бо пешрафти сариъу сайри фанновариҳои интернетӣ хеле аз маҳдудиятҳои иттилоотӣ бардошта шудаанд ва ҳар нафар метавонад аз макони зисташ истода, аз сабки зиндагӣ ва ҳаёти рӯзмарраи ҳар кишвари дигари олам огаҳӣ ёбад. Пас, хоҳ нохоҳ дар заминаҳои гуногун ҷомеа ба таассуб аз кишварҳои дигар дода мешавад. Яке аз ин равандҳо ба истилоҳ пӯшидани “либосҳои аврупоист”. Инҷо фақат як суол медиҳам, оё мардони тоҷик ҳамарӯза либоси миллӣ мепушанд? Маълум аст, ки на! Вале ҳастанд мардоне, ки инро аз занон талаб мекунанд. Шояд гоҳо фаромӯш мекунем ҳар чизе иҷборию таҳмилӣ бошад нохостанӣ ва рафта-рафта нафратангез мешавад.

Як рӯз бо иддае аз дӯстонам сари ин масъала баҳс кардем.

— Ман воқеан либоси миллиамонро дӯст дорам, аммо ҳозир нестам ҳамеша онро ба бар кунам, — мегуфт дугонаам.

— Чаро? Бибию бибикалонот як умр ҳамон либосро пӯшиданд чизе нашуд-ку, ту чӣ шоху думи зиёдӣ дорӣ? – эътироз мекард дӯстам.

— Ту дар фасли зимистон либоси миллӣ бипӯш, агар аз сармо намурдӣ баъд бигӯ, ки духтари тоҷик бояд фақат либоси миллӣ пӯшад! – асабонӣ шуда ҷавоб мегардонд дугонаам.

— Охир либосҳои нимбараҳна зеби духтари тоҷик нест, – исрор мекард рӯи фикраш дӯстам.

— Ман ҳам дар бораи либосҳои нимбараҳна ҳарф назадам. Чаро либосҳои “замонавӣ”, ки дар доираи одоб ҳастанд, напӯшем? – таъкид мекард дугонаам.

Ман ҳадс мезанам ҳадди ақал як бор дар умратон шумо ҳам шоҳиди чунин баҳсҳое будаед. Воқеан дар ҷомеаи мардсолори кишвар занон аз ҳар лиҳоз метавонанд зери тозиёнаи танқиди мардон қарор гиранд. Вақте аз тозиёна ҳарф мезанам ташбеҳро дар назар надорам.

Дар ҳақиқат занон дар кишвари мо бо зӯроварӣ на танҳо дар хонаводаву иҷтимоъ, инчунин бо таҳқиру тавҳин, хушунату шиканҷа низ рӯ ба рӯ мешаванд, ки мутаассифона ин поймолкунии арзишҳои як шахсият то ба мақомоти ҳукуматӣ низ расидааст. Метавон даҳҳо мисол дар ин бора зад, аммо қазияи Истад Қурбонова, як зани солхӯрда аз ноҳияи Айнӣ, ки тавассути кормандони милиса шиканҷа шуд, шояд намунаи бориз ва таассуфовари поймол гаштани ҳуқуқ ва қадри як зан дар Тоҷикистон бошад.

Вақте дар кишварам нафаре, фарқе намекунад чӣ зан, чӣ мард, зери таҳқиру шиканҷа аз тарафи мақомоти “ҳифзи ҳуқуқ” қарор мегирад, аз худ мепурсам: дар кишваре қонунмадору ҳуқуқбунёду демократӣ ба амал омадани чунин ҳолатҳо метавонад нишонаи чӣ бошад? Дар кишваре, ки аз ҳуқуқи инсон ба тарзи бояд ҳимоя намешавад ҳуқуқи занон, ки қисми ҳаётии ҷомеаро ташкил медиҳанд, то куҷо риоя мегардад?

Занон дар ҳар сурат (чӣ бо дидгоҳи суннатӣ ва чӣ муосир) ба пайравӣ аз фарҳанги бегона муттаҳам мешаванд. Аслан он хати таъодул ё он миёнгини заррин куҷост? Як бонуи тоҷик чи тавр бояд онро пайдо намояд, то аз нигоҳҳо ва ҳарфҳои муғризонаи атрофиён эмин бимонад? Фарҳанг чист, ки бегонаву худӣ дошта бошад?

Мафҳуми фарҳанг ин роҳи муштараки зиндагӣ, андеша ва куниши инсон дар як ҷомеа аст. Фарҳанг шомили ҳунар, адабиёт, илм, офаринишҳо, фалсафа ва дин аст. Вожаи фарҳанг дар паҳлавии сосонӣ ба сурати “фарра ҳанг” омадааст, ки ду ҷузъ “фарра” ба маънои пеш ва фаро, “ҳанг” ба маънои кашидан ва рондан, сохта шудааст. Дар натиҷа фарҳанг ба маънои пеш кашидан, фаро бурдан аст. Яъне ончӣ сабаби пешрафт мегардад.

Ҳоло, ҳаммеҳани азизам, ту бигӯ, либоси як зан то куҷо метавонад дар пеш рафтан ё нарафтани як ҷомеа таъсиргузор бошад?

Дар Тоҷикистон занон ҳамвора барои исботи баробарҳуқуқияшон ва арзишманд будани шахсияташон дар баробари хостаҳо, меъёрҳо ва пешдовариҳои мардон қарор мегиранд. Онҳо мекӯшанд дар доираи тавон ва имкониятҳои хеш дар ҷомеа таъсиргузор бошанд. Масалан, яке рассомӣ мекунад, дигаре сарояндагӣ, севвумӣ бонуи зебоӣ мешаваду чаҳорумӣ тарроҳи либос, касе ороишгар мешаваду дигарӣ тоҷир ва ғайраву ҳоказо… Аммо ҳамоно фаъолияти зани тоҷик мақбули мардон намешавад, чаро?

Ҷомеа чӣ талаботе аз зани тоҷик дорад ва ӯ бояд чӣ гуна бошад?

Вақте ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо сар мезанӣ доғтарин масъалаҳо ва пурбаҳстарин матолиб марбут ба занон, ҳуқуқи онҳо ва озидиҳояшон аст. Нуктаи зарифаш инҷост, ки аз занҳо дида бештар мардон дар ин баҳсҳо иштирок доранд. Хуб, шояд касе бигӯяд дар ҷомеаи мардсолори кишвари мо ин як амри табиист. Лек бояд бигӯям нисбат ба чунин баҳсҳо аслан эҳсоси хубе надорам. Зеро чунин ба назар мерасад, гӯӣ барои мардуми мо зоҳири занон муҳимтарин нақшро ифо менамояд. Ва тамоми авомили дигар, ки шахсияти як бонуи тоҷик, як бонуи тоҷикистониро месозад, сужаҳои дуввумдараҷа ба ҳисоб мераванд.

Ман мехоҳам доираи афкори зани тоҷик чизҳои фаротаре аз “чӣ бипӯшам”, ва “чӣ гуна ороиш кунам” бошад. Мехоҳам бонувони меҳанам андешманд бошанд ва суолҳои муҳимтарини зиндагияшон “чӣ бихонам?”, “чиро биёмӯзам?”, “чӣ чизе биёфарам?” ва амсоли ину фаротар аз инҳо гардад. Орзу дорам занон дар кишварам аз ҳолати инфиъол берун оянд.

Мехоҳам мардони кишварам барои занон садд эҷод накунанд. Қабл аз ин ки нисбат ба бонувони сарзаминам пешдоварие бикунанд, ҳарфи қабеҳе бизананд, ё амали нохушояндеро содир намоянд, ба ин биандешанд, ки модар, хоҳар, ҳамсар ва духтарони онҳо низ метавонанд бо чунин вазъияте рӯ ба рӯ шаванд. Масалан вақте маълум мешавад, ки он корманди мақомоти интизомӣ, ки ба рӯсарии бонуе эрод мегирад, дар хонаи худаш ҳамсар, модар, хоҳар ё духтараш ҳиҷоб доранд, агар онҳо ба чунин ҳолате рӯ ба рӯ шаванд ин корманд чӣ хоҳад кард? Дар чунин ҳолате ин тарзи рафтори як корманди ҳукумат то чӣ андоза қонунӣ, ё дар доираи одобу ахлоқи инсонист? Чаро дар ҷомеаи мо фазои меъёрҳои дугона ва “як бому ду ҳавоӣ” роиҷ шудааст?

Мо, ки иддао дорем кишварамон демократист. Пас, то куҷо меъёрҳои як кишвари демократӣ дар меҳани мо риоя мегарданд? Шояд касе бипурсад, аслан ин демократия-демократияе, ки мегӯянд чисту чӣ гуна низомест?

Демократия ё мардумсолорӣ як равиши ҳукуматист барои “мудирияти камхато” бар “мардуми ҳақмадор”, ки дар он фард ё гурӯҳе хос ҳукумат намекунанд, балки мардум таъйинкунандагони асосӣ мебошанд.

Аз аслитарин равандҳои мавҷуд дар демократияҳои мумтоз ин “рақобатҳои интихоботии одилона”, “озодии баён”, “озодии андешаи сиёсӣ” ва “матбуоти озод” гуфта шудаанд. Ман мехоҳам матлаби дигарро ҳам илова кунам: Демократия замонет, ки ҳар фарди ҷомеа новобаста аз синну сол, ҷинсият ва сатҳи дороии моддию маънавияш ҳаққи “интихоби озод” дошта бошад. Интихоби озод дар ҳар заминаи ҳаёти шахсӣ ва иҷтимоияш. Барои мисол зани тоҷик ҳақ дошта бошад дар доира афкор ва хостаҳои қалбии худаш интихоб намояд он пӯшишеро, ки тарҷеҳ медиҳад ба бар кунад. Ва интихоби ӯ аз тарафи на ҳукумат ва на иҷтимоъ бо қазовати муғризона рӯ ба рӯ нагардад.

Мақоли “меваи мамнуъ – ширин” ҳазорсолаҳост башариятро ҳамроҳӣ мекунад. Кай мо ба дарки ин маталаб мерасем, ки ҳар қадар рӯи озодиҳои мардум фишор оварда шавад, ҳамон қадар мардум ба он самт ҷазб мегарданд. Таъкид рӯи манъи чизе боис мешавад он дар зеҳни иҷтимоъ хостанитар гардад. Ва вой дод аз лаҳзае, ки барои расидан ба хостаҳояшон бихоҳанд ҳама монеаҳоро убур намоянд. Вақте ки кор аз кор бигзарад, сари ақл омадан ё наомадан фарқе нахоҳад дошт.

Манбаъ: Родию Озодӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: