Сиёсат

Дар пайи ҳамлаи Омрико ба мавозеи гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ, тамоми пойгоҳҳои омрикоӣ дар ин кишвар ба ҳолати омодабош даромад

Манобеи амниятии Ироқ эълом карданд, ба дунболи иқдоми Омрико дар бомбборони мақаррҳои гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ дар шаҳри Алқоими устони Аланбори ин кишвар, Омрико дар ҳамаи пойгоҳҳои худ дар Ироқ болотарин сатҳи ҳушдор эълом кардааст.

Манобеи ироқӣ афзуданд: “Ин омодабош пас аз он сурат гирифт, ки ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини омрикоӣ мақаррҳои гурдонҳои Ҳизбуллоҳ, яке аз гурӯҳҳои Ҳашдушшаъбиро дар минтақаи Алқоим дар ғарби Аланбор бомбборон карданд.”

Вазорати дифои Омрико рӯзи якшанбе бо судури баёнияе таъйид кард, ки мавозеи гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқро ҳадафи ҳамла қарор додааст.

Дар баёнияи Омрико дар мавриди ин ҳамалот иддао шудааст, ки ин иқдом дар посух ба “ҳамалоти мукаррар ба пойгоҳҳои омрикоӣ дар Ироқ” сурат гирифтааст.

Бар асоси ин баёния, маҷмӯан панҷ ҳадаф, шомили се мавзеи гурдонҳои Ҳизбуллоҳ дар Ироқ ва ду мавзеъ дар Сурия мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Вошингтун ҳамчунин гурдонҳои Ҳизбуллоҳро ба доштани иртиботи наздик бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дарёфти пуштибонӣ аз Теҳрон муттаҳам кардааст.

Гуфтанист, шомгоҳи якшанбе чанд паҳпод гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ вобаста ба Ҳашдушшаъбӣ дар шаҳри марзии Алқоими устони Аланбор (ғарби Ироқ)-ро ҳадаф қарор доданд.

Дар ин ҳамлаи ҳавоӣ, дастикам се нерӯи Ҳашдушшаъбӣ аз ҷумла фармондеҳи як ҳанги гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ ба шаҳодат расиданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.