Сиёсат

Ато Муҳаммад Нур: “Ҳимояти Қосим Сулаймонӣ аз муҷоҳидини Афғонистонро фаромӯш нахоҳем кард”

Раиси иҷроии ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон гуфт: “Ҳимояти Қосим Сулаймонӣ аз муҷоҳидин дар даврони ҷиҳодро фаромӯш намекунем.”

Ато Муҳаммад Нур, раиси иҷроии ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон, дар вокуниш ба терури Сардор Сулаймонӣ тавассути Омрико дар Ироқ, изҳор дошт: “Ҷаҳон имрӯз бештар аз ҳар замони дигар ба сулҳу амният ниёз дорад.”

Вай дар сафҳаи шахсии худ дар Фейсбук навишт:

Ҳодисаи ахир дар Бағдод ба ҷони оқои Қосим Сулаймонӣ сабаби нигаронии миллатҳои минтақа шудааст. Аз он ҷое, ки кишвари ҳамсояи бародар ва дӯсти Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирокоти тамаддунӣ ва фарҳангӣ бо кишвари мо дорад ва дар давраҳои ҷиҳод ва муқовимат ва дар асри ҷадид аз ҳомиёни мардуми Афғонистон будааст; ҳимояти саховатмандонаи оқои Сулаймонӣ ба намояндагӣ аз кишвари Эрон аз ҳукумати муҷоҳидин ба раҳбарии шаҳид Устод Раббонӣ ва қаҳрамони миллӣ Аҳмадшоҳ Масъуд хусусан дар давраи муқовимат, дар таърих сабт шуда ва миллати Афғонистон ба поси қадрдонӣ онро фаромӯш намекунад.”

Нур афзуд: “Омрико низ яке аз шарикони муҳим ва истротежики Афғонистон дар давраи ҷадид ва асри ҷумҳурӣ ба шумор меояд, ки дар мубориза алайҳи теруризм ва сохтани Афғонистони озоду обод, дар канори мардуми мо истод. Барои мардуми Афғонистон ҳифз ва тадовуми муносиботи дӯстӣ бо ҳар ду кишвар мубтанӣ ва устувор бар ҳифзи манофеи миллии мо ва эҳтироми мутақобил аҳаммият дорад.”

Раиси иҷроии ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон идома дод: “Мардуми Афғонистон, ки солиёни тӯлонӣ таҷрибаи талхе аз ҷангу хушунат доранд, бештар аз соири миллатҳо ба роҳи ҳалли мусоламатомез дар ихтилофоти пешомада миёни тарафайн таъкид мекунанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.