Бонувон

Тиловати Қуръон тавассути Ҷенифер Грут, хонандаи мусалмоншудаи омрикоӣ — (видео)

Тиловати Қуръони Карим тавассути Ҷенифер Грут, хонандаи мусалмоншудаи омрикоӣ, бозтоби бисёр густурдае дар кишварҳои исломӣ доштааст.

Ҷенифер Грут (Jennifer Grout), хонандаи машҳури омрикоӣ аст, ки чанд сол аст ба дини ислом мушарраф шудааст, ки ахиран бо қироати оятҳое аз Қуръони Карим мавриди таваҷҷӯҳи умум қарор гирифтааст. Ӯ ҳамчунин ба далели иҷрои зебои ашъори килосики арабӣ машҳур шудааст.

Ҷенифер Грут мутаваллиди 1989 дар Омрикост ва 29 сол син дорад. Ӯ ба забони арабӣ алоқаи бисёре дорад. Ин хонандаи 29-сола дар синни 23-солагӣ мусалмон шуда ва шаҳодатайнро адо кард, ва пас аз он низ барои идомаи таҳсил дар риштаи забони арабӣ озими кишвари Марокаш шуд ва муддате аст, ки дар Марокаш ба сар мебарад.

Дар рӯзҳои гузашта видеое аз ӯ дар фазои маҷозӣ мунташир шуд, ки дар ҳоли қироати оятҳои 285 ва 286 сураи Бақара аст. Ин қироати зебо бо истиқболи густурдаи мусалмонони кишварҳои ҷаҳон мувоҷеҳ шуд ва ба шакли густурдае дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр шуд ва аз он ба унвони аввалин шигифтии 2020 ёд мешавад.

Ахиран дар мусоҳибае бо шабакаи хабарии “Алҷазира” низ оятҳое аз Қуръони Карим тиловат кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.