Забон ва адабиёт

Сафар Абдуллоҳро беҳтар бишносем

Ба баҳонаи зодрӯзи Устод Сафар Абдуллоҳ

Сафар Абдуллоҳ, донишманди муосири тоҷик, ҳарчанд ниёз ба муаррифӣ надорад, аммо ба ҳар сурат, дар зодрӯзаш сазовор аст як бори дигар муаррифӣ шавад, бавежа барои насли нави мо.

Сафар Абдуллоҳ 30 декабри соли 1955 дар деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш, солҳои 1973—1978 дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил кардааст.

Ӯ фаъолияти илмиашро соли 1978 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон шурӯъ намуда, соли 1979 дар Пажӯҳишгоҳи адабиёти ба номи Горкий (Маскав) ба коромӯзӣ пардохта, аспирантураро (солҳои 1981—1984) дар ҳамин пажӯҳишгоҳ сипарӣ намудааст ва дар мавзӯи “Суннатҳои эпикӣ дар шеъри муосири тоҷик” рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Солҳои 1981—1991 муаллими Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи Горкий ва ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва баъдан Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Тоҷикистон будааст.

Аз сабаби ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон, ба Қазоқистон ҳиҷрат намуда, аз соли 1993 ходими калон, баъдан ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳамзамон, профессори курси забонҳои шарқи Донишгоҳи равобити байналмилалӣ ва забонҳои ҷаҳони Қазоқистон ба номи Абилайхон мебошад.

Соли 2007 дар Алмаато фаслномаи илмии “Эроннома”-ро таъсис дода, сардабирии онро низ бар ӯҳда дорад. Маҷаллаи мазкур, ки ба забони русӣ чоп мешавад, мақола, рисола ва гузоришҳои илмии эроншиносони кишварҳои мухталифи олам ва мухаққиқони Тоҷикистону Эрону Афғонистонро дар мавзӯъҳои гуногуни таърих, тамаддуну фарҳанг, забон ва адабиёт, оину мазҳаби ақвоми эронӣ ва равобити таърихию фарҳангии кишварҳои эронӣ бо мамолику ақвоми ҳамсоя ба табъ мерасонад.

Таҳаввули шеъри муосири тоҷикӣ, суннату навоварӣ дар шеър, танқиди адабӣ, равобити адабӣ ва фарҳангии эрониён бо кишварҳои ҳамҷавор, бахусус, туркитаборон, забони форсӣ ва нақши он дар густариши фарҳанг дар Шарқи асрҳои миёна муҳимтарин мавзӯоти таҳқиқоти ӯ мебошанд.

Роҷеъ ба ин мавзӯот беш аз 300 мақола ва гузоришҳои илмӣ навиштааст, ки дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Русия ба табъ расидаанд. Бархе аз мақолаҳои ӯ дар китобҳои “Нури сухан” (Алмаато, 2005), “Магические мосты” (Алмаато, 2005, ба забони русӣ), “Шаранги андӯҳ” (эссе дар бораи Лоиқ ва эҷодиёти ӯ; Душанбе, 2001) чоп шудаанд.

Мақолаву ёдномаву марсиятҳои иддае аз донишмандону адибонро дар сӯги шоири фақид Лоиқ Шералӣ гирд овардаву бо номи “Марсияи Хуршед” (Алмаато, 2000; дар Маскав, (2001) ба табъ расондааст.

Ҳамчунин, таҳиякунандаи китоби “Магия Навруза” (Алмаато, 2007) мебошад, ки нахустин бор хонандагони русизабони маҳдудаи шӯравии собиқро бо таърихи пайдоиш ва таҳаввули ҷашни бузурги миллии эронитаборон ва оинҳои марбути он шинос мекунад.

Ҳамроҳи донишманди эронӣ Сайидбоқири Камолиддинӣ нусхаи форсии мавҷуд дар Китобхонаи миллии Қазоқистонро тавсиф намудааст, ки соли 2008 ба забони русӣ мунташир гардидааст.

Фарҳанги тахассусии форсӣ ба русӣ” низ аз таълифоти ӯст, ки соли 2011 дар чопхонаи Донишгоҳи Абилайхон ба табъ расидааст.

Ҳамчунин, таҳиякунандаи Куллиёти осори шоири маъруфи қазоқ Олжас Сулаймонов (дар 8 ҷилд) ва муаллифи сарсухани муфассали он мебошад.

Соли 1995 гулчини ашъори Абайро (дар тарҷумаи Фарзона, ба забони форсӣ) дар Теҳрон ба табъ расондааст.

Сафар Абдуллоҳ узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби порсӣ (мақарраш дар Теҳрон) аст. Гуфтанист, ӯ ҷаҳорумон узви тоҷики ин фарҳангистон ба шумор меравад. Аз тоҷикон фақат шодравон Муҳамадҷон Шакурӣ, шодравон Абдуқодир Маниёзов ва шодравон Додихудо Саймуддинов узви Фарҳангистони забон ва адаби порсӣ буданд.

Сафар Абдуллоҳ дар моҳи майи соли 2015, аз сӯи Анҷумани мардуми Ҷумҳурии Қазоқистон, ки раҳбарии онро Нурсултон Назарбоев бар ӯҳда дорад, бо нишони тилоии “Ваҳдат” қадрдонӣ шуд.

Дар феврали соли 2019 Устод Сафар Абдуллоҳ аз баргузидагони Ҷашнвораи байналмилалии Форобӣ дар Эрон муаррифӣ шуд. Ӯ, ки узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби порсӣ мебошад, дар канори донишмандоне чун Хусрави Қосим аз Ҳиндустон, Ронул Гунзолес аз Испониё, Оно Мориё аз Лаҳистон ва Мунико Грунке аз Олмон, ба унвони баргузидагони хориҷии даҳумин Ҷашнвораи байналмилалии Форобӣ дар Эрон муаррифӣ шуд.

Гузидаҳое аз ҷумалоти Сафар Абдуллоҳ

1) “Бадхоҳони Эрон ба бузургии ин ном рашк меварзанд, чаро ки Эрон дар баробари касе сари таъзим фуруд наёвардааст ва ин барои мо, эронитарборон мояи ифтихор аст…” (Сафҳаи фейсбукии Сафар Абдуллоҳ)

2) “Ман ҳамеша бо меҳанам будаам ва ҳастам ва ба қавли яке аз дӯстони қазоқиам, Саидаҳмади Қутиқадам, агар ман дар бораи кайҳон ҳам нависам, нохудогоҳ дар бораи Тоҷикистон фикр мекунам. Ҳоло дар ин ҷо устоди донишгоҳ ҳастам ва пажӯҳишҳоеро анҷом медиҳам, ки ҳама ба наҳве ба фарҳангу тамаддуни мо иртибот дорад…” (Дар гуфтугӯ бо сомонаи “Рӯзгор”)

3) “Пажӯҳишҳои илмии ман на ҳамеша марбут ба он будааст, ки дилам мехост… Аз оғози фаъолияти хеш дар Қазоқистон пешниҳод кардам, ки мехоҳам пажӯҳишҳои худро дар заминаи ҳамосаҳои миллӣ ва ба вежа “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ идома бидиҳам. Вале эҳсос кардам, ки аз як сӯй алоқамандӣ надоранд, аз сӯйи дигар гуфтанд, ки ҳарчӣ пажӯҳише, ки анҷом шавад, бояд аз ҷиҳоте ба Қазоқистон марбут бошад…” (Дар гуфтугӯ бо сомонаи “Рӯзгор”)

4) “Тамоми вуҷуди ман бо меҳанам аст. Як лаҳза ҳам бе ёди Ватан назистаам. Ватан дар қалби ман аст. Ва ҳар куҷое, ки ман зиндагӣ мекунам ва дар гӯшае маскан мегирам, он ҷо Тоҷикистон аст. Бисёре аз ҳамватанони мо, ки меҳмон мешаванд, хонаи маро гӯшае аз Тоҷикистон гуфтаанд...” (Дар гуфтугӯ бо сомонаи “Рӯзгор”)

5) “Ба забони порсӣ ифтихор мекунам, зеро тамаддуни ҷаҳониро бидуни ин мероси бузург наметавон тасаввур кард…” (Дар суханоне дар панҷумин Кунгураи байналмилалии “Урси Бедил”)

6) “Ҳеч шеъре дар ҷаҳон ба пойи шеъри порсӣ намерасад. Инро фақат ба хотири ин ки ба забони порсӣ сӯҳбат мекунем намегӯям ва иддаое бар он надорам. Ин чизест, ки кишварҳои хориҷӣ ба он изъон доранд. Замоне, ки душманӣ бо фарҳанги эронӣ ва забони порсӣ мешавад, хуни дил мехӯрем…” (Дар суханоне дар панҷумин Кунгураи байналмилалии “Урси Бедил”)

7) “Ман аз ин уъҷубаҳо дар ҳайратам ва намедонам бо забони мо чӣ мехоҳанд бикунанд?! Ин забон забони сад солу ҳафтод соли охир нест, забонест, ки дорои пуштувонаҳои азими адабӣ, илмӣ ва фаннӣ ва фарҳангӣ аст. Ҳеч илме набудааст, ки дар гузашта ниёкони мо дар он саҳим ва дахил набошанд ва дар тамоми заминаҳо осори ҳангуфте барои наслҳои баъдӣ барҷой мондаанд. Аз ин рӯ агар касе мехоҳад вожаи наверо ба забони мо ворид бикунад, ҳаддиаққал салоҳияти онро дошта бошад, ки тавонад бо далоили мантиқӣ ба мардум пешниҳод бикунад ва тавзеҳе бидиҳад, ки чӣ мехоҳад?!..” (Сафҳаи фейсбукии Сафар Абдуллоҳ)

8) “Чанде пеш шунидам, ки ин фузулон ба ҷои вожа ва таъбирҳои “Қонуни асосӣ” “Конститутсия” ва ба ҷои “Раиси Ҷумҳур” “Президент”-ро писандидаанд. Ҳадс мезанам, ки ин тоифа маъмулан ҳеч забонеро чунонки мебояд, намедонанд ва шояд ошиқи зоҳири вожаҳои бегона бошанд ва ё аҳдофашон миллати моро беш аз ин аз асли хеш дур кардан аст…” (Сафҳаи фейсбукии Сафар Абдуллоҳ)

Тасовире аз Устод Сафар Абдуллоҳ:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.