Бонувон

Аз падараш пурсид: Чаро мо таҳти назарем? Падар посух дод: Зеро мо мусалмонем!

Турсуной зиндагии худ дар Чинро ба ёд меоварад. Ӯ солҳо қабл замоне, ки дурбинҳои мақомоти маҳаллӣ дар муқобили дари вурудии сохтмонашон васл мешуд, аз падараш пурсид: “Чаро мо таҳти назар ҳастем?” Падараш низ посух дод: “Зеро мо мусалмон ҳастем!”

Бар асоси гузориши созмонҳои ҳуқуқи башарӣ, дар моҳи ноябр, беш аз як милюн мусалмони уйғур ба 500 урдугоҳи иҷборӣ дар устони Синкёнг мунтақил шудаанд. Бар пояи ин гузориш, онҳо дар ин урдугоҳҳо таҳти омӯзишҳои таҳмилӣ қарор мегиранд. Ҳадаф аз ин иқдом мағзшӯӣ бо ҳадафи тағйири ин афрод ва табдили онҳо ба ҳаводорони ҳизби кумунист (ҳизби ҳоким) аст.

Бисёре аз гурӯҳҳои фаъоли ҳуқуқи башар, шароити уйғурҳои Чинро бисёр вахим эълом карда ва аз таҳти назар будани онҳо — ҳатто дар туалетҳо — хабар додаанд.

Инак бархе аз фарзандони ин мусалмонони чинӣ ба унвони паноҳҷӯ ё муҳоҷир дар Туркия зиндагӣ мекунанд. Хабаргузории Фаронса дар гузорише ба зиндагии ин кӯдакон пардохта ва аз шароити онҳо мегӯяд.

Мадрасаи кӯдакони муҳоҷир ва паноҳҷӯи уйғурҳо дар Туркия.

Бар асоси ин гузориш, дар атрофи Истомбул мадрасаи мутафовите вуҷуд дорад, ки кӯдакони паноҳандаи уйғур дар он ба забони худ ҳарф мезананд, омӯзиш мебинанд ва фарҳанги худро меомӯзанд.

Аммо ин мадраса барои бисёре аз ин кӯдакони уйғурӣ ҳукми як ятимхонаро дорад.

Бисёре аз онҳо ба ҳамроҳи хонаводаҳои худ аз зулму саркӯб дар Чин фирор кардаанд, аммо бисёре аз онҳо аз зиндагӣ бо волидайни худ маҳруманд.

Бархе аз волидайни онҳо дар ин муддат барои касбу кор ё дидори ақвоми худ ба Чин бозгашта ва нопадид шудаанд. Эҳтимоли вуруди ин волидайн ба урудгоҳҳои иҷбории давлати Чин вуҷуд дорад. Ҷое, ки имкони барқарории иртибот бо онҳо аз байн меравад.

Фотима, духтари 9 солаи уйғур дар Истомбули Туркия — ӯ бо гиря аз охирин дидор бо падараш мегӯяд — падари ӯ се сол пеш ба кишвараш бозгашт ва то кунун асаре аз ӯ нест.

Ҳабибуллоҳ Кӯснӣ, мудири мадраса дар Истомбули Туркия дар ин бора гуфт: “Дар ин мадраса 100 донишомӯз дарс мехонанд. Аз миёни онҳо 7 донишомӯз ҳеч сарпарасте надоранд ва ҳар ду волиди онҳо дар урудгоҳҳои Синкёнги Чин нигаҳдорӣ мешаванд. 26 донишомӯз низ аз сарнавишти яке аз волидайни худ дар урдугоҳҳои Чин бехабаранд.

Фотимаи 9 сола хотироти мубҳаме аз сарзамин ва — ин рӯзҳо — падараш дорад.

Ӯ тамошои телевизиюн бо падарашро ба ёд меоварад. Фотима дар он рӯзҳо хоҳони тамошои анимейшен буд, аммо падараш ахбори Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркияро гӯш медод. Ардуғон аз ҷумла раҳбарони мусалмоне буд, ки бо вуҷуди хашми Чин, аз мусалмонони уйғур тарафдорӣ кард.

Падари вай қабл аз саркӯб ва шаклгирии урдугоҳҳои устони Синкёнги Чин, барои тиҷорат ба Чин сафар мекард.

Кӯдакони уйғур дар Туркия ба забони худ дарс хонда ва фарҳанги худро меомӯзанд.

Ӯ бо чашми гирён гуфт: “Аммо ӯ дигар аз Чин барнагашт.”

Инак 3 сол аз рафтани падари Фотима мегузарад ва ҳеч кас аз ӯ хабаре надорад.

Бар асоси гузоришҳои созмонҳои ҳуқуқи башарӣ дар моҳи ноябр беш аз як милюн мусалмони уйғур дар 500 урдугоҳи устони Синкёнги Чин зиндагӣ мекунанд. Бисёре аз мунтақидон теъдоди мусалмонон дар урдугоҳҳои Синкёнгро бисёр бештар аз ин мизон медонанд.

Дар соли 2017, Чин нопадид шудани беш аз як милюн мусалмони уйғурро такзиб кард, аммо муддате баъд аз вуруди онҳо ба марокизи ба истилоҳ, «коромӯзии довталабона» хабар дод. Чин иддао кард, ки уйғурҳо дар ин урдугоҳҳо фарҳанги «мондарин» (чинии асил) меомӯзанд ва маҳоратҳои шуғлӣ ёд мегиранд.

Аммо асноди ифшошуда аз фазои дохилии ин урдугоҳҳо чандон хушоянд нест. Бар асоси ин аснод, бо мусалмонони уйғур монанди зиндонӣ бархӯрд мешавад. Мунтақидон низ бар ин боваранд, ки Чин қасд дорад фарҳанги ақаллиятҳо дар ин кишварро решакан кунад.

Давлати Чин номи минтақаи Туркистони шарқии худро ба Синкёнг тағйир додааст. Мардуми мусалмони ин минтақа туркҳои уйғур ҳастанд.

Нигарони мо набошед

Ҳудуди 50 ҳазор паноҳҷӯи уйғур дар Туркия ҳастанд. Теъдоди зиёде аз фарзандони онҳо сарнавиште монанди Фотима ё бадтар аз он доранд.

Турсуной, духтари уйғури 15 сола аз июли соли 2017 бо ҳеч кадом аз волидайни худ сӯҳбат накардааст.

Волидайни ӯ дар охирин тамоси худ аз Чин, ба фарзандони худ гуфтанд: “Нигарони мо набошед!”

Онҳо дар ин бора гуфтанд: “Аҷиб аст, ки поспортҳои мо мусодира шудааст, аммо ба зудӣ онро ҳал мекунем.”

Турсуной зиндагии худ дар Чинро ба ёд меоварад.

Бисёре аз фарзандони уйғур дар Туркия ва устони Синкёнг бидуни волидайни худ зиндагӣ мекунанд.

Ӯ солҳо қабл замоне, ки дурбинҳои мақомоти маҳаллӣ дар муқобили дари вурудии сохтмонашон васл мешуд, аз падараш пурсид: “Чаро мо таҳти назар ҳастем?

Падараш низ посух дод: “Зеро мо мусалмон ҳастем!

Падари Турсуной дар он замон тамоми сидӣ ва маҷмӯаҳои мазҳабиашро оташ зад.

Турсуной инак аз хоҳари кучактар ва як ҷавони дигар, ки дар урдугоҳи паноҳандагон аст, муроқибат мекунад.

Кӯдакони уйғур дар ҳоли омӯзиш бо забони модарии худ.

Тамоми шаклҳои иртиботии уйғурҳои муҳоҷир ва паноҳҷӯ бо аъзои хонаводаи худ дар Чин қатъ шудааст.

Ӯ муддатҳост, ки дар интизори волидайни худ аст. Ҳатто паёми кӯтоҳ аз онҳо. Ӯ аз нопадид шудани волидайнаш асабонӣ аст.

Ин духтари уйғур мегӯяд: “Саъй мекунам хушбин бошам. Ҳамеша ба ин фикр мекунам, ки волидайнам маҷбур ба тарки мо шуданд.”

Бар асоси гузоришҳо, бисёре аз кӯдакон ва навҷавонони сокини Синкёнг низ бидуни ҳузури волидайни худ зиндагӣ мекунанд.

Дидабони ҳуқуқи башар дар моҳи сентябр эълом кард: “Теъдоди зиёде аз кӯдакон дар Синкёнг инак дар марокизи беҳзистӣ ва мадориси шабонарӯзӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва ҳеч дастрасӣ ба волидайни худ надоранд. Волидайни онҳо ба иҷбор дар урдугоҳҳои давлати Чин зиндагӣ мекунанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.