Перейти к содержимому

Зиндагӣ кардан ба маънои фалсафидан аст // Ҳар инсоне андешаманд аст

Ғуломҳусайни Иброҳимии Динонӣ, файласуфи муосири Эрон, дар посух ба ин пурсиш, ки фалсафа чист ва мардум чӣ фаҳме аз фалсафа доранд, фалсафаро ба “таъаққули дуруст” таъриф кард ва афзуд: “Ҳар одаме меандешад ва таъаққул мекунад, Худованд инсонро оқил офарида, то бо ақли худ кор кунад, аммо андешидан мумкин аст ба роҳи хато равад, ва барои дурӣ аз хато бояд мавозини (меъёрҳои) мантиқӣ ба дурустӣ риоят гардад.”

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Динонӣ дар як гуфтугӯи телевизиюнӣ идома дод: “Ҳеч инсоне аз андешидан мустасно нест. Бад-ин мафҳум метавон гуфт, ҳар инсоне андешаманд аст, аммо ҳамин амр дараҷа ва маротибе дорад. Як фард ба издивоҷ, ноҳор, либосҳо ё навъи ислоҳи мӯ меандешад, аммо фарди дигар зимни таваҷҷӯҳ ба ин мақулот, ба чистии зиндагӣ низ меандешад. Ба маҳзи ин ки фард вориди мақулаи андешидан ба зиндагӣ шуд, суолоти дигаре дар зеҳни ӯ шакл мегирад. Ӯ бояд бидонад ҳамешагӣ аст ё ба ҷое хоҳад рафт; аз ин рӯ, бояд ба оғозу поёни зиндагӣ фикр кунад ва дар ин миён аз замону макон фаротар хоҳад рафт ва дар ин байн таъаққули фард амиқтар мешавад, ва ин ҳамон фалсафа аст.”

Вай тасреҳ кард: “Ибни Сино ва Суқрот мефаҳмиданд, ки дар ҳоли фалсафидан ҳастанд, вале як фарди оммӣ мутаваҷҷеҳи ин амал нест. Вақте инсон ба моҳияти зиндагӣ меандешад, оё метавон гуфт, ки ин андеша мақулае парту палост, ё ин ки дар матни зиндагӣ қарор дорад? Қатъан, матни зиндагӣ аст. Пас, зиндагӣ кардан ба маънои фалсафидан аст; мунтаҳо касе мефаҳмад, ки басони файласуф Ибни Сино ё Суқрот зиндагӣ кунад. Вале касе, ки намефаҳмад, нодону аҳмақ аст.”

Динонӣ зиндагии рӯзмарраро “андешидани аҳмақона” донист ва афзуд: “Чунин фарде дар бораи ин ки чаро мехӯрад ва мехобад намеандешад, ва агар дар посух ба суоле дар боби чароии хӯру хоб посухе аҳмақона ироа дод, дорои зиндагии рӯзмарра аст ва чунончи ба воқеъ бидонад, ки чаро зиндагӣ мекунад, фалсафаро мефаҳмад.”

Вай дар поён, ба мақулаи “тасаллии фалсафӣ” барои башар ишора кард ва гуфт: “Инсони бемор дар ранҷу нигаронӣ аст. Агар қобили муолиҷа набошад, ақл ба ӯ мегӯяд ин беморӣ аз дасти ту хориҷ аст ва аз ин рӯ ғусса хӯрдан барои он чи аз дасти башар хориҷ аст, бемаънӣ аст. Чун маъқул нест, ки инсон барои он чи аз дасти ӯ хориҷ аст, ғусса хӯрад. Ин суолро бояд аз ақл пурсид ва посух, ҳамон тасаллии фалсафӣ хоҳад буд. Ақл мегӯяд, то ҷое, ки илоҷ пеши рӯи туст, бояд кӯшид, вале дар он ҷо, ки ҳеч роҳи илоҷе надорад, ақл мегӯяд, ки ғусса хӯрдан бемаъно ва бефоидааст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: