Дидгоҳ

Бадбинӣ ва нафрат нисбат ба дигарандеш; бемории музмини ҷомеаи мо

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Се рӯз аст, ки хонаводаи Домулло Хайриддин Абдуллоҳ аз ӯ хабаре надоранд. Ҳамсари ин руҳонии муқими Русия, дирӯз (31-уми декабр) дар гуфтугӯ бо Родию Озодӣ гуфтааст, “шавҳари ӯ ду рӯз қабл тариқи ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе омад, вале то ҳол ӯро надидаанд.” Хонум Илолиева гуфтааст: “Соати 9-и субҳи 29-уми декабр шавҳарам ба ман акс равон кард ва навишт, ки аллакай дар Душанбе аст. Баъди он нопадид шуд. То бегоҳ сабр кардам ва баъдан ба хешовандон хабар додам, ки шавҳари ман куҷост? Хешовандон гуфтанд, ки мо ӯро надидем.”

Бар пояи гузориши Родию Озодӣ, дар аксе, ки Хайриддин Абдуллоҳ ба ҳамсараш фиристодааст, ӯ дар дохили ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” ҳамроҳ бо ду кӯдак, ки хоҳарзодаҳояш будаанд, дида мешавад. Ҳамсари ин руҳонии ҷавон гуфтааст, шавҳараш бегоҳи 30-юми декабр дар тамоси кӯтоҳе ба ӯ гуфта, ки дар Вазорати корҳои дохилӣ аст ва аз ҳамсараш хостааст, дигар ба ӯ нанависад, чун телефон дигар дар дасташ нест: “То рӯзи 3-юм (январ) Худо агар хоҳад мумкин телефонро диҳанд. Дигар нанавис, телефон дар дасти ман нест.” Ба гуфтаи хонум Илолиева, ду хоҳарзодаи ҳамсарашро, ки ҳамроҳи ӯ буданд, ба наздикон супурданд, вале аз худи Домулло Хайриддин хабаре нест.

Тибқи гузориши Родию Озодӣ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъйид карда, ки Хайриддин Абдуллоҳ пас аз бозгашт ба Душанбе ба бозпурсӣ “даъват” шудааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД, рӯзи 31-уми декабр дар сӯҳбат ба ин родию гуфтааст, аз Хайриддин Абдуллоҳ “баъзе ҳолатҳоро мепурсанд ва ҷавоб медиҳанд.”

* * *

Баъзе ҳолатҳо”, ки ВКД мехоҳад аз Домулло Хайриддин “бипурсад”, ин нест, ки масалан ин руҳонӣ аз мухолифон буда ва аз ин ҷиҳат мавриди “бозпурсӣ” қарор бигирад, қатъан ин нест, зеро Домулло Хайриддин Абдуллоҳ на танҳо аз ҷумлаи мухолифон набуд ва нест, балки гоҳе аз ҳукумат ва сиёсатҳояш пуштибонӣ ҳам мекард, ки аз қазо яке аз мавориди ихтилофи назари инҷониб бо ӯ, ҳамин мавзӯъ буд. Аз ин рӯ, ин “ҳолатҳо”-и мавриди ишораи сухангӯи ВКД, марбут ба фаъолиятҳои фарҳангии ӯст.

Ин ҷавон фаъолиятҳои фарҳангии бисёр густурдае дар Маскав дорад, бахусус бо муҳоҷирон, ва ин, бар касе пӯшида нест. Ба баракати баргузории давраҳои омӯзиши хатту забони порсӣ ва дарсҳои ахлоқ аз сӯи ин ҷавон, садҳо нафар ба хатту забони порсӣ ошно шудаанд. Бегумон, мавзӯи “бозпурсӣ”-и ӯ ҳамин фаъолиятҳояш аст, ки масалан чӣ касе ба ту дастури баргузории ин давраҳоро дода, оё ин Эрон аст?! Ва аз ин қабил суолҳо. Зеро, аз назари мақомоти мо, ҳар гуна фаъолияте “бояд” бо дастур бошад. Фаъолияти бархоста аз ангеза ва эҳсоси масъулият, барои мақомоти Тоҷикистон қобили тасаввур нест ва чунонки мегӯянд: “Кофар ҳамаро ба кеши худ пиндорад”.

Ба ҳар сурат, умедворем ҳар чӣ зудтар ӯро озод кунанд ва беш аз ин дигар нигаҳаш надоранд, ва мавзӯи сӯҳбати ман дар ин ёддошт ҳам ин нест.

* * *

Баҳси ман дар ин навиштор, дар бораи вокунишҳоест, ки аз сӯи бисёре аз корбарон ба боздошти Домулло Хайриддин дар фазои маҷозӣ шуда. Вокунишҳое, ки касе, ки аз берун ба онҳо нигоҳ мекунад, ин тасаввур дар зеҳни ӯ эҷод мешавад, ки чӣ қадр ин мардум нисбат ба дигарандеш бадбинанд! Ва мутаассифона, бадбинӣ ва нафрат нисбат ба дигарандеш, махсуси гурӯҳи хоссе ҳам нест, мухолифу мувофиқ дар он муштараканд. Яъне, ҳам дар вуҷуди ҳаводорони ҳукумат — ва ҳатто мақомот ва ҳокими кишвар — ин беморӣ мушоҳида мешавад, ва ҳам дар вуҷуди баъзе аз мухолифони ин ҳукумат. Ёди касе намеравад, ки андаке қабл аз шаҳодати Эшони Қиёмуддини Ғозӣ дар зиндон, он ҳам ба сурате бисёр ваҳшатнок, Эмомалӣ Раҳмон аз болои минбар, дар бораи ӯ гуфта буд, ки: вай “пурра мазҳаби шиаро қабул карда.”

Билофосила бо расонаӣ шудани боздошти Домулло Хайриддин, дар гурӯҳи вежаи ҳаводорони ҳукумат – ки ингор мошоаллоҳ мазҳабӣ ҳастанд ва барои мазҳаб дилашон метапад — ин гуна вокунишҳо корида шуд:

На танҳо ҳаводорони ҳукумат, балки корбароне, ки коре ба сиёсат ҳам надоранд (ва дар мавориде, баъзе аз мухолифон), бо расонаӣ шудани ин хабар, ба ҷойи ин ки лоақал бигӯянд ин боздошт дуруст набуд, табли шодӣ заданд ва ин гуна вокунишҳоро аз худ ба намоиш гузоштанд:

Гоҳе фикр мекунам, дар ҷомеаи мо, як инсони фаҳмида ва бедор пеш аз ин ки ба кори сиёсат бипардозад, аввал кори фарҳангӣ кунад ва дар садади решкан сохтани ин беморӣ – бемории нафрат ва бадбинӣ нисбат ба дигарандеш – барояд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.