Перейти к содержимому

Забон ва хатти форсӣ гарави бақои миллати тоҷиканд

Нуздаҳ гуфтаҳо дар соли нуздаҳ

(Баргузида аз навиштаҳои муаррих Луқмон Бойматов)

1. Роҳи илм аз сиёсат ҷудост. Донише, ки бепоя аст, бар рӯй ниқоби сиёсат мекашад.

2. Фасод ҷурм аст ва фосид муҷрим. Мардуме, ки аз фасоду фосидон ҳимоят мекунанд, худ шарикони фасод ва ёрони фосидонанд.

3. Хоки меҳан аз оташи нафси ҳарисон дар амон нест, зеро он хомӯшнопазир аст.

4. Дуздони бахт, ки сафои дирӯзу имрӯзи Заминро табдил ба ҷафоҳо мекунанд, оё метавонанд, фардои фазои осмонро пок нигаҳ доранд?

5. “Забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ аз ҳам ҷудоанд!” Ин дид мутлақо аблаҳонаест дар илми забоншиносӣ ва як назари аҳмақонаест дар сиёсат.

6. Масъулине, ки ба нодонии хеш пай намебаранд, зиндагии мардумро беарзиш ва вуҷудашро хор менамоянд.

7. Дар сарзамине, ки иззат ва имони мардум ба хоки зиллату хорӣ кашида мешаванд, ситоиш аз Озодии ҷаълӣ зиштарин навъи тамаллуқ аст.

8. Забон ва хатти форсӣ гарави бақои миллати тоҷиканд, вале роҳе, ки пеш гирифтаем, ба сӯи чоҳи маҳви миллат аст!

9. Аз ҳақиқат ҳамегуфтанд. Мардум фақат риояти адолат хостанд. Тоифае тавре кор бастанд, ки дуд аз равони миллат бурун омад.

10. Арҷгузорӣ ба мероси фарҳангӣ бояд аз рӯйи фаҳм бошад. Вагарна, ҳам худро масхара кардаем ва ҳам меросро.

11. Маҳалгароӣ василаи хосси қудратҳои худкома барои пинҳонсозии моҳияти аслии сиёсаташон аст. Он рӯйи дигари қабилагароист.

12. Таърих гувоҳ аст. Ҳар гоҳ, ки сарвари ношоиставу кӯчаке масъулиятҳои азимеро бар дӯши хеш гирифтааст, миллат ноком шудааст.

13. Шоире, ки лаъинеро меситояд, шабеҳи ҷуғдест, ки шабонгаҳ месарояд. Ӯро на метавон пеш кард, на метавон садояшро баст.

14. Ҳирс қудрати ҳарис аст, ки ӯро ҳоким намуда ва нодониаш аст, ки ӯро бандаи молу дунё кардааст.

15. Сиёсатмадоре, ки ба миллати худ пайваста дурӯғ мегӯяд, додаш пеши мардум зишт ва ёдаш дар хотираи таърих мӯҳтарам нахоҳад монд.

16. Пеш донишмандон таърихро барои тарбияти ҳокимон менавиштанд. Акнун ҳокимон барои тарбияти донишмандон менависанд.

17. Онон ки шарбати ғурбатро начашидаанд, аз заҳри ранчҳои ғарибон чӣ медонанд?

18. Аз камоли ҳамоқати миллат ин бас аст, ки бо номи худ иқдом барои нобудии худ менамояд.

19. Ҳушёр бошем, ки дар таблиғоти боғараз чизҳои бузург — кӯчаку беарзиш ва чизҳои кӯчак – бузургу боарзиш шудаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: