Сиёсат

Тромп бояд нигарони пешрафтҳои низомии Эрон бошад?

Нерӯҳои низомии Эрон ба таври мудовим дар ҳоли пешрафт ва тағйиру таҳаввул ҳастанд. Суол ин аст, ки дастёбии Эрон ба фанновариҳои ҳуши маснуӣ ва руботик, чӣ таъсире бар фаҳми рафторҳои Эрон хоҳад дошт ва чӣ гуна метавонад тавозуни низомӣ дар минтақаро тағйир диҳад? Ва ин масъала барои Омрико ва шариконаш дар Ховари Миёна чӣ мафҳуме хоҳад дошт?

Ба қалами Мойкел Рубин (Michael Rubin) дар нашрияи National Interest

Мойкел Рубин (Michael Rubin)

Дар ҳоле, ки кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс ҳазинаи зиёдеро барои дастёбӣ ба таслеҳоти гаронқимати сохти Иёлоти Муттаҳида сарф мекунанд, чандин даҳа таҳаммули таҳримҳо ва тасмимоти истротежик пас аз инқилоб барои худкифоӣ дар заминаи низомӣ сабаб шуда, ки Ҷумҳурии Исломӣ бештар рӯи санъати бумӣ мутамаркиз шавад. Муқоисаи мустақими ҳазинаҳои дифоии кишварҳои арабӣ ва Эрон душвор аст. Нигоҳи сатҳӣ ба оморҳо нишон медиҳанд, ки ҳазинаҳои саудӣ ва аморотӣ нисбат ба тавлиди нохолиси дохилӣ ба маротиб аз Эрон бештар аст, аммо наметавон бар мабнои ин оморҳои умумӣ, дар бораи Эрон қазоват кард. Эрон пас аз инқилоби исломӣ истротежии номутақорин аз ҷумла гурӯҳҳои минтақаӣ ё шояд ҳатто фанноварии ҳастаиро барои муқобила бо душманони худ дар назар гирифтааст.

Ин масъала набояд таъаҷҷубовар бошад. Бисёре аз кишварҳои Ховари Миёна ҳамвора бо тардид барои дастёбӣ ба фанноварӣ талош кардаанд, аммо Эрон аз ин қоида мустасно будааст. Барои намуна, руҳониҳои саудӣ дар аввалҳои қарни 20-ум ибтидо дар истифода аз телегроф ва баъдтар родию муқовимат нишон медоданд. Дар даҳаи 1970, бархе аз руҳониҳои саудӣ шикоят карданд, ки телевизиюн тавтиае аз сӯи Ғарб барои ҷудо кардани фарзандони мусалмон аз Худост. Ин дар ҳолест, ки Носируддиншоҳи Қочор танҳо як даҳа пас аз он ки Сомуил Мурис аввалин хатти дурбурдро дар Омрико насб кард, аз насби хутути телегроф дар Теҳрон ҳимояти молӣ кард. Ба рағми фазои сиёсии умдатан сангини Эрон, ҳам давлат ва ҳам мардуми ин кишвар тақрибан ҳамаи наслҳои фанновариро бо оғӯши боз пазируфтаанд. Ҳамин пӯёӣ, дар бораи интернет ҳам содиқ буд. Дар ҳоле, ки бисёре аз кишварҳои арабӣ ҳозир ба пазириши дастрасӣ ба интернет набуданд, Эрони Исломӣ пас аз Исроил дар соли 1993 ва ба унвони мавриди мустасно дар Ховари Миёна, ба интернет васл шуд.

Иёлоти Муттаҳида ҳамвора одат дошта, ки Эронро дастикам бигирад. Дар ҳақиқат, ин яке аз далоиле буд, ки Ҷумҳурии Исломӣ тавонист барои муддате тӯлонӣ ғанисозӣ ва таҳқиқоти атомии худро махфӣ нигаҳ дорад. Барномаи атомии Эрон чӣ пеш аз тавофуқи ҳастаӣ ва чӣ пас аз Барҷом, асосан нишондиҳандаи тавоноии ин кишвар дар дастёбӣ ба фанноварии пешрафта дар натиҷаи талошҳои бумӣ аст. Ба баёни соддатар, муҳандисон ва донишмандони эронӣ дар тавсиъаи фанновариҳои низомии пешрафта маҳорат доранд. Барои намуна, даҳ сол аз замоне, ки Эрон нахустин моҳвораи худро бо муваффақият ба фазо партоб кард гузашта ва ин дар ҳолест, ки фанноварии партоби моҳвора метавонад заминаро барои сохти мушакҳои пешрафтаи болистик фароҳам кунад.

Давлати Эрон ҳамчунин ба сармоягузорӣ дар заминаи фанноварии Nano ташвиқ карда ва олимпиёдҳои фанноварии Nano баргузор мекунад, ки донишҷӯёни бартар метавонанд дар муқобили якдигар ба рақобат бипардозанд ва давлат метавонад онҳоро барои истихдом дар назар бигирад. Ҳаводиси ахир дар минтақа аз ҷумла инҳидоми ҳавопаймои бидуни сарнишини нерӯи дарёии Иёлоти Муттаҳида дар халиҷи Форс ва дигар таҳаввулот дар Сурия, Яман ва Ироқ, аз тавоноиҳои барҷастаи Эрон дар сохт ва амалиёт бо паҳподҳо ҳикоят доранд. Эрон аввалин ҳавопаймои бидуни сарнишини худро дар соли 1985, як ё ду даҳа пеш аз бисёре аз дигар кишварҳои минтақа, амалиётӣ кард.

Дар ҳоле, ки таваҷҷӯҳи диплумотҳо ҳамчунон ба барномаи ҳастаии Эрон маътуф шуда, ин кишвар машғули кор рӯи насли баъдии фанноварии низомӣ шомили таслеҳоти моварои савт, руботик ва сомонаҳои худкор аст. Ҳанӯз ҳеч нишонае долл бар муҷаҳҳаз будани Эрон ба таслеҳоти моварои савт вуҷуд надорад ва ба назар намерасад, ки Русия ваЧин ҳам қасди ироаи ин фанноварӣ ба Эронро дошта бошанд, аммо сомонаҳои худкор ва фанноварии руботик, масъалаи дигаре аст.

Ба назар мерасад, ки текнисиянҳои эронӣ ҳатто агар ба сомонаҳои тамоман худкор даст наёфта бошанд, рӯи ҳуши маснуӣ кор мекунанд. Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ахиран размоише мавсум ба “Ҳамлаи фавҷӣ” баргузор карда, ки дар он аз ҳуши маснуӣ барои ҳамоҳангсозии қоиқҳо, ҳавопаймоҳо, тонкҳо ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин истифода шудааст. Сипоҳи Посдорон дар ҷанг бо ДОЪИШ низ аз токтикҳои мушобеҳ истифода карда буд. Ҳамчунин, фармондеҳи нерӯи ҳавоии Эрон моҳи июни 2019 аз як падофанди ҳавоии ҷадид хабар дод, ки тавоноии шиносоӣ ва радгирии паҳподҳои родоргурезро дорад ва метавонад дар бархе амалиётҳои худ аз ҳуши маснуӣ истифода кунад. Ин масъала, ки мақомоти эронӣ як моҳ баъд тавонистанд як фарванд ҳавопаймои бидуни сарнишини омрикоиро ҳадаф бигиранд, нишондиҳандаи ин аст, ки пешрафтҳои Эрон дар заминаи фанноварӣ бояд мавриди таваҷҷӯҳ қарор бигирад.

Суоле, ки акнун сиёсатгузорон дар Вошингтун ва пойтахтҳои муттаҳиди он дар халиҷи Форс бо он мувоҷеҳ ҳастанд, ин аст, ки дастёбии Эрон ба санъати руботик ва фанновариаҳои ҳуши маснуӣ, чӣ таъсире бар фарзиёти асосӣ дар бораи рафтори Эрон хоҳад дошт ва чӣ тавр тавозуни низомии минтақаро тағйир медиҳад? Санъати низомии Эрон шояд ҳанӯз тавсиъаёфта ба шумор наравад ва шояд ҳанӯз ин кишвар сомонаҳои руботик ва худкор мушобеҳи зарродхонаҳои омрикоӣ, чинӣ ва русӣ надошта бошад, аммо эҳтимоли ин ки барои муддате тӯлонӣ аз пешравон дар ин замина ақиб бимонад, андак аст.

National Interest

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.