Ақоиди исломӣ

Агар ҳамаро Худо офарида, худи Худоро чӣ касе офарида?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Агар Худованди Мутаъолро офаридгори ҳама чизу ҳама кас бидонем, пас худи ӯ чӣ гуна ба вуҷуд омада?” Ин суол, суолест, ки бо вуҷуди он, ки пештар (ба назарам, ду сол пеш) дар посух ба пурсише, роҷеъ ба ин мавзӯъ баҳси нисбатан ба тафсиле ороста ва матлабро баён карда будам, аммо ахиран боз ду тан аз ҳамватанони муҳоҷирамон чунин суолеро бароям матраҳ кардаанд. Албатта, суолдиҳанда таъкид кардааст, ӯ кучактарин шакку тардиде дар вуҷуди Худо надорад, вале ин суол ҳамеша дар зеҳни ӯ будааст ва азияташ мекардааст ва аз ин рӯ мехоҳад посухи қонеъкунандае ба он биёбад.

Бинобар ин, дар ин навиштор, ба посухи ин пурсиш мепардозам, албатта ба андозаи тавонам.

* * *

Посух ба ин пурсишро метавон дар чанд нукта хулоса кард:

1) Нуктаи аввал ин ки: ин суол, фақат дар мавриди мавҷудоте матраҳ мешавад, ки вуҷудашон аз худашон нест. Аммо агар мо мавҷудеро фарз кунем, ки вуҷуд ва ҳастӣ зотии вай бошад, дар ин сурат, тарҳи ин суол дар мавриди ӯ бемаънист.

Ҳоло, барои наздик кардани масъала ба зеҳни хонанда, як мисол мезанам. Агар бигӯем: “Шӯрбо шӯр аст”, шумо метавонед бипурсед, ки шӯрии шӯрбо аз куҷост? Дар посух мегӯянд: “Шӯрии шӯрбо аз намак аст.” Ҳол, агар суолро мутаваҷҷеҳи худи намак бикунем ва бигӯем: “Шӯрии намак аз куҷост?”, шумо посух хоҳед дод, ки намак зоташ шӯрист, яъне намак агар намак аст, шӯр аст. Ба сухани дигар, намак худаш, зоташ, ҳақиқаташ шӯрӣ аст. Аз ин рӯ, наметавон дар бораи намак ин суолро матраҳ кард, ки шӯрии намак аз куҷост.

(Тазаккур: Дар ин мисоле, ки зада шуд, бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки манзур аз зотӣ будани шӯрӣ барои намак, ҳаргиз ин нест, ки шӯрии намак чун зотии он аст, пас офаридгоре надорад, манзур ин нест, балки манзур он аст, ки офаридгори ҷаҳон намакро зотан шӯр офаридааст, ба тавре ки ҳаргиз наметавон шӯриро аз намак ҷудо кард. Ин мисолҳо барои наздик кардани матлаб ба зеҳн зада мешавад, вагарна байни ин мисолҳо ва мавзӯи мавриди баҳс тафовути зиёде ҳаст.)

* * *

2) Нуктаи дуввум ин ки: маънои “воҷибулвуҷуд”, ки файласуфон Худовандро ба ин унвон мехонанд ин аст, ки “Худо зотест, ки вуҷуд барояш воҷиб аст.” Яъне, Худованд зотест, ки вуҷуд барояш зарурат дорад, ва ба сухани дигар, вуҷуд аз ӯ ҷудонопазир аст. Дуруст мисли онҷо, ки наметавон гуфт: “Намак шӯр нест”, ҳамчунин наметавон гуфт: “Худо мавҷуд нест”. Зеро салби “вуҷуд” (ҳастӣ) аз зоти ӯ, ақлан маҳол аст; мисли ин аст, ки шумо гуфта бошед: “Вуҷуд вуҷуд нест”. Ин ҳарф ҳарфи мутаноқиз аст. Вуҷуд зотии Худованд аст, асосан ӯ саросар вуҷуд аст, нестӣ дар ӯ роҳ надорад.

Дар Қуръони Карим низ ин ҳақиқат ба унвони “Ғанӣ” барои Худо ёд шудааст. “Ғанӣ” яъне Бениёз. Воҷибулвуҷуде, ки фалосифа мегӯянд, ҳамин маънои Ғанӣ аст. Инҷо тафовут фақат дар лафз аст, вагарна дорои як маъност. Вақте мо Худоро Ғанӣ ва Бениёз медонем, ба ин маъност, ки Худованд дар ин, ки ҳаст ва мавҷуд аст, ниёз ба чизе ва ё касе надорад. Мисли мо инсонҳо нест, ки дар вуҷуд пайдо кардан, ба ғайри худамон “ниёзманд” бошем. Аз ин рӯст, ки Худо дар Қуръони Карим мефармояд:

يَا أَيُّهَا النَّاسُ أَنتُمُ الْفُقَرَاء إِلَى اللَّهِ وَاللَّهُ هُوَ الْغَنِيُّ الْحَمِيدُ

Эй мардум! Шумо ба Худо ниёзмандед ва Худост, ки бениёзи сутуда аст”. (Сураи Фотир, ояти 15)

Пас, агар “вуҷуд” зотии Худо бошад ва аз ӯ қобили ҷудо шудан набошад, дар ин сурат, ин суол дар мавриди вай, ки ӯро чӣ касе офарида ё ба ӯ чӣ касе вуҷуд бахшида, бемаъност. Зеро вуҷуд аз ӯ қобили ҷудо шудан нест, ки пурсида шавад вуҷуди ӯ аз куҷост ё ӯро чӣ касе офарида? Ӯ ҳамеша буда ва ҳаст ва хоҳад буд. Вуҷуд зотии ӯст.

* * *

3) Нуктаи севвум он ки: бояд бидонем, аз куҷо дар зеҳни мо инсонҳо ин суол пайдо мешавад, ки Худоро чӣ касе офарида? Посухаш ин аст, ки: мо инсонҳо маъмулан ҳар чизеро (ва ҳатто Худоро) нохудогоҳ бо чизҳое, ки ба онҳо унс пайдо кардаем, муқоиса мекунем. Зеро, мо медонем, ки дар олами модда, ҳар чизе аввал набуд ва сипас падид омад, ки ҳатман падидоваранда дорад. Ва аз ин рӯ, чизе, ки ҳамеша буда ва падидоваранда надошта бошад, тасаввураш бароямон бисёр сахт ва душвор аст агар нагӯем тасаввураш бароямон маҳол аст. Зеро, аз замоне ки чашм ба ин олам гушудаем, сару корамон танҳо бо ҳамин олами модда будааст ва фақат чизҳоеро метавонем тасаввур кунем, ки вориди зеҳнамон шуда. Ва чизҳое ҳам, ки вориди зеҳни мо мешавад, аз ҳамин олами модда аст. Аз ин рӯ, бисёр сахт аст (агар нагӯем маҳол аст) тасаввури зоте, ки бениёз аз падидоваранда ва бавуҷудоваранда аст ва ҳамеша буда ва ҳаст ва хоҳад буд.

* * *

4) Нуктаи чаҳорум ва ахир он ки: вақте гуфтем, “вуҷуд зотии Худост ва аз ӯ ҷудонашаванда аст ва ӯ ҳамеша буда ва ҳаст ва хоҳад буд”, шояд бипурсед, инро аз куҷо мегӯӣ? Яъне, барои ин иддао бояд далел ва бурҳон овард.

Посух он ки: ҳар чи ҳаст, “вуҷуд” аст. Асосан, ҳастӣ яъне вуҷуд. Нақизи “вуҷуд” адам (нестӣ) аст. Ва “адам” (нестӣ), фақат дар зеҳн ҷой дорад ва дар олам воқеияте надорад. Яъне ин мафҳум сохта ва пардохтаи зеҳни инсон аст. Хуб, ин мафҳум чӣ гуна дар зеҳн падид омадааст? Посух он ки: инсон вақте дарахтеро масалан мебинад, тасаввуре аз дарахт дар зеҳни ӯ пайдо мешавад, сипас кӯҳро мебинад ва тасаввуре аз кӯҳ дар зеҳни ӯ падид меояд. Ва инсон вақте ин дуро дар олами зеҳни худ бо ҳам муқоиса мекунад, дармеёбад, ки “дарахт ғайр аз кӯҳ аст” (дарахт кӯҳ на+аст). Ҳамин “на+аст” боис мешавад, ки мафҳуми “адам” (нестӣ) дар зеҳни ӯ пайдо бишавад дар муқобили мафҳуми “вуҷуд” (яъне дар муқобили “аст”). Вагарна, “адам” воқеияте дар олами берун надорад. Ба сухани дигар, мо агар тасавввуре аз ҳар чиз дар зеҳн дорем, ин чиз дар берун воқеият ҳам дорад. Масалан, агар тасаввуре аз дарахт дар зеҳн дорем, ин тасаввур (мафҳум), дар берун аз олами зеҳн, барои худаш як воқеият дорад. Аммо мафҳуми адам (нестӣ) ҷояш фақат зеҳн аст.

Хелеҳо ҳастанд, ки ин пиндор дар зеҳнашон ҳаст, ки “адам” (нестӣ) яъне “як фазои холӣ”, мисли фазое, ки мушоҳида мекунем, ки дар он ҳеч чиз нест ва фақат фазо ҳаст. Хуб, ин пиндор як пиндори сар то ба по ғалат ва нодуруст аст. Билохира, ҳамин фазои холие, ки онро “адам” (нестӣ) фарз мекунем, оё ҳаст ё нест?! Агар гуфтем, ҳаст, пас “вуҷуд” доштааст. Яъне, он чиро, ки “адам” фарз кардаем, вуҷуде будааст ба номи “фазои холӣ”; мунтаҳо дар ин фазо чизе муштпуркун дида намешавад.

Хулоса, ҳар чи шумо ба унвони “адам” фарз кунед, он ғайр аз “вуҷуд” нест. Асосан, ин ки гуфта бишавад, “адам ҳаст”, дуруст мисли ин мемонад, ки бигӯед, “ғайриинсон инсон аст”, ки як гузораи мутаноқиз аст. Зеро адам яъне “ғайри вуҷуд”, яъне нақизи вуҷуд.

Ҳамаи он чи гуфта шуд, муқадимае буд барои баёни ин матлаб, ки: ҷаҳони ҳастӣ фақат вуҷуд (ҳастӣ) аст, ва ғайри “вуҷуд” (яъне адам) воқеият надорад. Ҳар чи ҳаст, вуҷуд ва ҳастӣ аст. Ҳазорон-ҳазор фикр кунед, боз ғайри вуҷуд чизе намеёбед. Инро феълан дар зеҳн дошта бошем.

Ва аз тарафе, дар олами имкон, ҳар чи аз падида, ки мешиносем, мавҷудоти маҳдуду машруту вобаста ҳастанд. Масалан, ин дарахт, ки мебинем, вуҷудаш вобаста аст ба як силсила иллатҳо. Ин инсон, ки мебинем, вуҷуди ӯ низ вобаста аст ба як силсила иллатҳо, ки агар он иллатҳо набуданд, ӯ ҳам набуд. Ин кураи замин, ки мебинем, вуҷудаш вобаста аст ба як саре иллатҳо, ва ҳамин тавр ҳамаи ашё… Яъне ҳеч чиз нест, магар он ки вуҷудаш маҳдуду машруту вобаста аст.

Аммо аз он тараф ҳам, чунонки баён шуд, воқеияти ҳастӣ (ҳамаи ҳастӣ, на танҳо олами табиат), дар маҷмӯъ, рӯи пойи худ истода ва машрут нест ва адам дар он роҳ надорад. (Чун гуфтем, адам сохтаи зеҳн аст.)

Аз ин ҳақиқат чунин натиҷа ба даст меояд, ки: ҳамаи ин мавҷудоти маҳдуду машруту вобаста (яъне кулли олами имкон) қоим ба мавҷуде будаанд, ки вуҷуди он, дигар вобаста ва маҳдуду машрут нест, ва он зот, ҷуз зоти Офаридгор нест. Вагарна, амри маҳол пеш меояд.

Ҳамаи он чи, ки арз шуд, Абӯалӣ ибни Сино (р) дар “Ишорот ва танбеҳот” бо ду се ҷумлаи кӯтоҳ баён кардааст; ӯ мегӯяд:

إن الموجود إما أن يكون واجب الوجود أو ممكن الوجود، فإذا كان واجب الوجود فقد ثبت مطلوبنا، وإذا كان ممكناً فالممكن يحتاج في وجوده إلى مرجح، وهذا المرجح ممكناً فهو أيضاً بحاجة إلى مرجح وهكذا تستمر هذه السلسلة إلى ما لا نهاية، وحيث أن الدور والتسلسل باطلان، لا بد وأن تصل النوبة إلى مرجح لم يكن ممكناً، وإنما يكون واجباً، وواجب الوجود هذا هو الله

Мавҷуд ё воҷибулвуҷуд аст ва ё мумкинулвуҷуд. Агар воҷибулвуҷуд аст, пас матлуби мо собит мешавад. Ва агар мумкинулвуҷуд аст, вуҷуди мумкин барои мавҷуд шудан эҳтиёҷ ба мураҷҷеҳ дорад. Ҳол, агар мураҷҷеҳ мумкин бошад, дубора худи он эҳтиёҷ ба мараҷҷеҳи дигаре дорад, ва ҳамин тавр то бениҳоят идома дорад. Ва чун “давр” ва “тасалсул” ботил аст, бояд ба мураҷҷеҳе бирасем, ки дигар мумкин набошад, балки воҷиб бошад, ва ин воҷибулвуҷуд, ҳамон Худост”. (Ишорот ва танбеҳот, с.97 ва 98)

Ибни Сино мехоҳад бигӯяд, вақте касе асли вуҷуд (ҳастӣ)-ро пазируфт – ва ҷуз девона касе онро мункир нест — аз ӯ суол мешавад, ки ин вуҷуди хориҷӣ ва айнӣ, ки пазируфтаӣ, аз ду ҳолат наметавонад хориҷ бошад: ё воҷибулвуҷуд аст (яъне ҳастӣ барояш зарурат дорад) ва ё мумкинулвуҷуд аст (яъне ҳастӣ барояш воҷиб нест, балки мумкин аст, яъне, ҳам метавонад бошад ва ҳам метавонад набошад, ва тамоми мавҷудоти олами имкон чунинанд) ва наметавонад фарзи севвуме дошта бошад. Ҳол, агар фарзи аввалро пазируфт, вуҷуди воҷибулвуҷуд собит мешавад. Аммо агар бигӯяд, ҳама мумкинулвуҷуд ҳастанд, ногузир бояд вуҷуди воҷибулвуҷуд ҳам пазируфта шавад. Зеро ҳар мумкинулвуҷуде ниёзманд ба иллат аст, то ба ӯ вуҷуд диҳад. Ва он иллат агар худаш мумкинулвуҷуд бошад, ӯ ҳам ниёзманди иллат хоҳад буд, ва чун маҳол аст, ки силсилаи иллатҳо то бениҳоят пеш равад (тасалсул дар иллатҳо маҳол аст) ва ё ин ки робитаи “давр” байни онҳо барқарор шавад (яъне, яке аз ин мумкинулвуҷудҳо иллати дигаре бошад ва он дигаре ҳам иллати ин бошад, ки ин ҳам маҳол аст), пас бояд силсилаи иллатҳо ба иллате мунтаҳӣ шавад, ки худаш дигар ниёзманд ба иллат набошад, яъне воҷибулвуҷуд бошад.

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.