Сиёсат

Тромп: “Хитоб ба мардуми Эрон ва раҳбарони Эрон мегӯям, ки мо мехоҳем, ки шумо ояндаи хубе дошта бошед, мо дӯст дорем бо ҳамаи кишварҳое, ки хостори сулҳ ҳастанд ҳамкорӣ кунем.”

Раисиҷумҳури Омрико бо баёни ин ки “таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эрон ташдид мешавад”, гуфт: “Дар давлати ман ДОЪИШ комилан шикаст хӯрд ва қаламрави ДОЪИШ суқут кард. Муборизаи мо бо ДОЪИШ, ба нафъи Эрон низ хоҳад буд ва мо бояд рӯи ин ҳадафи муштарак ва рӯи авлавиятҳои муштараки дигар кор кунем.” Вай афзуд: “Хитоб ба мардуми Эрон ва раҳбарони Эрон мегӯям, ки мо мехоҳем, ки шумо ояндаи хубе дошта бошед. Мо дӯст дорем бо ҳамаи кишварҳое, ки хостори сулҳ ҳастанд ҳамкорӣ кунем.”

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, соате пеш, дар суханоне гуфт: “То замоне ки ман раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ҳастам, Эрон ҳаргиз силоҳи ҳастаӣ нахоҳад дошт.”

Вай ба ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи ҳавоии Омрико дар Ироқ ишора кард ва гуфт: “Ба иттилоъи мардуми Омрико мерасонам, ки ҳеч омрикоӣ дар ҳамлаи шаби гузашта осеб надид. Ҳамаи сарбозони мо саломат ҳастанд ва танҳо осебҳои ҷузъӣ ба таҷҳизот ворид шудааст. Ба назар мерасад Эрон қасд дорад аз рафторҳои худ даст бардорад.”

Тромп идома дод: “Мо бо истифода аз як сомонаи ҳушдор, ки хеле хуб ҷавоб дод, тавонистем сарбозони худро бамавқеъ наҷот диҳем.”

Раисиҷумҳури Омрико гуфт: “Эрон ҳомии аслии теруризм дар ҷаҳон аст ва талош мекунад, ки ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад, вале мо иҷоза нахоҳем дод.”

Вай гуфт: “Мо ҳафтаи гузашта женерол Сулаймониро ҳазфи физикӣ кардем, ки масъули кушта шудани ҳазорон омрикоӣ буд. Дар ҳамлаи нерӯҳои мавриди ҳимояти Сипоҳи Қудс (ду ҳафта қабл) як омрикоӣ кушта шуд ва Сулаймонӣ барои куштани омрикоиҳои дигар барномарезӣ карда буд.”

Тромп идома дод: “Бояд пештар аз ин Сулаймонӣ кушта мешуд. Бо ҳазфи физикии Сулаймонӣ мо ин паёмро ба теруристҳо додем, ки агар барои ҷони худ арзиш қоил ҳастед, ҷони мардуми моро таҳдид накунед.”

Раисиҷумҳури Омрико гуфт: “Ҳамон тавр ки мо дар ҳоли баррасии иқдомоти ояндаи худ дар вокуниш ба таҳоҷуми Эрон ҳастем, ман иқдомоти танбеҳии иқтисодӣ алайҳи Эрон эъмол мекунам. Ин таҳримҳои қудратманд то замоне ки Эрон рафторашро тағйир надиҳад, идома хоҳад ёфт. Мушакҳое, ки шаби гузашта ба самти мо шиллик шуданд, маҳсули пуле ҳастанд, ки давлати пешини Омрико дар ихтиёри Эрон қарор дод.”

Вай идома дод: “Эрон бояд ҷоҳталабиҳои ҳастаии худро канор бигузорад ва ба фаъолиятҳои теруристии худ дар минтақа хотима диҳад. Мо ба талош барои расидан ба тавофуқе бо Эрон идома медиҳем, ки мунҷар ба амнияти бештар дар дунё шавад. Замони он расида, ки шарикони урупоии мо ин воқеиятро дарк кунанд. Онҳо бояд аз Барҷом хориҷ шаванд, то ба тавофуқи ҷадид бо Эрон даст пайдо кунем.”

Раисиҷумҳури Омрико гуфт: “Имрӯз ҷаҳон бояд як паёми равшан барои Эрон ирсол кунад, ки давронаш дар саркӯбу терур идома нахоҳад дошт.”

Тромп идома дод: “Имрӯз аз НАТО мехоҳам, ки дар раванди Ховари Миёна дахолати бештаре дошта бошад. Нерӯҳои низомии Омрико дар давлати ман бо 2.3 трилюн дулор комилан бозсозӣ шудааст.”

Вай гуфт: “Мушакҳои мо комилан дақиқ ва маргбор ҳастанд. Мо мушакҳои фаросавтӣ дорем. Албатта ин бад-ин маъно нест, ки мо ҳатман бояд аз ин мушакҳо истифода кунем.”

Тромп идома дод: “Дар давлати ман ДОЪИШ комилан шикаст хӯрд ва қаламрави ДОЪИШ суқут кард. Муборизаи мо бо ДОЪИШ, ба нафъи Эрон низ хоҳад буд ва мо бояд рӯи ин ҳадафи муштарак ва рӯи авлавиятҳои муштараки дигар кор кунем.”

Вай, ки чанд рӯз пеш таҳдид ба бомбборони 52 нуқта дар Эрон аз ҷумла маконҳои фарҳангӣ карда буд, гуфт: “Дар поён хитоб ба мардуми Эрон ва раҳбарони Эрон мегӯям, ки мо мехоҳем, ки шумо ояндаи хубе дошта бошед. Мо дӯст дорем бо ҳамаи кишварҳое, ки хостори сулҳ ҳастанд ҳамкорӣ кунем.”

Гуфтанист, бомдоди имрӯз Сипоҳи Посдорони Инқилобии Исломии Эрон амалиёти интиқоми терури шаҳид Қосим Сулаймониро бо партоби мушакҳои болистик ба пойгоҳи омрикоии Айнуласад оғоз кард. Айнуласад дуввумин пойгоҳи бузурги ҳавоии Омрико дар Ироқ аст.

Сипоҳи Посдорони Инқилобии Исломии Эрон баёнияе дар ин хусус содир кардааст, ба шарҳи зерин:

Бисми Қосимил Ҷабборин!

Уммати исломии доғдор, миллати бузург ва шаҳидпарвари Эрони Исломӣ!

Замони таҳаққуқи ваъдаи содиқ фаро расид ва ба изни Худованди Мутаол бомдоди имрӯз дар посух ба амалиёти ҷинояткорона ва теруристии нерӯҳои мутаҷовизи омрикоӣ ва интиқоми терури ноҷавонмардона ва шаҳодати мазлумонаи фармондеҳи қаҳрамон ва фидокори нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ Сардори пурифтихор сипаҳбуд посдори шаҳид Ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ ва ёронаш, размандагони шуҷои нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳ тайи амалиёти муваффақ ба номи “Амалиёти шаҳид Сулаймонӣ”, бо рамзи муқаддаси “Ё Заҳро (с)!” бо шиллики даҳҳо мушаки “Замин ба замин”, пойгоҳи ҳавоии ишғолии артиши теруристӣ ва мутаҷовизи Омрико мавсум ба Айнуласадро дарҳам кӯбиданд, ки ҷузъиёти он мутаъоқибан ба истеҳзори миллати шарифи Эрон ва озодагони ҷаҳони ислом хоҳад расид.

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ бо табрики ин пирӯзии бузург ба уммати исломӣ ва мардуми фидокор ва азимушшаъни Эрони Исломӣ эълом медорад:

1) Ба шайтони бузург, режими саффок ва мустакбири Омрико ҳушдор медиҳем ҳар шарорати муҷаддад ва ё таҳаррук ва таҷовузи дигар, бо посухҳои дардноктар ва кӯбандатаре мувоҷеҳ хоҳад шуд;

2) Ба давлатҳои муттаҳиди Омрико, ки пойгоҳҳои худро дар ихтиёри артиши теруристии Омрико қарор додаанд, ихтор дода мешавад ҳар сарзамине, ба ҳар тартиб, мабдаи иқдомоти хасмона ва таҷовузгарона алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор гирад, ҳадаф қарор хоҳад гирифт;

3) Ба ҳеч ваҷҳ режими саҳюнистиро дар ин ҷиноёти ҷудои аз режими ҷинояткори Омрико намедонем;

4) Ба мардуми Омрико тавсия мекунем барои пешгирӣ аз хасоратҳои бештар, сарбозони омрикоиро аз минтақа фаро хонда ва иҷоза надиҳанд бо нафратафзоии рӯзафзуни режими зидди мардумии ҳоким бар Иёлоти Муттаҳида ҷони низомиёни он кишвар беш аз ин ба хатар афтад.

“Ва ман-насру илло мин ъиндиллоҳил ъазизил ҳаким”

18 деймоҳи 1398

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.