Сиёсат

Тромп: “Масеҳ манро бештар аз Убомо дӯст медорад!”

Дунолд Тромп дар паёме твиттерӣ навишт, ки ҳазрати Масеҳ ӯро бештар аз Убомо дӯст дорад.

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, паёмеро, ки дар январи соли 2018 аз сӯи як корбари муҳофизакор дар Твиттер мунташир ва дар он навишта шуда буд, ки Исои Масеҳ Тромпро аз Борок Убомо, раисиҷумҳури пешини Омрико бештар дӯст дорад, бознашр кард.

Дар ин ёддошт тасвири марде, ки гӯӣ ҳазрати Исо (а) будааст оварда, дар он навишта шуда: “Убомо манро берун кард, Тромп дубора манро даъват кард!

Дар тавзеҳе, ки зери ин ёддошт навишта шуда, омадааст: “Ман воқеан мӯътақидам, ки ин мард (Тромп) аз биҳишт фиристода шудааст, то наҷотбахш ва нигаҳдорандаи меҳрубонтарин ва хайрхоҳтарин ва дар натиҷа муваффақтарин кишвари таърих (Омрико) бошад!

Дунолд Тромп аз ҳимояти васеъи раъйдиҳандагони масеҳӣ бархӯрдор аст ва чаҳор тан аз ҳар панҷ раъйдиҳандаи масеҳии инҷилӣ дар соли 2016 ба ӯ раъй додаанд, ки як севвуми раъйдиҳандагони ҷумҳурихоҳ ва ҳудуди як панҷуми кулли раъйдиҳандагон дар ин кишварро дар соли 2016 ташкил медоданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.