Сиёсат

Суханони раҳбари Эрон дар пайи интиқоми Сипоҳи Эрон – (Видео)

Раҳбари Эрон гуфт: “Баҳси интиқом баҳси дигаре аст. Ҳоло як силӣ дишаб ба инҳо зада шуд. Он чи муҳим аст, боистӣ ҳузури фасодбарангези Омрико дар ин минтақа тамом шавад. Онҳо дар ин минтақа ҷанг оварданд, ихтилофу фитна ва вайронӣ оварданд… Ин бояд ба поён бирасад. Ин минтақа қабул намекунад ҳузури Омрикоро дар кишварҳои минтақа. Миллатҳои минтақа қабул намекунанд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, субҳи имрӯз (8 январ) дар дидор бо ҷамъе аз мардуми ин кишвар, дар бораи шаҳид Қосим Сулаймонӣ гуфт: “Ӯ (Сулаймонӣ) боихлос буд. Абзори шуҷоат ва тадбирро барои Худо харҷ мекард. Аҳли тазоҳуру риё набуд. Ихлос хеле муҳим аст. Хусусияти дигари ӯ ин буд, ки ҳам фармондеҳи ҷанговари мусаллат бар арсаи низомӣ буд ва ҳам дар айни ҳол ба шиддат муроқиби ҳудуди шаръӣ буд. Дар майдони ҷанг, гоҳе, афрод ҳудуди илоҳиро фаромӯш мекунанд, вале ӯ муроқиб буд. Он ҷо, ки набояд силоҳ ба кор бибарад, ба кор намебурд. Муроқиб буд ба касе таъаддӣ нашавад. Зулм нашавад. Эҳтиётҳое мекард, ки маъмулан хелеҳо дар арсаи низомӣ эҳтиёт намекунанд.”

Вай афзуд: “Як намуна аз тадбиру шуҷоати ӯ, ки инро душманони ӯ хуб медонанд — шояд бархе дӯстон надонанд — ин буд, ки ӯ тавонист ба кӯмаки миллатҳои минтақа ё кӯмакҳое, ки ба миллатҳои минтақа кард, тавонист ҳамаи нақшаҳои номашрӯи Омрико дар минтақаи ғарби Осиёро хунсо кунад. Нақшаҳое, ки бо пули васеъ ва диплумосиҳои онҳо ва зӯргӯиҳое, ки бахусус дар муқобили кишварҳои заиф доранд, тавонист қад алам кунад ва ҳамаи нақшаҳои онҳоро хунсо кард.”

Раҳбари Эрон хотирнишон кард: “Омрико дар муқобили Фаластин тарҳашон ин буд, ки қазияи Фаластинро ба фаромӯшӣ бисупоранд ва фаластиниҳоро дар ҳолати заъф нигаҳ доранд, ки ҷуръат накунанд дам аз мубориза бизананд. Ин мард (Сулаймонӣ) дасти фаластиниҳоро пур кард ва коре кард, ки минтақаи кучаке мисли навори Ғазза дар муқобили режими саҳюнистӣ меистад ва балое сарашон меоварад, ки онҳо (саҳюнистҳо) сари 48 соат мегӯянд, биёед оташбас кунем. Инро Ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ кард.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Нақшаи Омрико дар Ироқ, Сурия ва Лубнон ба кӯмак ва фаъолияти ин шаҳиди азиз хунсо шуд.”

Раҳбари Эрон дар бахши дигаре аз суханони худ афзуд: “Ҳоло вазифаи мо чист? Баҳси интиқом, баҳси дигаре аст. Ҳоло як силӣ дишаб ба инҳо зада шуд. Ин масъалаи дигаре аст. Он чи дар мақоми муқобила муҳим аст, корҳои низомӣ ба ин шакл кифояти онро намекунад. Он чи муҳим аст боистӣ ҳузури фасодбарангези Омрико дар ин минтақа тамом шавад. Онҳо дар ин минтақа ҷанг оварданд, ихтилофу фитна ва вайронӣ оварданд. Хароб шудани зербиноҳоро оварданд. Албатта ҳар ҷо қадам гузоштанд дар дунё, ҳамин тавр амал карданд. Минтақаи худамон ҷилави чашми мост. Исрор ҳам доранд, ки ҳамин фасод ва вайронгариро нисбат ба Эрони азиз ва Ҷумҳурии Исломӣ ҳам дошта бошанд… Ин минтақа қабул намекунад ҳузури Омрикоро дар кишварҳои минтақа. Миллатҳои минтақа қабул намекунанд. Давлатҳои бархоста аз миллатҳо бидуни тардид қабул намекунанд.”

Вай афзуд: “Он чи вазифаи мо ба унвони мардум ва Ҷумҳурии Исломӣ аст: аввалан, душманшиносӣ аст ва дар муқобили душман иштибоҳ накунем. Ҳама медонед, ки душман Омрико ва истикбор ва саҳюнизм аст, аммо талош васеъе дорад анҷом мешавад, ки ин қазияро баръакс ва назари мардумро баръакс кунанд. Бо шеваҳои печидаи таблиғотӣ. Ҳама бояд муроқиб бошанд. Душманшиносӣ бисёр муҳим аст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома гуфт: “Дар мақоми баъд, донистани нақшаи душман, ки чӣ мехоҳад бикунад аст. Ва баъд, донистани шеваи муқобила бо нақшаи душман. Инро бояд мардум бидонанд. Иттикои мо ба мардум аст. Ҷумҳурии Исломӣ бидуни хосту кӯмаки мардум ва бидуни орои мувофиқу мусбат ва иродаҳои мардум, чизе нест. Маъное надорад. Мардум бояд ҳам душманро бишносанд, ҳам шеваҳои кории душманро бидонанд ва ҳам наҳваи муқобила бо ин шеваҳоро бидонанд.”

Вай афзуд: “Инро ба таври қотеъ мегӯям душман иборат аст аз Омрико ва режими саҳюнистӣ ва дастгоҳи истикбор, ки фақат Омрико ва давлатҳо нестанд. Маҷмӯае аз кумпониҳо ва ғоратгарони дунё ва ситамкорони дунё ҳастанд, ки бо ҳар марказе, ки бо ситаму ғоратгарӣ мухолиф бошад, мухолифанд. Ҳоло агар давлате дар минтақа ё беруни минтақа ҳарфе алайҳи мо бизанад, инро душман ба ҳисоб намеоварем. Модоме, ки дар хидмати душман набошад. Дар шинохти душман набояд иштибоҳ кард.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.