Сиёсат

Оё ҷанг мешавад?

Тазаккур: Ин таҳлил, ки аз сойти Асри Эрон аст, ҳарчанд бо мавориде аз он мувофиқ нестам, аммо дар маҷмӯъ таҳлили то ҳадде воқеъбинона аст.

* * *

Бо терури Сардори шаҳид Қосим Сулаймонӣ ва сипас, ҳамлаи интиқомии Сипоҳ ба пойгоҳҳои низомии Омрико дар Ироқ, суоле, ки бисёр пурсида мешавад ин аст: “Ҷанг мешавад?”

Ду посух ба ин суол метавон дод:

1) Ҷанг оғоз шудааст. Вақте дар таҳримҳои ҳамаҷонибаи Омрико ҳастем ва иқтисодамон ҳадафи “мушакҳои” ҳушманди таҳрим қарор гирифта ва вақте Пентогун ошкоро мақоми расмии кишварамон дар Ироқро терур мекунад ва вақте, ки мушакҳои Сипоҳ аҳдофи Омрикоро дар умқи хоки Ироқ ҳадаф қарор медиҳанд, агар номаш ҷанг нест, пас чист?

Ҷанг муддатҳост, ки оғоз шудааст.

2) Аммо агар манзур ин аст, ки ҷанге фарогир, монанди он чи 8 сол байни Эрону Ироқ гузашт ё иттифоқе ҳамонанди ду ҳамлаи Омрико ба Ироқ дар 1991 ва 2003 меафтад, чунин ба назар намерасад.

Агар Омрико мехост чунон ҷангеро алайҳи Эрон биёғозад, ин иттифоқ дар ибтидои тобистони 98 (2019) рух медод, яъне чанд рӯз баъд аз сарнагунии паҳподи ҷосусии омрикоӣ бар фарози халиҷи Форс тавассути Сипоҳ.

Ҳамла ба пойгоҳҳои низомии Омрико, иқдоме интиқомӣ буд, вале сарнагунии паҳподи омрикоӣ ин васфро надошт ва ҳатто байни Эрон ва Омрико дар бораи маҳалли сарнагунии он низ ихтилоф вуҷуд дошт. Эрониҳо мегуфтанд паҳпод вориди ҳарими ҳавоии Эрон шуда буд ва омрикоиҳо муддаӣ буданд каме он тарафтар ва дар обҳои байналмилалӣ сарнагун шудааст.

Дар он айём низ ин суоли нигаронкунанда ба таври ҷиддӣ вуҷуд дошт, ки вокуниши Омрико чӣ хоҳад буд? Ҳар чӣ бошад, Эрон ба ҳавопаймоии омрикоӣ мушак зада буд ва бисёреҳо ҳамлаи мушакӣ ба бархе таъсисоти низомӣ ва иқтисодии Эронро пешбинӣ мекарданд.

Аммо дар амал чӣ иттифоқе афтод? Ҳеҷ! Ва ҳатто Тромп аз Эрон ташаккур кард, ки ҳавопаймои дар канори онро, ки ҳомили 35 низомии омрикоӣ будро сарнагун накардааст.

Он чи бомдоди 18 дей (8 январ, яъне субҳи ҳамин рӯз) рух дода, иқдоми интиқомие буд, ки Тромп кӯшида буд бо твиттҳои таҳдидомезиш монеъ аз таҳаққуқи он шавад, вале шуд он чи шуд.

Алорағми лаҳни таҳдидомези Тромп дар рӯзҳои баъд аз терури шаҳид Сулаймонӣ, ӯ баъд аз ҳамла ба пойгоҳҳои омрикоӣ вокуниши тунде нишон надод. Бархе чеҳраҳои ҷумҳурихоҳ низ — ки ҳамҳизби Тромп маҳсуб мешаванд — хостори адами вуруд ба ҷанг шуданд ва раиси Маҷлиси намояндагони Омрико ҳам тасреҳ кард, ки Омрико ва ҷаҳон тоби ҷангро надоранд.

Ҳамчунин афкори умумии Омрико низ бо вуруди Омрико ба ҷанг ҳамроҳӣ намекунанд ва иттифоқан дар ин фақра (яъне терури шаҳид Сулаймонӣ) Тромпро масъули танишофаринӣ медонанд.

Изофа бар ҳамаи инҳо, муттаҳидони минтақаии Омрико низ Тромпро аз оғози як ҷанг дар Ховари Миёна барҳазар медоранд, чаро ки медонанд ҷанг бо Эрон метавонад кулли минтақаро ба оташ бикашад ва зерсохтҳое, ки тайи даҳҳо сол эҷод шудаастро мунҳадим кунад.

Ҳамчунин вуруд ба ҷанге бо ояндаи номаълум барои раисиҷумҳуре, ки дар остонаи истизоҳ ва интихобот аст, наметавонад иқдоми сиёсии мудаббиронае бошад.

Як аломати дигар низ дар ин миён вуҷуд дорад, ва он, иддаои омрикоиҳост мабнӣ бар ин ки “ҳамалоти мушакӣ ба пойгоҳи омрикоиҳо талафоти ҷонӣ надоштааст.” Дар ҳоле, ки медонанд талафоти сангине дошта. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба ин ки баъид аст давлати Омрико худро ба хотири ҳамлаи беталафот даргири ҷанг кунад, маънои ин он аст, ки мехоҳанд ҳифзи обрӯ кунанд ва адами посухи низомиашонро тавҷеҳ намоянд.

Ҳамаи ин омилҳо даст ба дасти ҳам медиҳад, то умедвор бошем ҷанги “фарогир” лоақал дар ояндаи наздик рух нахоҳад дод, ҳарчанд ки мутағайире ба номи Дунолд Тромпро набояд нодида гирифт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.