Сиёсат

Имронхон бо шикасти диплумотик дар Куоло-ломпур обрӯи Исломободро бурд

Фориғ аз тавзеҳоте, ки дафтари Вазорати умури хориҷа дар мавриди ин тасмим дода, изҳороти Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркияро дар ин маврид, ки фишори Арабистони Саудӣ сабаби ақибнишинии ногаҳонии Покистон аз ширкат дар ин нишаст будааст, бояд ҷиддӣ гирифт. Чӣ чизе хиффатбортар аз ин аст, ки як кишвари мустақил ба дастуроти кишвари дигаре тан диҳад? Ин мояи обрӯрезӣ аз ҳама ҷиҳот аст.

Ба қалами Зоҳид Ҳусайн, сиёсатмадор ва пажӯҳишгари масоили сиёсии покистонӣ дар нашрияи Dawn

Тозатарин шикаст дар сиёсати хориҷӣ, ки тасмим дар лаҳзаи охир барои хуруҷ аз нишасти Куоло-ломпур буд, баёнгари шеваи тромпгунаи Имронхон, нахуствазири Покистон дар бархӯрд бо масоили ҳассоси сиёсӣ аст, ки бештар аз рӯи эҳсос ва на ақлу тадбир иттихоз шудааст.

Зоҳид Ҳусайн, сиёсатмадор ва пажӯҳишгари масоили сиёсии покистонӣ

Агарчӣ тасмим барои ширкат дар ин нишаст, бидуни баровард кардани манофеъ ва айбҳои он, ғайриақлонӣ буд, вале ин амалкард баёнгари уфули тоза дар диплумосии Покистон аст ва боиси коҳиши эътибори Исломобод дар миёни дӯстоне мешавад, ки чашмони худро ба рӯи онҳо бастаем.

Фориғ аз тавзеҳоте, ки дафтари Вазорати умури хориҷа дар мавриди ин тасмим дода, изҳороти Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркияро дар ин маврид, ки фишори Арабистони Саудӣ сабаби ақибнишинии ногаҳонии Покистон аз ширкат дар ин нишаст будааст, бояд ҷиддӣ гирифт.

Чӣ чизе хиффатбортар аз ин аст, ки як кишвари мустақил ба дастуроти кишвари дигаре тан диҳад? Ин мояи обрӯрезӣ аз ҳама ҷиҳот аст. Ҳеч собиқаи таърихӣ дар мавриди иҷоза додани Покистон ба кишвари дигаре барои тасмимгирӣ дар мавриди сиёсати хориҷиаш ва танзими равобити он бо дигар кишварҳо вуҷуд надорад.

Мо худро аз ҷангҳои дохилӣ дар Ховари Миёна дур нигоҳ доштаем ва аз эъзоми нерӯ ба Яман барои кӯмак ба Арабистон худдорӣ кардаем. Пас, акнун чӣ шудааст?

Мушкили аслии ҳизби ҳоким бар Покистон рӯйкарди ғайриҷиддии он ба масоили муҳимми сиёсати хориҷӣ аст. Арабистони Саудӣ ба яқин бар Покистон нуфузи қудратманде эъмол мекунад, ки иллати он вобастагии фазояндаи молии мо ба Риёз аст, вале мо дар гузашта дар баробари ин фишорҳо муқовимат карда ва сиёсатҳои мустақиллеро иттихоз кардаем. Имронхон бояд пеш аз ҳар гуна таъаҳҳуде барои ширкат дар конфронсҳои хориҷӣ, ҳамаи ҷавонибро мавриди назар қарор диҳад.

Агарчӣ мухолифати Арабистони Саудӣ бо нишасти Куоло-ломпур ба ин баҳона, ки Созмони ҳамкориҳои исломиро тазъиф мекунад, ғайримашрӯъ аст, вале ин мухолифати ӯ баёнгари ихтилоф дар миёни кишварҳои исломӣ аст.

Тан додани Имронхон ба фишорҳои Арабистони Саудӣ, сухан гуфтани ӯ аз миёнҷигарӣ миёни Эрон ва Арабистонро зери суол мебарад. Агарчӣ ҳимояти Арабистон аз иқтисоди дучори камбуди нақдинагии Покистон муҳим аст, аммо рӯйдоди ахир бар хатари фурӯ рафтани кишвар дар бозии қудрати минтақаӣ таъкид мекунад.

Шароити печидаи хориҷӣ дар атрофи Покистон ниёз ба мудирияти мудаббиронаи равобити хориҷиро зарурӣ мекунад.

Эътибори диплумотики Покистон дар хилоли солҳои гузашта ва ба иллати бесуботиҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, аз байн рафта ва дар сурате, ки масъалаи Кашмир ҳаллу фасл нашавад, кишвар дар хатари ҷанг қарор хоҳад гирифт, вале Имронхон натавонистааст дар ин маврид низ сиёсати равшане иттихоз кунад.

Ихтилофоти сиёсии дохилӣ ва вобастагии иқтисодӣ ба кишварҳои дигар ин пурсишро матраҳ мекунад, ки оё метавонем барои манофеи худ дар маҷомеи байналмилалӣ қотеъият нишон диҳем ё хайр. Рӯйдоди ахир нишон дод, ки давлат дар баробари масоили ба суръат дар ҳоли тағйири жеупулитикӣ дар минтақа нотавон аст ва мутаассифона фоқиди маҳорат дар ин арса, ки ниёзманди булуғ аст, ҳастем.

Dawn

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.