Сиёсат

Ардуғон: “Аз фуқдони шаҳид Сулаймонӣ амиқан мутаассифам”

Раисиҷумҳури Туркия дар тамосе телефонӣ бо ҳамтои эронии худ, бо таслияти шаҳодати Сардор Қосим Сулаймонӣ ба раҳбар, давлат ва мардуми Эрон, таъкид кард: “Аз фуқдони шаҳид Сулаймонӣ амиқан мутаассиф ва мутаассир ва мутаваҷҷеҳи хашми миллати Эрон ва раҳбарӣ ва ҷаноби олӣ ҳастам.”

Ба гузориш хабаргузории Ирно, Ҳасани Руҳонӣ, асри шанбе (4 январ) дар тамоси телефонии Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳеч мақулае оғозгари танишу ташаннуҷ дар минтақа набудааст, афзуд: “Агар ҳама дар баробари таҷовузи Омрико яксадо набошем, хатари бузурге ҳамаи минтақаро таҳдид мекунад.”

Руҳонӣ бо қадрдонӣ аз раисиҷумҳури Туркия ба хотири ибрози ҳамдардӣ бо давлат ва мардуми Эрон дар ин фоҷеаи бузург, афзуд: “Эрон ва Туркия ҳамвора дар масоили печида ройзанӣ ва ҳамфикрӣ доштаанд.”

Раисиҷумҳури Эрон таъкид кард: “Бояд баробари иқдомоти бехирадона посух дод, ва бетардид сукут дар баробари мутаҷовиз ва золим, ӯро ҷасуртар хоҳад кард.”

Руҳонӣ бо баёни ин ки бино ба дастури Қуръон мо на зулм мекунем ва на зери бори зулм меравем, таъкид кард: “Шаҳид Сулаймонӣ нақши бебадиле дар мубориза бо теруристҳо дар минтақа дошт ва шумо ба хубӣ огоҳ ҳастед, ки ӯ дар саҳнаи мубориза дар солҳои ахир чӣ гуна ба вазифаи бузурги минтақаӣ ва исломии худ амал кард.”

Раисиҷумҳури Эрон бо баёни ин ки мардуми Эрон аз ин иқдоми омрикоиҳо бисёр асабонӣ ҳастанд, изҳор дошт: “Кори Омрико бисёр ғалат ва нобихрадона буд, Омрико ҳокимияти миллии Ироқро нақз кард ва дар хоки Ироқ иқдомоти теруристӣ анҷом дод, ки бо истиқлоли ин кишвар мунофот дошт.”

Руҳонӣ афзуд: “Омрико ҳамчунин як терури созмонёфтаи давлатӣ алайҳи давлати дигар анҷом дод ва як фармондеҳи низомии маҳбуб ва бузурги моро ба шаҳодат расонд, ки агар баробари ин гуна ҳаракатҳои Омрико ҳама яксадо набошем, хатари бузурге ҳамаи моро таҳдид мекунад.”

Раисиҷумҳури Эрон бо қадрдонӣ аз ибрози ҳамдардӣ ва таслияти раисиҷумҳури Туркия таъкид кард: “Омрико имрӯз ҷинояти бузурге алайҳи мо муртакиб шудааст ва агар мо сукут кунем, фардо ин иқдом нисбат ба кишварҳои дигаре анҷом хоҳад шуд.”

Руҳонӣ ёдовар шуд: “Интизори мо ин аст, ки дар ин шароит ҳамаи дӯстон ва ҳамсоягони мо ин ҷиноятро бо сароҳат маҳкум кунанд.”

Раисиҷумҳури Эрон ҳамчунин дар хусуси мавзӯи Сурия ва таҳаввулоти ин кишвар, таъкид кард: “Барои кӯмак ба ҳалли мушкили Сурия талошҳо дар чорчӯби сарони се кишвари Эрон, Туркия ва Русия ҳамчунон идома хоҳад дошт.”

Раисиҷумҳури Эрон ҳамчунин бо ишора ба алоқамандии Эрон ба тавсиъаи равобити дуҷониба гуфт: “Умедворам ба зудӣ дар Теҳрон бо ҳам дидор кунем.”

Ардуғон: “Аз фуқдони шаҳид Сулаймонӣ амиқан мутаассифам”

Раисиҷумҳури Туркия низ бо таслияти шаҳодати Сардор Қосим Сулаймонӣ ба раҳбарӣ, давлат ва мардуми Эрон, таъкид кард: “Аз фуқдони шаҳид Сулаймонӣ амиқан мутаассиф ва мутаассир ва мутаваҷҷеҳи хашми миллати Эрон ва раҳбарӣ ва ҷаноби олӣ ҳастам.”

Ардуғон бо баёни ин ки маросими пуршукӯҳи ташйеъи шаҳид Сулаймониро аз телевизиюни Ироқ дидааст, афзуд: “Ҳамаи ин тасовир ба вузуҳ нишонгари алоқа ва таваҷҷӯҳи мардуми Ироқ ба сипаҳбуд Сулаймонӣ буд ва инҷониб ба саҳми худ аз Худованд барои эшон талаби раҳмат ва ғуфрон дорам.”

Вай бо ишора ба зарурати эҷоди суботу амният дар минтақа, таъкид кард: “Мудохилоти хориҷӣ ва даргириҳои минтақаӣ монеи расидани минтақа ба оромиш ва субот мешавад ва набояд иҷоза диҳем чунин иқдомоте сулҳу суботи минтақаро ба хатар андозад.”

Раисиҷумҳури Туркия таъкид кард: “Яқин дорам, ки сохтори ҳукуматӣ ва фарҳангии Эрон, ки реша дар таърих дорад, ин мақтаи замониро бо такя ба хирад раҳбарӣ хоҳад кард.”

Ардуғон ҳамчунин бо ишора ба гуфтугӯи вазирони хориҷаи ду кишвар, афзуд: “Дар дидоре, ки дар ояндаи наздик дар Теҳрон хоҳем дошт, мавзӯоти дуҷониба ва масоили минтақаиро мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор хоҳем дод.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.