Сиёсат

Дидгоҳи нахуствазири пешини Қатар дар бораи интиқоми Эрон

Ҳамад бен Ҷосим, нахуствазири пешини Қатар, имрӯз (сешанбе, 7 январ) дидгоҳи худ дар бораи бӯҳрон дар минтақаро баён кард.

Ҳамад бен Ҷосим дар сафҳаи твиттери худ навишт:

Дар сояи таҳаввулоти ахир дар минтақа, он гуна ки қаблан гуфта будам, тасаввур намекунам ҷанги фарогир рух диҳад; ва гумон намекунам эрониҳо даст ба посухи шитобзада бизананд. Бар асоси таҷрибаи қаблӣ, ки бо эрониҳо дорам, онҳо дар камин нишаста ва ба дунболи посухе мемонанд, ки дастоварди ҷадиде дошта ва ба нафъи истротежии онҳо бошад.”

Ӯ навишта: “Эрониҳо боҳуш ҳастанд ва дар тасмимоти худ шитоб намекунанд.”

Ҳамад бен Ҷосим ҳамчунин бо ишора ба тасмимоти шитобзадаи арабҳо навишт:

Он чи ман аз он метарсам, тасмимоти арабӣ ва Шӯрои ҳамкории халиҷ (-и Форс) аст, ки доиман ба сурати шитобзада бо ҳодисаҳо бархӯрд мекунанд. Он гуна ки медонем, барояшон муҳим нест, ки ин тасмим ба зиён бошад, ҳатто агар бар асоси мавзеи истротежик барои ҳифзи манофеи миллатҳояшон дар минтақа набошад.”

Ӯ ҳамчунин навишт: “Ба зудӣ мешунавем, ки нишасти арабӣ ё сарони Шӯрои ҳамкории халиҷ (-и Форс) барои баррасии таҳаввулоти кунунӣ баргузор мекунанд ва ман метавонам муҳтавои баёнияе, ки мехоҳанд содир кунанд ҳадс бизанам, аммо аз ҳозирин дар ин нишастҳо ва сарони онҳо суол мекунам, ки воқеан мехоҳед чӣ кор кунед?!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.