Дидгоҳ

Ҷойи холии ӯ эҳсос мешавад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Як сол пеш, дар ҳамин рӯзҳо, шодравон Файзинисо Воҳидова дунёи фониро тарк ва ба олами бақо шитофт. Дар муддати ин як сол, набудани ин бонуи шуҷоъ ва ҳақҷӯ дар ҷомеа, шадидан эҳсос шуд; ҳам мақомот набудани ӯро эҳсос карданд ва ҳам дӯстдорон ва шаҳрвандоне, ки ҳуқуқашон поймол мешавад ва касе ҳам ҳозир нест ба доди онҳо бирасад ва аз ҳаққашон дифоъ намояд.

Албатта, эҳсоси мақомот бо эҳсоси дӯстдорону ситамдидаҳо аз замин то ба осмон фарқ мекунад. Зеро набудани бону, барои мақомот бисёр хушҳолкунанда аст; онҳо дигар аз дасташ “роҳат” шудаанд; дигар касе мисли бону дар дохили кишвар ва дар ҷомеа нест, ки ошкоро ва бепарда аз поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандон бигӯяд, аз зулму ситами ин ё он мақоми давлатӣ парда бардорад ва ба дифоъ аз “муттаҳаме” дар додгоҳҳо бипардозад, ки аҳаде ҳозир нест ҳимояти ӯро бар ӯҳда бигирад.

Бар хилофи дӯстдорони бону ва ситамдидаҳо, ки набудани бону барояшон мояи нороҳатӣ ва балки як мусибат аст.

Дар зарфи як соли гузашта, мо дар ҷомеа чӣ қадр ситамдидаҳое доштем, ки ҳуқуқашон поймол ва ба онҳо тӯҳмат баста шуд, аммо касе ҳозир нашуд аз ҳуқуқи онҳо ба сурати бояд дифоъ ба амал оварад.

Агар бону Файзинисо Воҳидова зинда мебуд, бешак аз Истад Қурбонова – пиразане, ки аз ситами мақомоти интизомӣ наздик буд худашро ба куштан бидиҳад – дифоъ ва талош мекард, то ҳамаи он мутаҷовизон ба сазои аъмолашон бирасанд.

Агар бону зинда мебуд, бетардид аз Шаҳло Иброҳимова ва Дилноза Муҳиддинова – ду бонуе, ки барои ҷамъоварии имзо бар зидди болоравии қимати интернет талош карданд – дифои ҳуқуқӣ ба амал меовард, ва намегузошт, то обрӯ ва ҳайсияти Дилноза Муҳиддинова бурда шавад.

Агар бону зинда мебуд, бешак дифои шаҳрвандонеро, ки фақат ба хотири “лайк” боздошт ва барояшон парванда ташкил шуда ва ба додгоҳ ва аз он ҷо ба зиндон афканда мешуданд, ба гардан мегирифт.

Агар бону Файзинисо зинда мебуд, имрӯз Нилуфар Раҷабова дар дохили кишвар танҳо намемонд; бонуе, ки фақат ба хотири доштани рӯсарӣ боздошт ва мақомоти интизомӣ он ҳама бало ба сараш фуруд оварданд ва бадтарин ва зишттарини тавҳинҳо ва таҳқирҳоро барояш раво диданд. Бону дар канори ӯ меистод ва ба ҳар қимате ба дифоъ аз ҳуқуқи ӯ мепардохт.

Мутаассифона аммо бону дар ҷамъи мо нест ва касе ҳам натавонист ҷойи холии ӯро пур бикунад; касе, ки дорои шуҷоату ҷасорате мисли шуҷоату ҷасорати бону бошад ва ба дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон бипардозад.

Чӣ қадр ҷойи холии бону эҳсос мешавад!

Равонаш шод ва ҷойгоҳаш биҳишт!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.