Перейти к содержимому

Фаҳми масъала чандон душвор нест, фақат каме диққат мехоҳад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Матлабе, ки дишаб дар посух ба пурсише мабнӣ бар ин ки “Худоро чӣ касе офарида?” навишта ва дар сойт гузошта будам, зоҳиран боз ниёз ба тавзеҳи бештар дорад, ва дурусттараш, ниёз ба ин дорад, ки ба забоне соддатар баён шавад. Зеро дӯсте, ки ин пурсишро бароям матраҳ карда буд, иброз дошт, ки чизе нафаҳмидааст. Аз ин рӯ, ночорам, боре дигар ба баёни ин масъала бипардозам. Саъй мекунам матлабро ба баёне дигар ва соддатар, тавзеҳ бидиҳам.

Нуктаҳое, ки ба тартиб баён хоҳам дошт, агар ба онҳо андаке диққат шавад, фикр мекунам масъала бароятон равшан хоҳад шуд:

1) Мавҷудоте, ки мо аз ҷаҳон мешиносем ва бо онҳо тамоси мустақим дорем – аз бузургтарин сайёраҳо ва каҳкашонҳо гирифта то кучактарин заррот – ҳамаи онҳо, бидуни истисно, мавҷудоте ҳастанд, ки будан ва набуданашон мусовӣ (баробар) аст, ба ин маъно, ки ҳам метавонанд бошанд ва ҳам метавонанд набошанд. Ва аз он ҷо, ки мо мебинем инҳо ҳастанд, ҳақ дорем бипурсем, ки чаро инҳо ҳастанд?! Ва ба сухани дигар, чаро инҳо либоси ҳастӣ (будан) бар тан кардаанд, дар ҳоле, ки метавонистанд набошанд. Ва ин суол ва пурсиш дар бораи мавҷудот, суоле мантиқӣ аст. Асосан, ҳамин суол ва кунҷковӣ аст, ки инсонро водор карда (ва мекунад) ба дунболи фаҳмидани иллати пайдоиши ашё дар олам шавад ва дар натиҷа ба бисёре аз асрору розҳои ҷаҳон пай бибарад ва хеле аз маҷҳулот барояш кашф шавад.

Ҳол, вақте сухан аз вуҷуди Худованд ба миён ояд, бисёре аз мо инсонҳо чун тасаввури дурусту саҳеҳ аз наҳва ва чигунагии вуҷуди Худо дар зеҳн надорем, билофосила ин суол бароямон матраҳ мешавад, ки Худоро чӣ касе офарида?! Зеро ки тасаввури зеҳнии мо аз “мавҷуд” (чизе, ки “ҳаст”) ҳамон аст, ки дар боло арз шуд. Ва агар тасаввури инсон дар бораи вуҷуди офаридгор (Худо), ҳамон тавр ки дар воқеъ аст, набошад, ӯ ҳақ дорад, ки бипурсад Худоро чӣ касе офарида?!

(Ин нукта ҳам бояд мавриди таваҷҷӯҳамон бошад, ки ин баҳс як баҳси физикӣ нест, ки гуфта шавад, зарраҳое, ки олам аз онҳо таркиб ёфта азалӣ ҳастанд ва аз ин рӯ дигар ба Худое ниёз нест, то пурсида шавад, ӯро кӣ офарида?! Ин баҳс як баҳси сирф фалсафӣ аст. Дар поён ба ин матлаб ишора ва посухаш дода хоҳад шуд.)

2) Нуктаи дигар он ки: вақте мо мегӯем, “инсон вуҷуд дорад”, “дарахт вуҷуд дорад”, “хуршед вуҷуд дорад”, “сайёраи Зуҳал вуҷуд дорад”, “атом вуҷуд дорад” ва ғайра… (хулоса, тамоми мавҷудоте, ки мешиносем ва оламро пур кардаанд), дар ин гузораҳо, вуҷуд (ҳастӣ) ҷузъи зотии ин моҳиятҳо нест, балки чизе ориз бар зоти онҳост. Яъне шумо метавонед бигӯед (ва тасаввур кунед), ки “инсон нест”, “дарахт нест”, “хуршед нест” ва ғайра. Ва агар вуҷуд ҷузъи зоти онҳо буд, салби вуҷуд аз онҳо маҳол буд. Зеро салби зоти шайъ як шайъ маҳол аст. Масалан, дар мавриди инсон, “ҷисм будан” ҷузъи зоти инсон аст, аз ин рӯ шумо наметавонед бигӯед (ва тасаввур кунед), ки “инсон ҷисм нест”, зеро салби “ҷисмият” аз инсон маҳол аст. Аммо “вуҷуд” (ҳастӣ)-ро метавонед аз инсон (ва кулли мавҷудоте, ки мешиносем ва оламро пур кардаанд) салб кунед.

Пас, “вуҷуд” (ҳастӣ) ғайр аз моҳияти тамоми мавҷудоте, ки оламро пур кардаанд буда ва ҷузъи зоти онҳо набудааст.

3) Нуктаи севвум ин ки: тибқи бурҳонҳои қотеъи фалсафӣ (ки инҷо ба баёни ин бурҳонҳо намепардозам, зеро аввалан, баҳс ба дарозо мекашад, ва сониян, дар ин мақола саъям ин аст, ки вориди баҳсҳои фалсафӣ нашавам), “вуҷуд” (ҳастӣ) ҷузъи зоти офаридгор (Худо) аст. Яъне ҳамон тавр ки салби “ҷисмият” аз инсон маҳол аст, ҳамин тавр салби вуҷуд аз Худо маҳол аст. Инки фалосифа Худоро ба унвони “воҷибулвуҷуд” муаррифӣ мекунанд, манзурашон ин аст, ки вуҷуд барои Худо зарурат дорад; вуҷуд аз зоти ӯ қобили салб нест.

Хуб, вақте вуҷуд зотии Худост, дар ин сурат, оё метавон дар бораи ӯ ин суолро матраҳ кард, ки ӯро чӣ касе офарида, ё, вуҷудро ба ӯ чӣ касе бахшида?! Ин суол бемаънӣ ва ғайримантиқӣ аст. Зеро тасаввури Худое, ки вуҷуд (ҳастӣ ва будан) аз ӯ холӣ бошад, ақлан маҳол аст. Бале, дар мавриди мавҷудоте, ки вуҷуд (ҳастӣ) зотии онҳо нест – яъне ҳамаи мавҷудоте, ки оламро пур кардаанд ва дар боло баҳсашон гузашт – чун вуҷуд зотии онҳо нест, ин суол мантиқӣ аст, на дар мавриди офаридгор, ки вуҷуд зотии ӯст.

Фикр мекунам, масъала равшан шуд.

4) Нуктаи чаҳорум ин ки: шояд бигӯед, пазируфтем, ки Худо яъне зоте, ки вуҷуд зотии ӯ будааст ва аз ин рӯ суол дар мавриди вай, ки ӯро чӣ касе офарида ғайримантиқӣ будааст, инро пазируфтем, аммо баҳс дар исботи худи ӯст, яъне будани ӯ, на дар таърифи ӯ. Яъне таърифи Худоро қабул кардем, аммо мехоҳем будани ӯ собит шавад.

Ин суол ҳам муваҷҷаҳ аст. Дар посухи ин пурсиш, сухани Ибни Синоро, ки дар мақолаи пешин овардам, такрор мекунам, аммо ба баёне бисёр содда, то бароятон қобили фаҳм бошад.

Ибни Сино масъаларо ба ин сурат тарҳ кардааст, ки: мавҷудоте, ки оламро пур кардаанд, ҳамаи инҳо мавҷудоти “мумкин” (“мумкин” яъне будану набудан барояш мусовӣ аст) ҳастанд, яъне ҳамаи инҳо дар ба вуҷуд омадан ниёз ба вуҷуддиҳанда (касе, ки вуҷудро ба онҳо бахшидааст) доранд. Агар бигӯем, касе, ки ба инҳо вуҷуд бахшидааст, худаш ҳам “мумкин” аст, боз суол дар мавриди ҳамин “мумкин” пеш меояд, ки чун ӯ ҳам “мумкин” аст, пас вуҷудро ба ӯ кӣ бахшида?! Агар боз гӯем, касе, ки ба ин “мумкин”-и дуввум вуҷуд бахшидааст, ӯ ҳам “мумкин” аст, боз суол дар мавриди ин “мумкин”-и севвум матраҳ аст, ки ҳастиро ба ӯ кӣ бахшида?! Ва ҳамин тавр то бениҳоят (тасалсул).

Сипас Бӯалӣ мегӯяд, чун тасалсул ботил аст ва бутлони тасалсулро ҷуз девона инкор намекунад, пас ночор бояд бигӯем, мавҷуде ҳаст, ки вуҷуд (ҳастӣ ва будан) зотии ӯст; ва ӯст, ки вуҷуддиҳандаи ҳамаи мавҷудоти ғайр аз худаш аст.

Ва касе, ки андак тааммуле дар ин бурҳони Бӯалӣ кунад, масъала барояш мисли хуршед равшан мешавад.

5) Нуктаи панҷум ва ахир он ки: ин баҳс, ки овардем, як баҳси сирф фалсафӣ аст, на баҳсе физикӣ, то гуфта шавад, ки зарраҳое, ки олам аз онҳо ташкил шуда азалӣ ҳастанд ва аз ин рӯ дигар ниёзе ба тасаввури зоти вуҷуддиҳанда, ки Худояш хонем намемонад.

Ин назарияро бархе аз мотериалистҳо матраҳ кардаанд. Инон хаёл кардаанд назарияи азалияти заррот, бо эътиқод ба Худо мунофот дорад. Ҳол он, ки ҳеч мулозимае миёни ин назария ва инкори Худованд нест, балки фалосифаи илоҳӣ мӯътақиданд, ки лозимаи эътиқод ба Худованд, эътиқод ба азалият ва давоми файёзияти ӯ ва давоми холиқияти ӯст, ки мусталзими азалияти халқ аст.

Ба сухани дигар, мо агар ба азалияти зарроти ташкилдиҳандаи олам ҳам боварманд шавем (ва илми физик бо иқомаи бароҳин ва далелҳои яқиновар ҳарфи охирро дар ин замина бизанад ҳам), боз ниёзмандии мавҷудоти “мумкин”, аз ҷумла зарраҳо, ба вуҷуддиҳанда боқист. Зеро милоки эҳтиёҷ ба вуҷуддиҳанда, ин, азалӣ будан ва ё азалӣ набудани як мавҷуд нест, балки “имкони зотӣ” (ва ё, “фақри зотӣ” аз назари Мулло Садро) аст. Бинобар ин, монеъе нест, ки як мавҷуд вуҷуди азалӣ ва абадӣ дошта бошад ва дар айни ҳол вуҷудаш “аз ғайр” бошад.

Ҷолиб аст, ки баъзе аз фалосифаи мотериалист чун ин баҳсро хуб дарк накардаанд, дар мавриди Бӯалӣ мегӯянд, маълум нест Абӯалӣ ибни Сино мотериалист аст ё Худобовар?!

Хуб, чаро инон дар бораи Ибни Сино инчунин изҳори назаре кардаанд? Сабабаш ин аст, ки онҳо чун дидаанд, Ибни Сино аз тарафе қоил ба азалияти модда аст ва барои замон ибтидо қоил нест, аз ин рӯ фикр кардаанд, ки ӯ мотериалист аст. Ва аз тарафи дигар, чун дидаанд, ки Бӯалӣ аз Худо ва офариниш ва иллати нахустин дам мезанад, гуфтаанд ӯ Худобовар аст. Он вақт натиҷа гирифтаанд, ки Бӯалӣ дар миёни мотериализм ва Худобоварӣ (ва ба таъбири худашон, идеолизм) дар навасон буда ва ақидаи собите дар ин замина надоштааст.

Хуб, ба ҳамин андоза иктифо мекунам. Фикр мекунам масъала бароятон равшан шудааст.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: