Сиёсат

Ҳамлаи мушакии Ансоруллоҳи Яман ба як маркази низомии Арабистон

Ансоруллоҳи Яман дирӯз (ҷумъа, 27 декабр) як мушаки болистик ба як маркази низомии Арабистон дар Наҷрон дар ҷануби Арабистон шиллик кард, ки дар асари он, даҳҳо низомии саудӣ кушта ва захмӣ шуданд.

Ба гузориши Алмасира, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз шиллики мушаки болистики “Бадр-1” ба маркази фармондеҳии мутаҷовизони саудӣ дар шаҳри марзии Наҷрон хабар дод.

Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, аз ҷадидтарин амалиёти низомии ин кишвар алайҳи мутаҷовизони саудӣ парда бардошт.

Бар асоси ин гузориш, дар пайи ҳамла бо мушаки болистики “Бадр-1” ба як пойгоҳи низомии артиши Арабистон дар Наҷрон, даҳҳо нафар аз низомиёни ин режим кушта ва захмӣ шуданд.

Ин мақоми артиши Яман эълом кард, ки амалиёти мазкур дар минтақаи “Биър Аскар”-и Наҷрон анҷом шудааст.

Ин ҳамлаи мушакӣ бо истифода аз мушаки болистик, нахустин ҳамлаи Ансоруллоҳи Яман ба Арабистони Саудӣ аз замони эъломи оташбаси яктарафа тавассути Ансоруллоҳ барои таваққуфи ҳамалот ба Арабистони Саудӣ дар моҳи сентябри гузашта ба шумор меравад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.