Дидгоҳ

Либоси миллӣ ё таҳмили салиқа?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Мафоҳиме ҳастанд, ки бисёр роиҷанд ва дар забони ҳамагон ҷорист ва ҳама ҳам фикр мекунад, ки мефаҳмад, аммо ин мафоҳим, дар айни соддагӣ, бисёр печида ҳастанд ба ҳадде, ки дар ҷомеа бисёр андаканд афроде, ки тасаввури саҳеҳу дуруст дар бораи он дар зеҳн дошта бошанд. Яке аз ин мафоҳим, мафҳуми “фарҳанг” аст.

Ва ин ҳам, ки ҳамагон фикр мекунад мефаҳманд, далелаш, унси онҳо ба яке аз масодиқ (мисол ва намуна)-и ин мафҳум дар берун аст, ки дар зеҳнашон нақш баста. Дар мавриди мафҳуми “фарҳанг”, ба унвони мисол, он чи аз ин мафҳум дар зеҳни бештари мардум нақш баста “урфу одот” аст. Яъне ҳамин, ки вожаи “фарҳанг” ба гӯшашон бирасад, филфавр ба зеҳнашон урфу одатҳое мисли Наврӯз, либосҳое мисли чакан ё пироҳани атласӣ ва ё тоқиву тӯппиву ҷома, ва ё ғизоҳое мисли оши палов ё қурутоб ва ғайра табодур мекунад. Ҳамин аст, ки фикр мекунанд мефаҳманд “фарҳанг” яъне чӣ. Дар ҳоле, ки ин намунаҳо, фақат мисдоқи (намунаи) ин мафҳум дар хориҷ аз зеҳн аст, тоза, мисдоқи бисёр ночизи он.

Фарҳанг чист?

Барои “фарҳанг” аз сӯи мардумшиносон ва ҷомеашиносон таърифҳои гуногуне ироа шуда, ки ба ҳудуди 500 таъриф мерасад. Шояд таърифи Эдворд Тойлур (Edward Taylor, 1642-1729, шоир ва инсоншиноси омрикоӣ) аз “фарҳанг” яке аз ҷомеътарини таърифҳо ба шумор ояд. Ӯ фарҳангро “маҷмӯаи печидае аз донишҳо, боварҳо, забон, ҳунарҳо, қавонин, ахлоқиёт, одот ва ҳар чи ки фард ба унвони узве аз ҷомеаи хеш фаро мегирад” таъриф мекунад. (Донишномаи Рушд, вожаи фарҳанг)

Албатта, “фарҳанг”, ба унвони як вожаи порсӣ, барои худаш маъное дорад, ки чандон рабте ба таърифи истилоҳӣ (термин)-и он, ки аз Эдворд Тойлур овардем, надорад. Ин вожа мураккаб аз ду ҷузъ: “фар” ва “наг” аст. “Фар” ба маънои шукӯҳу азамат ва агар ба унвони пешванд ба кор равад, ба маънои “ҷилав”, “боло”, “пеш” ва “берун” аст. “Наг” аз решаи авастоӣ ба маънои кашидан, сангинӣ ва виқор аст. Аз ин рӯ, вожаи мураккаби “фарҳанг” ба маънои берун кашидан, боло кашидан ва баркашидан аст. Ва чунонки мулоҳиза мефармоед, ин таъриф як таърифи луғавӣ аст ва рабте ба таърифи истилоҳии он надорад.

Фарҳанги тоҷикӣ

Бо таваҷҷӯҳ ба таърифе, ки аз фарҳанг шуд, омилҳои аслии шаклгирии фарҳанги мо, тоҷиконро метавон дар даврони Ҳахоманишиён (шомили Суғду Бохтару Балх), даврони Соcониён, даврони пас аз вуруди ислом мисли даврони Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён, Хоразмшоҳиён, Салҷуқиён ва даврони пас аз ҳамалоти муғул ҷустуҷӯ кард.

Лозим ба ёдоварист, дар мақулаи фарҳанг (ба маънои васеъи он), Тоҷикистон, Эрони кунунӣ, Афғонистон, Ӯзбакистон, Туркманистон, ғарби Қирғизистон, ҷануби Қазоқистон, Озарбойҷон ва то ҳадде Арманистон ва ҳамчунин курдҳо ва Покистон, ҳамагӣ муштараканд, ки ба “фарҳанги Эронзамон” таъбир мешавад.

Дар маҷмӯъ метавон унсурҳои ташкилдиҳандаи фарҳанги тоҷикиро, ки фаротар аз марзҳои кунунии Тоҷикистон аст, ба ихтисор чунин баршумурд:

— донишҳо, яъне он чи тоҷикон дар тӯли таърих ва то ба имрӯз дар арсаи илму маърифат таҳвили башарият додаанд;

— забони порсӣ, ки муҳимтарин шохисаи фарҳанги тоҷикӣ аст. Забон шомили гӯиши меъёр, гӯишҳои маҳаллӣ ва хатти порсӣ аст;

— таърих;

— боварҳо, шомили дин ва эътиқодоти роиҷ миёни мардум (аъамм аз саҳеҳу ғалат) ва ҳатто боварҳои хурофӣ;

— ҳунарҳо;

— одобу ахлоқиёт;

— ҷашну одоти миллӣ мисли Наврӯз ва ғайра (ки пӯшишҳои ба истилоҳ миллӣ машмули он аст);

— шахсиятҳои устураӣ аз ҷумла Рустам;

— фалсафа;

— меъморӣ…

… ва ғайра.

Собит ва мутағайир дар фарҳанг

Аз унсурҳои ташкилдиҳандаи фарҳанги як миллат, ки дар боло зикр гардид, баъзе собитанд ва баъзе мутағайир. Масалан, забон (шомили хатту гӯиш) аз аносури собити фарҳанг ба шумор меояд. Албатта, манзур ин нест, ки забон рокид аст; забон дар миёни ҳар қавму миллате қобили такомул аст. Аммо такомул ғайр аз тағйир аст. Як падида метавонад падидае собит бошад, аммо дар тӯли таърих такомул биёбад, чунонки забони порсӣ аз даврони бисёр дур то ба имрӯз бисёр такомул ёфта, ва ин табиист. Вале дар айни ҳол, қобили тағйир нест, яъне набояд забони як миллат иваз шавад, масалан тоҷикҳо, ки ба порсӣ сухан мегӯянд, забонашон ба русӣ тағйир ёбад. Ин дуруст нест.

Аз ин рӯ, яке аз муҳимтарин вазоифи дастгоҳҳои фарҳангии як миллат, ҳифзу нигаҳдории забон (шомили гӯиш ва хатт) аст. Миллате, ки забонаш аз байн биравад, миллате бефарҳанг маҳсуб мешавад.

Ва пурвозеҳ аст, ки таърих ҳам собит аст. Ҳувайдост, ки таърих (гузашта) қобили тағйир нест. Имкон дорад дар таърих таҳриф сурат бигирад, аммо тағйири таърих (чун ба гузашта таъаллуқ дорад ва гузашта дар дастраси инсонҳо нест) маҳол ва имконнопазир аст. Шумо метавонед ояндаи худ ва ояндаи ҷомеаи худро тағйир бидиҳед, аммо гузаштаро на. Ҷашну одот ҳам аз аносури собити фарҳанганд, на мутағайир.

Аммо ба ҷуз инҳо, боқии унсурҳои фарҳанги як миллат қобили тағйиру таҳаввуланд. Масалан, бовар ва эътиқодот як унсури собит нест. Ва ба ҳамин далел аст, ки баъзе аз ҷомеашиносон бовар ва эътиқодотро асосан ҷузъи фарҳанги як миллат намешуморанд. Ва агар баъзе ҷузъи фарҳанг ҳам бидонанд, ҷузъи мутағйири фарҳанг медонанд. Яъне чунин нест, ки гуфта шавад, бовари муайяне ҷузъи фарҳанги як миллат аст. Як фард (ба унвони ҷузъе аз як ҷомеа) чи басо гароиш ба боваре пайдо бикунад, ки дар ҷомеае, ки зиндагӣ мекунад роиҷ набошад. Ва на танҳо як фард, балки кулли ҷомеа дар тӯли таърих чандин бор боварҳо ва эътиқодоти худро тағйир медиҳанд. Тоҷикҳо як замон зартуштӣ ва баъзе ҳам будоӣ буданд ва сипас мусалмон шуданд.

Либоси миллӣ ва либоси бегона

Урфу одотро, ки либосу пӯшишу ғизоҳо ҷузъи он аст, ва ҳамчунин меъмориро, агарчӣ аз як ҷиҳат метавон аз аносури собити фарҳанг баршумурд, вале аз ҷиҳате, наметавон собиташон донист. Ба ин маъно, ки ин аносур дорои як шаклу сурати собит нестанд, ки битавон дар ҳар давру замон рӯи он даст гузошт ва гуфт ин аст либоси тоҷикӣ, ё ин аст меъмории хосси тоҷикӣ. Ин унсурҳо, дар ҳар давру замоне, дорои як шакли хоссе ҳастанд мутафовит аз шаклу сурате, ки дар пеш аз он буда ва баъди он хоҳад буд. Масалан, либосу пӯшиши занону мардони даврони Сомониён, дар шаклу сурат, қатъан мисли либосу пӯшиши онҳо дар даврони Темуриён набудааст. Ва ё шаклу сурати пӯшиши занону мардони тоҷик дар даврони пеш аз инқилоби болшевик, қатъан мисли он чи дар даврони пас аз он роиҷ буда набудааст. Агар собиташон медонем, бад-ин ҷиҳат аст, ки дар порае аз вежагиҳо ва хусусиёт муштараканд.

Бинобар ин, мо наметавонем рӯи як сурат ва шакли хоссе аз либосу пӯшиш, ва ҳатто меъморӣ, даст гузорем ва бигӯем, ин аст “либоси миллӣ”-и тоҷикон ва бақия ҳама бегона.

Асосан, пӯшиш, ҳатто бар фарз агар дорои як шаклу сурати хоссе ҳам бошад (ки нест), таҳмили он кори абас ва масхара аст.

Ҳазрати Алӣ — бино бар он чи Ибни Абилҳадид дар ҷойе аз шарҳи худ бар “Наҳҷул-балоға” овардааст — мефармояд:

لا تُقْسِروا أوْلادَكُمْ عَلى آدابِكُم، فَاِنَّهُم مَخْلوُقوُنَ لِزَمانٍ غَیْرِ زَمانِكُم

Фарзандони худро бар одобу русуми худ маҷбур насозед; зеро онон ба рӯзгоре ғайр аз рӯзгори шумо таъаллуқ доранд.” (Шарҳи Наҳҷул-балоғаи Ибни Абилҳадид, ҷ.20, с.267)

Ба иттифоқи шореҳон, инҷо манзур аз “одоб” урфу одот аз ҷумла навъи пӯшиш аст. Ҳазраташ мегӯяд, ҳар насле, ба навъе хосс аз пӯшишу либос (ва ба истилоҳ, мӯд) унс пайдо мекунад. Аз ин рӯ, падарон он чи аз навъи пӯшиш (мӯд), ки ба он унс пайдо кардаандро ба фарзандони худ таҳмил накунанд, зеро фарзандони онҳо ба замоне дигар таъаллуқ доранд, на замони онҳо. Ва ба сухани дигар, ҷоиз нест падарон салиқаи худро бар фарзандон таҳмил кунанд.

Инки имрӯза ҳукумати Тоҷикистон як шаклу сурати хоссе аз либосро, махсусан либоси бонувонро, ба унвони “либоси миллӣ” дониста ва пӯшидани онро бар ҷомеа таҳмил мекунад, ин амал дар воқеъ навъе таҳмили салиқаи як фард (ё афрод) бар кулли ҷомеа аст. Зеро ин навъи пӯшиш, ки “либоси миллӣ”-иаш мешуморанд, пӯшише роиҷ дар миёни бонувон дар солҳои 70-80 ва то поёнҳои фурӯпошии Шӯравӣ будааст. Яъне дар воқеъ агар “либоси миллӣ” ҳам дониста шавад, дар ҳамон даврон, шакли миллии либоси бонувон, ҳамин шаклу сурат буда. Шояд ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон аз ин шаклу сурат хушаш меояд. Хуб, ишколе надорад. Аммо чаро ба унвони “либоси миллӣ” таҳмил мешавад? Инаш нописанд аст.

* * *

Ба ҳар сурат, агар мақомоти кунунӣ хеле дилашон барои фарҳанги миллӣ (худӣ) метапад, дар дараҷаи аввал, бояд барои эҳё ва ҳифзи шохистарин аносури фарҳанги миллӣ ва худӣ, масалан забону хатт, камар банданд. Он вақт мешавад гуфт инҳо дилашон барои фаҳанг метапад. Фарҳанг ки фақат дар чакану атласу оши палову қурутоб хулоса намешавад.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.