Сиёсат

Вазири дифои Омрико: “Ҳеч қасде барои хуруҷ аз Ироқ надорем”

Вазири дифои Омрико эълом кард, ки ин кишвар ҳеч барномае барои хуруҷ аз Ироқ надорад.

Морк Эспер, вазири дифои Омрико эълом кард, ки ин кишвар ҳеч барномае барои хуруҷ аз Ироқ надорад.

Вай, ки дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, ёддошти мунташиршуда дар расонаҳо дар бораи хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз Ироқро ғайрисаҳеҳ тавсиф кард.

Вазири дифои Омрико гуфт, ки барномаи Омрико барои нерӯҳояш дар Ироқ ҷобаҷоии онҳо ва на хуруҷ аз ин кишвар аст.

Ҳамчунин Эспер дар посух ба суоле дар бораи имкони ҳамлаи Омрико ба маконҳои фарҳангии Эрон гуфт: “Артиши Омрико аз қонунҳои даргириҳои низомӣ пайравӣ мекунад.

Морк Мили, раиси ситоди муштараки артиши Омрико низ номаи мунташиршуда дар бораи хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз Ироқро иштибоҳӣ тавсиф кард ва гуфт, ки ин нома ба сурати иштибоҳ ирсол шудааст.

Аз сӯи дигар сухангӯи Пентагун низ эълом кард, ки сиёсати Омрико дар бораи ҳузури нерӯҳояш дар Ироқ тағйире накардааст.

Вай афзуд: “Ба ройзаниҳо бо давлати Ироқ дар бораи шикасти ДОЪИШ ва ҳимоят аз нерӯҳои амниятии Ироқ идома медиҳем.”

Ин дар ҳоле аст, ки манобеи хабарӣ дишаб гузориш додаанд, артиши Омрико ҳамтоёнаш дар Бағдодро аз тасмим барои хуруҷ аз Ироқ мутталеъ кардааст.

Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳон, Ҷаҳони ислом

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.