Перейти к содержимому

Эронро рӯзҳои бисёр сахте дар пеш аст

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯз ва то чанд соати дигар, пайкари Сардори шаҳид Қосим Сулаймонӣ дар зодгоҳаш, шаҳри Кирмон ба хок супурда мешавад; соате, ки баъд аз он, дунё дар интизори интиқоми Эрон барои хуни қаҳрамони миллиаш аст. Дар ин ёддошти кӯтоҳ, таҳлили худамро аз 3 сенориюи мӯҳтамали пеши рӯи ин кишвар ироа мекунам:

1) Сенориюи аввал ин ки: Эрон тавонист бо барпоии камназири ташйеъи ҷанозаи Сардори шаҳид, афкори умумии дунёро, чӣ дар сатҳи давлатҳо ва чӣ дар сатҳи мардумӣ, ба нафъи худ рақам бизанад ва нишон бидиҳад, ки Омрико чӣ инсонеро ба қатл расондааст.

Аз назари сиёсӣ, ҳамин худ кофист, то гуфта шавад, Эрон интиқоми хуни он шаҳидро гирифта ва дигар ниёз ба иқдоме низомӣ боқӣ намемонад.

Ин сенорию, ҳарчанд ба лиҳози сиёсӣ, ба суди Эрон ҳамчун низом ва як давлат аст, аммо дар сурате, ки ҳукумати Эрон ҳамин гузинаро тарҷеҳ диҳад ва дар андешаи иқдоми низомӣ нашавад, дар ин сурат, мардумаш — ва ба ҳамин ҳаҷме, ки дар ин чанд рӯз дидем — алайҳи ҳукумати худ бапо хоҳанд хост ва ба ин далел, ки хуни қаҳрамони онҳо барои мақомоташон арзише надоштааст, ҳукумати худро зерурӯ хоҳанд кард. Пас, ин сенорию бисёр баъид аст.

2) Сенориюи дуввум ин ки: ҳукумати Эрон дар рӯзҳои оянда интиқом хоҳад гирифт; интиқоме, ки раҳбараш ваъда додааст, бисёр сахт хоҳад буд. Яъне, мо дар чанд рӯзи оянда шоҳиди ҳамла ба як ё чанд пойгоҳи низомии Омрико дар минтақаи Ховари Миёна хоҳем буд; ё дар Ироқ, ё дар Баҳрайн, ё дар Арабистони Саудӣ ва ё дар Қатар, ва ё шояд ба ҳамааш. Ин сенорию мӯҳтамалтарин сенорию аст.

Агар ин сенорию иҷроӣ шавад ва Омрико дар баробари он, сукут ихтиёр кунад – ки бисёр баъид аст сукут кунад – идеолтарин сенорию барои Эрон, ҳам дар сатҳи ҳукумат ва низом, ва ҳам дар сатҳи мардумаш аст.

Аммо агар Омрико сукут накунад ва дар садади посух ба ин иқдоми Эрон шавад — ҳамон тавр ки Дунолд Тромп ҳам ба он тасреҳ кардааст — дар ин сурат чӣ хоҳад шуд. Ин ҳамон сенориюи севвум аст, ки дар поён арз мекунам.

3) Дар сурати посухи Омрико (ва шояд дар канораш НАТО, ба ин далел, ки Омрико ҷузъи ин эътилофи низомӣ аст) ба интиқоми Эрон, дар ин сурат, бо камоли таассуф дунё шоҳиди шурӯъи як ҷанги тамомаёре дар минтақа ва шояд дар ҷаҳон шавад.

Ин ҷанг, қатъан як ҷанги нобаробар хоҳад буд. Зеро, дар ин ҷанг, Омрико ва муттаҳидонаш – аз Урупо бигир то кишварҳои арабии халиҷи Форс – дар як тараф, ва Эрон ҳамроҳ бо муттаҳидонаш, ки ҳеч як давлат нестанд, балки гурӯҳҳои шибҳинизомӣ ҳастанд, дар як тараф хоҳанд истод. Ва равшан аст, ки ин ҷанг ҷанги нобаробаре хоҳад буд.

Дар сурати иҷроӣ шудани ин сенорию, бар хилофи тасаввури бисёре аз коршиносон, Русия ва Чин мавзеи бетарафиро ихтиёр мекунанд, на ин ки Русия масалан дар канори Эрон истад. Чунин нест. Таҷриба нишон додааст, ки Русия дар ин гуна маворид, танҳо ба фикри баҳрабардории сиёсӣ хоҳад буд ва суъуди қимати нафт ҳам, сад дар сад ба суди Русия аст.

Ин аст се сенориюи мӯҳтамал. Албатта ин як таҳлил аст, аммо ин ки дар воқеият ва дар замин чӣ рух медиҳад, инро касе наметавонад пешбинӣ кунад, бояд мунтазир буд ва дид, чӣ хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: