Сиёсат

Вокуниши Латиф Пидром ва Ҳомид Карзай ба шаҳодати Сардор Сулаймонӣ

Латиф Пидром, яке аз номзадҳои риёсати ҷумҳурии Афғонистон, дар вокуниш ба терури Сардор Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқиоби Исломии Эрон, бо баёни ин ки “Сардор Сулаймонӣ бо шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон равобит ва шиносоии наздик дошт”, гуфт: “Терури Қосим Сулаймонӣ намунаи ошкори теруризми давлатӣ аст.”

Вай дар сафҳаи Фейсбуки худ навишт: “Режими Омрико манбаи шароратҳои бисёре дар ҷаҳон ва минтақаи мо буда ва ҳамлаи теруристӣ ба ҷони Сардор Қосим Сулаймонӣ бар хилофи қавонини байналмилалӣ аст.”

Ин сиёсатмадори афғонистонӣ бо теруристӣ хондани терури фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Эрон афзуд: “Ин иқдоми Омрико намунаи ошкори теруризми давлатӣ аст, ки Тромп дар раъси он қарор дорад.”

Пидром бо баёни ин ки Сардор Сулаймонӣ бо шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон равобит ва шиносоии наздик дошт, афзуд: “Мубориза ва муқовимат дар баробари султаталабии Омрико ҳаққи мусаллами давлатҳо ва кишварҳои минтақа аст.”

Карзай: “Шаҳид Сулаймонӣ шахсияти бовиқор ва хостори сулҳ дар Афғонистон буд”

Раисиҷумҳури пешини Афғонистон ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои омрикоӣ ба фурудгоҳи Бағдодро, ки дар натиҷаи он Сардор Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилобии Исломии Эрон ба шаҳодат расид, шадидан маҳкум кард.

Ба гузориши хабарнигори Форас дар Афғонистон, Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури пешини Афғонистон, ин ҳамларо хилофи усул ва мавозини байналмилалӣ ва сулҳу субот дар минтақа донист ва гуфт: “Ин иқдомот мӯҷиби афзоиши танишҳо ва хусуматҳои бештар дар минтақа шуда ва ба суботу сулҳ беш аз пеш осеб мерасонад.”

Карзай зимни ибрози таслият ва ҳамдардӣ ба хонаводаи шаҳид Сулаймонӣ, давлат ва миллати Эрон, шаҳид Сулаймониро шахсияте бовиқор ва хостори сулҳу субот дар Афғонистон тавсиф кард ва аз боргоҳи Худованд барои вай биҳишт талаб кард.

Раисиҷумҳури пешини Афғонистон ҳамчунин идома дод: “Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷуди ҳузури низомии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар Афғонистон, дар амри бозсозии Афғонистон ҳамкории самимона доштааст.”

Вай тасреҳ кард: “Равобити ҳасана ва бародарона байни кишварҳои бародари Афғонистон ва Эрон ҳамчунон мудаббирона ва мубтанӣ бар ҳамкорӣ идома хоҳад ёфт.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.